Дар ноҳияи Носири Хусрав нишонаҳои баҳор нисбатан пештар ба назар мерасад. Деҳқонон аз ҳавои мусоид истифода бурда, ба киштукори баҳорӣ сар карданд.
- Кишоварзони мо асосан ба парвариши зироатҳои техникӣ машғул мешаванд. Имсол мувофиқи дурнамо дар 3300 гектар пунбадона, 50 гектар кунҷит, 522 гектар зироати полезӣ, 31 гектар помидор, 250 гектар ҷуворимакка барои хӯрокаи чорво кошта мешавад, — гуфт муовини якуми раиси ноҳия Неъмат Холбойзода.
Бино ба гуфти номбурда, чанд рӯз пеш рафти омодагии воситаҳои техникаи кишоварзиро аз назар гузарониданд ва маълум гардид, ки ҳамаи 221 адад техникаҳои кишоварзӣ таъмир гардида, барои корҳои саҳроӣ омода мебошанд.
Айни ҳол теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 1590 адад расидааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ноҳия деҳқонони асил зиёданд ва онҳо сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Маҳсули дастранҷи деҳқонони ноҳия харидорони зиёд дошта, ба хориҷи кишвар низ содир карда мешавад. Барои мисол, соли 2015 беш аз 1,5 ҳазор тонна пиёз ва 100 тонна ғӯлинг ба Федератсияи Россия содирот гардид.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, ки: «Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 — уми августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2014» дар майдони 50000 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, барнома барзиёд иҷро карда шуд ва бо ҳамин роҳ беш аз 100 ҳазор ҷойи кори нав муҳайё гардид. Бо мақсади идома бахшидани ин раванд, аз ҷониби Ҳукумат барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 қабул гардид, ки тибқи он дар панҷ соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст».
Дар робита ба ин, Неъмат Холбойзода иттилоъ дод, ки дар ноҳия имсол 31 гектар боғи нав бунёд шуда, майдони умумӣ ба 846 гектар расид.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»