Таърих гувоҳ аст, ки дар гузашта санъат ва ҳунари китобсозӣ ва китобороӣ доштем, аз навъҳои гуногуни коғазу ранг ва ширеш истифода мебурдем, ки дар натиҷа китобҳо босифат нашр шуда, то ба ҳол расидаанд.
Навъҳои коғаз, ранг, қалам, хатҳои ороишӣ, ширеш, ки аксаран аз рустаниҳо истеҳсол мешуд, хеле маъруф буданд. Ҳар як косибро бо ҳунараш ном мебурданд: заркӯб, зарнишон, муқовагар, коғазгар, ҷилдсоз… Ҳатто нақшунигори муқоваҳои китоб ҳам номҳои махсус доштанд: ислимӣ, ислимии гулзор, чорислим, қиёматнусха, чорғуза ва ғайра. Ҳадаф аз суханҳои боло чист?
Ҳоло дар мамлакат 47 нашриёт, 93 матбааву чопхонаи давлатӣ ва шахсӣ фаъолият мекунад. Вале маҳсули сифати кори онҳо гуногун аст.
Интихобан ба китобҳои «Ганҷи сухан»-и Мукаррама Қосимова, (муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг» — и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Дуруст бинависем»-и Рустами Ваҳҳоб, матбааи «Сухан» — и назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, китоби «Ҳисоботи солона» — АМИТ (соли 2020, ҶДММ «Сифат – офсет») мутаваҷҷеҳ шудем. Ороиши онҳо хеле зебо, вале сифати дӯхт ва ҷилдсозиашон ба ягон талабот ҷавобгӯ набуда, нуқсонҳои зиёди полиграфӣ доранд. Дафтарҳои ҷузъ (ҳар як 16 саҳифа) ончунон ноуҳдабароёна дӯхта шудаанд, ки бардошти кушоданро надоранд. Ин дар ҳолест, ки солҳои пеш маҳсулоти чопии нашриётҳои давлатии Тоҷикистон — «Ирфон», «Адиб», «Маориф» дар озмунҳои байналмилалӣ соҳибҷоиза мешуданд. Ҳоло замони фановарист, аммо сифату маҳсулоти баъзе аз матбааҳо то ҳол қаноатбахш нест. Агар масъулин маҳсули қаблии нашрияҳоро ба ҳозира қиёс кунанд, шояд ба хулоса оянд.
- Ду ҷилд «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (чопи соли 1969 ) аз соли 1980 китобҳои рӯимизии мананд. Онҳоро қариб ҳар рӯз барои дарёфти маънои калимае «бераҳм» тагурӯ мекунам. Азбаски аз коғази сифати хуб саҳифадӯзӣ ва қавӣ муқовасозӣ шудаанд, хеле бобардоштанд, — мегӯяд ховаршинос Зафари Мирзоиён.
Китоб барои мутолиа аст, на барои тамошо. Китоби Мукаррама Қосимова, ки хеле пурмуҳтаво ва ҳирфавист, дар сурати як бор пурра мутолиа кардан қисм – қисм мешавад. Эроди дигар — баъзе аз китобҳо то 3 кило вазн доранд, ки агар онҳоро зиёдтар кушоем ва сафҳагардонӣ кунем, ҷилд як тараф мемонаду ҷузъ як тараф.
Сабаби бесифат чоп шудани китобҳоро зимни суҳбат мутахассиси соҳаи полиграфӣ Раҷабмад Муродзода – сармуҳандиси КВД КТН «Шарқи озод» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шарҳ дод:
- Ҳар касб нозукӣ дорад. Ҳоло шахсони зиёде дар матбааҳо, ҷое, ки бояд мутахассис кор кунад, машғуланд. Ин тоифа аз нозукиҳои касб бехабаранд, ҳатто навъҳои коғазу рангро зимни интихоби навъи маҳсулоти чопӣ — адабӣ, илмӣ, таълимӣ ва китобҳои дарсӣ намедонанд. Ба замми ин, доираи дарбаргирии теъдоди хонандаи китоб ва мизони истифодаи китобҳое, ки ҳар рӯз дар истифодаанд, ба назар гирифта намешавад. Мутахассисони соҳаи полиграфӣ бояд аз курси такмили ихтисос ҷиҳати омӯзиши технологияи нави ҳозиразамон гузаранд, то муаллифонро дар назди хонанда сархам накунанд.
Сабаби дигари чопи бесифати китобҳо, нархгузории нашриётҳост. Корхонаҳои хурди хусусӣ ё нашриётҳои вобаста ба вазорату муассисаҳо мизоҷони худро доранд. Дар онҳо ҳанӯз ҳам чопи ризографӣ ба роҳ монда шудааст, ки сифаташ нисбат ба чопи офсетӣ фарқ мекунад. Арзиши аслии маҳсулоти чопии дастгоҳҳои ризографӣ нисбат ба дастгоҳҳои офсетӣ арзон мебошад. Соҳибкитобҳо дар он матбааҳо аз ноогоҳӣ китоб чоп мекунанд ё дидаю дониста ба хотири арзонӣ. Китоби «Дуруст бинависем» ҳам аз зумраи онҳост. Расмҳои рангае, ки дар китобҳои чопи барҷаста аст, нисбат ба чопи ризографӣ, ки аз принтерҳои рангдондор истифода мебаранд, куллан фарқ мекунанд ва таркиби рангҳояш ҳам қавӣ набуда, зуд зудуда мегарданд. Барои бо сифати хуб ба хонанда пешкаш кардани китоб нақши асосиро ошносозии ҷилд бо ҷузъ мебозад, ки дар вақти дӯхт бо ҳар як ҷузъи китоб бо докаи полиграфӣ ширеш мешавад. Вале бисёр ноширон ин корро намекунанд.
- Яке аз матбааҳое, ки бо сифати беҳтарин китоб чоп мекунад, нашриёти «Муосир» маҳсуб меёбад. Он китобҳои махсусро бо коғази офсетии сифати баланд (зичии баланддошта) ба нашр мерасонад. Лозим ба ёдоварист, ки он ҳоло чопи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»- ро бар дӯш дорад.
Бояд зикр кард, ки КВД КТН «Шарқи озод» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашриётҳои «Эр – граф», «Орбита», «Полиграф – групп», «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» низ аз беҳтаринҳо маҳсуб мешаванд. Мутаассифона, соҳибкитобҳо дар интихоби матбаа иштибоҳ мекунанд. Шояд намедонанд, ки китоб барои як рӯзу ду рӯз набуда, бояд умри тӯлонӣ дошта бошад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»