Ноҳияи Темурмалик аз ҷумлаи мавзеъҳои камоби ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Сокинони аксар деҳаҳои он аз оби нӯшокию обёрӣ танқисӣ мекашанд. Чанде пеш дар деҳаи Баҳористони деҳоти «Бобоюнус» як гурӯҳ сокинон бо қувваи даст чоҳ канда, аз чуқурии 70 метр об бароварданд. Сокини деҳа Қудратулло Мирзоев иттилоъ дод, ки наздиктарин чашма ба деҳаи мазкур дар фосилаи як километр ҷой гирифтааст ва аз он ҷо об кашонидан хеле мушкил буд. Аз ин рӯ, аҳолии деҳа барои кофтани чоҳ тасмим гирифтанд. Ҷавонмардони боғайрат Шералӣ ва Дилшод Муҳаммадиевҳо, Самиулло, Амонулло ва Убайдулло Одинаевҳо дар тӯли як моҳ бо белу каланд ва зоғнӯл чоҳи бараш якметраро бо чуқурии 70 метр канданд, ки шоистаи таҳсин аст.
- Инчунин, — гуфт Қудратулло Мирзоев, — бо мақсади пешгирии шусташавии хоки атроф чоҳ бетонпӯш карда шуд. Дар маҷмӯъ, барои кандани он бо кумаки сокинони деҳа 7000 сомонӣ масраф гардидааст.
- Бояд гуфт, ки солҳои қабл дар деҳа чоҳҳои чуқуриашон аз 20 то 47-метраро канда буданд, аммо бо қувваи даст кандани 70 метр чуқурӣ, бо дарназардошти хатарнок буданаш нишондиҳандаи камназир аст. Чун шуғли асосии сокинони деҳот чорводорӣ аст, дар сурати ривоҷу равнақ додани боғу токпарварӣ, полезӣ ва картошкапарварии лалмӣ сатҳи некуаҳволиашон хеле беҳтар хоҳад шуд, — афзуд ӯ.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»