НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ СИФАТ. ОН БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?

№62 (3542) 14.05.2016

Пешрафти фаъолияти корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулот машғуланд, истифодаи усулҳои замонавии идоракуниро тақозо менамояд. Барои мусоидат ба ин  раванд аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсия ва барномаҳои зиёд қабул шудааст.  Дар робита  ба ин, суҳбате доштем бо мудири шуъбаи низоми идоракунии сифат дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт»), номзади илми кимиё Абдураҳмонзода Абдулвосид Холиқ.

 - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 октябри соли 2012 таҳти №512 «Дар бораи Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» қарор қабул кард. Татбиқи он чӣ гуна ҷараён гирифт?

- Барномаи мазкур самтҳои асосии фаъолияти вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидориро новобаста ба шакли моликият ҷиҳати баланд бардоштани сифат, рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, дар истеҳсолоти саноатӣ ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами илмӣ, солимгардонии муҳити зист, сарфаҷӯии захираҳои моддию энергетикӣ мусоидат мекунад, муайян менамояд.

Бо мақсади татбиқи он Агентии «Тоҷикстандарт» аз ҳисоби роҳбарони марказҳои минтақавӣ ва мутахассисоне, ки дар хориҷи кишвар стандартҳои байналмилалиро омӯхта, унвони аудиторро соҳиб гаштаанд, гурӯҳи корӣ таъсис дод. Яке аз талаботи асосии Барнома ҷорӣ намудани «Низоми идоракунии сифат» буд, ки он бомуваффақият ба анҷом расид. Барои фаҳмонидани моҳияти ин низом семинарҳои омӯзишӣ, ҷаласаҳои машваратӣ доир гардиданд. Инчунин, бо ҷалби мутахассисони корхонаҳои истеҳсолӣ ва Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе аз тарафи мумайизони хориҷӣ бо дастгирии Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар рушди соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсия, омӯзиши лоиҳаи стандарти байналмилалии ИСО 9001:2015 гузаронида шуд, ки он дар заминаи стандарти ИСО 9001:2008 таҷдид шудааст. Ҳамзамон, семинари омӯзишии стандарти байналмилалии НАССР-Таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез  гузаронида, иштирокчиёни он соҳиби сертификат гардиданд. Қобили қайд аст, ки стандарти байналмилалӣ барои ёрӣ расонидан ба ташкилоту корхонаҳо ҷиҳати истифодаи нуфузи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ воситаи қавӣ ба ҳисоб меравад.

- Ҷорӣ намудани «Низоми идоракунии сифат» ба корхонаҳо чӣ манфиат меорад?

- Дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми мазкур дар раванди истеҳсолот, корхона имконият пайдо менамояд, ки дар миқёси байналмилалӣ шарикони боэътимоди худро пайдо намуда, аз ҳисоби сифатнокии маҳсулот даромади молиявӣ ба даст орад. Яъне, дар натиҷаи татбиқи дурусти низоми идоракунии сифат манфиатҳои иқтисодӣ зиёд мегардад. Дар ин маврид камшавии хароҷот ва зиёдшавии истеҳсолот ба амал меояд. Барои расидан ба ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, шахсони масъули корхонаву ширкатҳо бояд талаботи стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО 9000 — ро ба хубӣ дарк намуда, ҳар чӣ зудтар дар корхонаҳои худ низоми мазкурро ҷорӣ намоянд. Таҳлилҳо собит намуданд, ки ташкилот ва муассисаҳое, ки Низоми идоракунии сифатро ҷорӣ намудаанд, арзиши бозориашон ба ҳисоби миёна 10 фоиз зиёд гардидааст.

Низоми мазкур на танҳо барои ширкатҳои бузург пешбинӣ шудааст, балки он барои ҳама намуди корхона ва бахши онҳо, ба монанди маркетинг (бозоршиносӣ), фурӯши маҳсулот ё амалҳои молиявӣ қобили қабул аст.

Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо аз соли 2007 шуъбаи Низоми идоракунии сифат амал менамояд, ки айни замон мувофиқи стандарти ИСО 17021 «Баҳодиҳии мутобиқат. Талабот ба ташкилоти таъминкунандаи аудит ва сертификаткунонии низоми идоракунӣ» барои гузаронидани баҳодиҳӣ, ба амал баровардани сертификатсиякунонии низоми сифат ва бехатарӣ дар корхонаву ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошад. Аз соли 2011 аз тарафи Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 133 сертификати мутобиқати низоми сифат, аз ҷумла аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ИСО силсилаҳои 9000, 14001, 22000, OHSAS 18000, НАССР ба корхонаву ташкилотҳо пешниҳод гардид.

- Ҳамчун котиби Шӯрои ҷамъиятии машваратӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқати назди Агентии «Тоҷикстандарт» хоҳишмандам, дар бораи фаъолияти Шӯро каме маълумот диҳед.

- Мутобиқи банди 5-и Низомномаи Агентӣ, инчунин бо мақсади ҷалб намудани институтҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ барои тартиб додан ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, баҳодиҳии мутобиқат ва дигар масъалаҳои танзими техникӣ аз 22 декабри соли 2011 дар назди «Тоҷикстандарт» Шӯрои ҷамъиятии машваратӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат таъсис дода шудааст. Ба ҳайати Шӯро вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, Шӯрои ҳамоҳангсозии бизнес-ассотсиатсияҳои Тоҷикистон, Иттиҳоди истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон, Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, Иттиҳоди истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе, Ассотсиатсияи соҳибкорони хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд.

Вазифаҳои Шӯро ҷалб намудани институтҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ барои тартиб додан ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи танзими техникӣ, мусоидат ба ташаккули афкори ҷомеа дар ҷодаи танзими техникӣ ва таъмини сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши ҷомеа оид ба фаъолияти «Тоҷикстандарт» мебошад.

Дар маҷмӯъ, Шӯро давоми фаъолияти худ зиёда аз 45 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор баровард.

 Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»