Ҳамеша аз нақлиёти мусофирбар истифода мебарам ва ҳар рӯз шоҳиди муомилаю муносибати гуногун мешавам. Гуфтанӣ нестам, ки ҳамаи иштирокчиёни ин раванд дар паст будани сатҳи хизматрасонӣ гунаҳкоранд. Бо вуҷуди он ки ронандагон айбро ба гардани нозирону мусофирон, мусофирон ба гардани ронандагону пулчинакҳои онҳо ва дигар масъулон мепартоянд. Набудани тартибу низом вобаста ба нақлиёти мусофиркаш дар шаҳри Душанбе боиси ташвиш аст. Ба ҷои истгоҳҳои муайян мусофирон дар ҷойҳои дилхоҳашон интизори нақлиёт мешаванд, ронандаҳо низ куҷое, ки рост ояд, мошинҳояшонро нигоҳ медоранд ва одамонро ба нақлиёт «бор» мекунанд. Доду фарёд, муомилаи дағали ронандагон, бахусус пулчинакҳо, ки аксарият наврасону ҷавононанд, боиси нигаронист. Одамон дар бораи каммасъулиятии нозирон ва нагирифтани пеши роҳи ин бенизомиҳо низ бисёр мегӯянд. Ба назар чунин мерасад, ки касе худро дар ин кор гунаҳкор намеҳисобад.
Як шиносам мо — журналистонро дар ин бобат гунаҳкор кард, ки шумо ҳақиқатро наменависед. Дар асл нашрияе нест, ки дар ин бора нанависад. Масъалаи танзими нақлиёт ва сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ дар воситаҳои ахбори омма мавзӯи рӯз аст. Аз ин бармеояд, ки мардум кам рӯзнома мехонанд ва масъулон низ баъзан ба навиштаҳои рузноманигорон эътибор намедиҳанд.
Зимни нишасти матбуотие, ки чанде пеш дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, вобаста ба ин масъала савол пешниҳод кардем. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода гуфт, ки воқеан ин масъала боиси ташвиши онҳо гардидааст ва айни ҳол барои ҳалли он чораҳои амалӣ андешида мешавад. Барои шинос шудан бо тадбирҳои мазкур ба сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии вазорат Қурбон Саидов муроҷиат кардем. Номбурда ба мо нақшаи солонаи (соли 2016) раёсатро нишон дод, ки дар он якчанд боб ба масъалаи беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиётӣ бахшида шудааст. Дар ҳошияи аввал таҳия ва ба вазорату идораҳо барои мувофиқа пешниҳод кардани Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ба саволи мо роҷеъ ба раванди таҳияи ин санади муҳими соҳа ҳамсуҳбатамон, аз ҷумла чунин гуфт:
- Ба ин мақсад як гурӯҳи корӣ дар ҳайати коршиносон аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ташкил шудааст.
Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 боб иборат аст. Алҳол таҳияи боби чорум ба анҷом расид. Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру илова ба «Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодоти худро барои мувофиқа ба вазорату идораҳои марбута фиристодем. Пешниҳодоти мо ба бартараф намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ки дар натиҷаи таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳо, назди бозору нуқтаҳои савдо, гардишу чорроҳаҳо ба вуҷуд омада, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, бахусус автобусу троллейбусҳо монеа эҷод менамоянд ва боиси риоя нагардидани қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирону норозигии шаҳрвандон гардидааст, рабт дорад.
Ҳамсуҳбати мо иттилоъ дод, ки айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 430 ҳазор нақлиёти автомобилӣ мавҷуд аст. Ин рақам дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе қариб 70 ҳазорро ташкил медиҳад. Се соли охир дар натиҷаи азнавсозӣ ва таҷдиди роҳҳои дохили пойтахт вазъият рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Барои гирифтани шарҳу тавзеҳи паҳлуҳои дигари масъала ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт рафтем. Сардори он Неъматзода Фаррух Неъмат, минҷумла чунин гуфт:
- Воқеан ин мушкилот вуҷуд дорад ва барои ҳалли он идораҳои дахлдор, аз ҷумла Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ мекунад. Танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёт ба ду омил — омили техникӣ ва институтсионалӣ вобаста аст. Аз ҳисоби намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои марбутаи соҳа ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ комиссияи махсус созмон ёфтааст. Ҳайати комиссия тӯли як моҳ вазъиятро санҷида, хулосаҳои даркорӣ бароварданд. Воқеан, камбудиҳое, ки имрӯз дар бораи он мегӯянд, мавҷуданд ва баҳри ислоҳи он саъю кӯшиши якҷоя мебояд. Дар асоси натиҷагириҳо комиссия оид ба таъмини пурраи нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳо, тартиби дурусти ҳаракати мошинҳо, ҷадвали ҳаракат дар хатсайрҳо, маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, дида баромадани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ғайра ба идораҳои марбута пешниҳод ирсол намуд. Аз 10 феврали соли равон санҷишҳои назоратӣ оғоз ёфтанд.
Мувофиқи маълумот алҳол дар шаҳри Душанбе беш аз ду ҳазор микроавтобус машғули хизматрасонианд. Дар дохили ҳамаи мусофиркашҳо, ки дар қайди муассисаҳои хизматрасонии нақлиётианд, ҷадвали ҳаракати онҳо дар хатсайрҳои муайян, тартиби истифодаи нақлиёт насб гардидааст. Аммо на ҳама ронандагон ва мусофирон тартибу қоидаҳои мавҷударо риоя мекунанд. Дар натиҷа, тамбашавӣ ба амал омада, ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо душвор ва сарфи сӯзишворӣ зиёд мешавад. Ҳамаи ин омилҳо боиси асабонияти одамон, ба кор ва ё таълимгоҳҳо дер мондан ва дар маҷмӯъ, норозигии мардум мегардад.
Маърифати мардумро, пеш аз ҳама, баланд бардоштан лозим, вагарна чорабиниҳои андешидашуда барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда нокифоя аст. Масалан, мусофирон баробари ҳимояи ҳуқуқҳои хеш бояд тартибу низоми муқарраршударо риоя кунанд. Барои мисол танҳо дар истгоҳҳо мунтазири нақлиёт бошанд, аз меъёри муқарраршуда зиёд нашинанд. Дар навбати худ ронандагон бо мусофирон муомилаи хуш дошта бошанд, ҳангоми идора кардани нақлиёт истифодаи телефони мобилиро мавқуф гузоранд, ҳар гуна суруду мусиқиҳоро намонанд,- иброз дошт Ф. Неъматзода.
Тавре маълум гардид, барои ҳалли мушкилот чораҷӯиҳо мешаванд. Табиист, ки ҳар куҷое, ки тартибу низом ва адолат ҷорист, пешравӣ таъмин аст. Ин масъулиятро бояд ҳама дарк кунанд. Хуб мебуд, дар ин бора тавассути воситаҳои ахбори омма бо иштироки масъулон, нозирон, ронандагону мусофирон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳию маърифатӣ ба роҳ монда шавад. Ташкили озмунҳои «Беҳтарин ронанда», «Хатсайри беҳтарин» ва ҳавасмандии беҳтарин тарғибгарони ин масъала низ аз манфиат холӣ нест.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»