Нуқсонҳои модарзодӣ кам шуд

№94 (4677) 21.07.2023

Мувофиқи моддаи 14-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани ақди никоҳ байни фарзандони бародарон, хоҳарон, тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян, фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон манъ карда шудааст.

Ин меъёр 15 — уми июли соли 2016 ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Коршиносон сабаби бо қонун манъ кардани никоҳи хешутабориро дар пешгирӣ намудани бемориҳое, ки аз чунин никоҳ ба вуҷуд меоянд, арзёбӣ мекунанд. Сардори Раёсати хизматрасонии модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев зимни суҳбат изҳор дошт, ки парлумони Тоҷикистон издивоҷи хешу табори наздикро ба хотири аз чунин издивоҷ ба дунё омадани кӯдакони маъюб манъ карда, муоинаи ҳатмии тиббии пеш аз ақди никоҳро ҷорӣ намуд. Бино ба гуфти ӯ, илми тиб муқаррар намудааст, ки аз никоҳи хешу табори наздик кӯдакони дорои касалиҳои ирсии табобатнашаванда ба дунё меоянд. Аз ин рӯ, бо даровардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омилҳо бартараф карда шуданд.

- Пеш аз издивоҷ никоҳшавандаҳоро пурра аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд, ки ин амал бисёр омилҳоро пешгирӣ менамояд. Пас аз муайян шудани меъёри мазкур дар қонунгузорӣ зиёда аз 39 ҳазор оила барпо шудааст, ки онҳо пурра бо тариқи ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд. Дар байни онҳо бемориҳои рӯҳӣ, гепатит ва дигар бемориҳо ба қайд гирифта шуда буд. Мутахассисон бо гирифторони чунин бемориҳо ва нафаре, ки бо шахси бемор оила барпо карданианд, суҳбатҳо гузарониданд, ки дар натиҷа мушкилоти вобаста ба издивоҷ ва пайомадҳои он пеш аз акди никоҳ пурра ҳал шуд. Дар муддати кӯтоҳ ба ҳар як зан пеш аз таваллуд шаҳодатнома дода мешавад, ки дар вақти ҳомиладорӣ бояд таҳти назорат бошад, — зикр кард З. Набиев.

Номбурда, ҳамчунин, афзуд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 82 ҳазор зани ҳомила аз ташхиси фаросавтӣ гузаронида шуд. Баъд аз суҳбати мутахассисон 70 фоизи марҳилаи ҳомиладорӣ пешгирӣ ва қатъ карда шуд. Дар байни ташхиси ҳомиладорие, ки байни занҳо гузаронида шуд, аз ҳамин шумора, 13 фоизи он никоҳи хешу табори наздик буданд. Муайян шуд, ки аз чунин никоҳ дар умум 98 фоиз кӯдакони нуқсондор будаанд. Мақсад аз маҳдуд кардани никоҳи хешу табори наздик, ин кам кардани маъюбӣ дар байни кӯдакон мебошад.

Зоир Набиев изҳор дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни занону наврасон суҳбатҳо мегузаронад. Дар натиҷаи тат­биқи қонун ва корҳои фаҳмондадиҳӣ нуқсонҳои модарзодӣ чор маротиба кам шудааст.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»