Ноҳияи Балҷувон. Сокинони 24 деҳа аз барқ маҳруманд

№54 (4474) 04.05.2022

20220413_101416~1Сокинони деҳаҳои Қалъанак Қозиён, Шикелдара, Резагӣ, Сияҳтут, Шибдара, Пастелак, Нусайн, Аспирингон, Ҳунго, Шомуша, Кулхуҷа, Пештова, Сафедоб, Гулзамини деҳоти «Сари Хосор» ва деҳаҳои Курпиён, Ҷарқуруғ, Кули чормағз, Дараи Хуҷа, Бурма, Крохами деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон солҳо боз аз истифодаи неруи барқ маҳруманд.

Бино ба иттилои сардори Шабакаҳои барқи ноҳия Олимҷон Ҳафизов, феълан дар Балҷувон сокинони 24 деҳа барқи доимӣ надошта, аз панелҳои хурди офтобӣ истифода мебаранд.

- Дар деҳаҳои зикршуда аз 5 то 47 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд. Барои кашидани хатти барқ маблағи калон лозим аст, ки онро надорем. Алҳол дар бештари деҳаҳо панелҳои хурди офтобӣ ва неругоҳҳои хурди барқи обӣ насб гардидааст, — гуфт О. Ҳафизов.

Маълум гардид, ки сокинони ҳашт деҳа аз панелҳои офтобӣ истифода мебаранду халос.

Афзудани қарзи истифодаи неруи барқ, симчӯбҳои куҳнаю фарсуда ва техникаҳои корношоям аз мушкилоти дигари Шабакаҳои барқи ноҳияи Балҷувон мебошад. Ба иттилои номбурда, қарзи истифодаи неруи барқ 1 миллиону 857 ҳазору 561 сомониро ташкил дода, 978 ҳазору 209 сомонӣ ба аҳолӣ тааллуқ дорад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»