Минбаъд ин амалро сарбонкҳо ва филиалҳои онҳо дар маҳалҳо анҷом медиҳанд
Чоруми декабри соли 2015 роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ дар соли 2015 барои журналистон брифинг оростанд.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев масъалаи зикршударо барои рӯзноманигорон чунин шарҳ дод:
- Давоми ду ҳафтаи охир дар рӯзномаю ҳафтаномаҳо, сомонаҳои интернетии оҷонсиҳои иттилоотӣ ва радиоҳои дохилию хориҷӣ оид ба вазъи дохилии асъори нақд, тағйирёбии қурби пули миллӣ сару садои зиёд баланд шуд, ки бештари маврид матолиби пешниҳодкардаи онҳо ба воқеият, дарки омилҳои ин дигаргуниҳо ба мушоҳида намерасанд. Пӯшида нест, ки дар чанд рӯзи гузашта вазъи бозори дохилии асъор ноустувор ва қурби доллари нақди ИМА нисбати сомонӣ якбора баланд шуда буд.
Бо вуҷуди он ки тағйирёбии қурби доллари нақди ИМА тайи соли гузашта ва соли ҷорӣ барои тамоми кишварҳои ИДМ ва мамолики дигари дунё ҳолати муқаррарӣ мебошад, дар ҷумҳурии мо аз ҷониби воситаҳои ахбори омма ва ба ном коршиносони мустақили иқтисодӣ ин вазъ бо воҳимаю таҳлука, хулосабарориҳои беасос ва бе овардани далелу рақамҳои бовариноку воқеӣ пешниҳод мешаванд, ҳол он ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти худ тавассути сомонаи интернетии бонк ва дигар расонаҳо, ҳамарӯза оид ба вазъи бозори дохилии асъору қурби пули миллӣ, нақшаю чорабиниҳои андешидашаванда ва амалишуда, маълумоти пурра пешниҳод менамояд.
Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки идома ёфтани буҳрони сиёсӣ — иқтисодӣ ва ноустувории молиявӣ дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои шарикони тиҷоратии кишварамон ва мамлакатҳои ҳамсарҳад, таъсири манфии худро ба вазъи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, алалхусус ба бозори асъори дохилӣ, расонида истодааст. Масалан, тибқи таҳлилҳои охир, аз оғози сол то 4 декабри соли равон қурби расмии сомонӣ аз 5,3074 сомонӣ то ба 6,7637 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ё 27,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Қурби нақдии (бозории) доллари ИМА аз 5,47 сомонӣ то ба 7,18 сомонӣ барои 1 доллари нақди ИМА ё 31,3 фоиз баланд шудааст.
Бо қиёс кардани рақамҳои поён метавон дарк кард, ки бо вуҷуди доштани иқтисодиёти пуриқтидор, захираҳои калони тиллоию асъорӣ ва истифодаи онҳо ҳангоми ба миён омадани фишорҳои қурбӣ, дар соли 2015 аксари асъорҳои миллии давлатҳои дунё нисбати доллари ИМА беқурб шуданд. Аз ҷумла дар ин давра қурбҳои евро ба андозаи 13,4 фоиз, рубли русӣ 12,7 фоиз, тангаи қазоқӣ 68,6 фоиз, соми қирғизӣ 28,8 фоиз, сӯми ӯзбекӣ 13,5 фоиз, рубли беларусӣ 51,5 фоиз, юани хитойӣ 2,9 фоиз ва иени японӣ 3,1 фоиз коҳиш ёфтанд.
Боз як мисоли дигар: Қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ аз 1 январ то 4 майи соли равон 24,6 фоиз ва аз ин сана то имрӯз ҳамагӣ 6,7 фоиз баланд шудааст. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки 6,1 фоизи он ба даҳаи охири моҳи ноябр рост меояд, ки ин тағйирёбии босуръат аз кӯтоҳмуҳлат ва бештар субъективию ҳаннотӣ будани тағйироти мазкур баръало шаҳодат медиҳад.
Ба андешаи мо, омилҳои зерин сабаби тағйирёбии босуръати қурби асъор дар рӯзҳои охир шудаанд:
- боло рафтани қурби доллари ИМА вобаста ба интизориҳо аз баланд шудани фоизи қарздиҳии Бонки марказии ИМА (ФРС) (эҳтимолан дар миёнаи моҳи декабр);
- бад шудани вазъи геосиёсии ҷаҳон, бинобар воқеаҳои Сурия ва Туркия, пастравӣ ва ноустувории нархи нефт ва вобаста ба ин тағйирёбии аз эътидол беруни қурби асъори миллии шарики асосии тиҷоратии мо (Федератсияи Россия);
- омили мавсимӣ ва вобаста ба он кам гардидани вориди асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, аз ҳисоби кам шудани воридоти маблағҳои интиқолии шахсони воқеӣ ва зиёд шудани талабот ба асъори нақди хориҷӣ;
- омилҳои равонӣ вобаста ба бад шудани вазъияти ҷаҳон, минтақа ва тағйирёбии минбаъдаи қурб ва вобаста ба ин кам шудани фурӯши доллари нақди ИМА ва зиёд шудани талабот ба хариди он аз ҷониби аҳолӣ;
- омили ҳаннотӣ аз ҷониби кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ва кӯшишҳои нигоҳ доштани даромади калони қаблан вуҷуддошта аз фарқияти қурб дар бозори ғайрирасмии хариду фурӯши доллари нақдии ИМА;
- муносибат ва рафтори шахсони воқеӣ — фурӯшанда ва харидорони асъори хориҷӣ, аз ҷумла ба овозаю хабарҳои беасосу бардурӯғ бовар намудани шахсони воқеӣ ва саросемавор ба ҳар гуна қурби аз ҷониби ҳаннотони беинсоф пешниҳодшуда мубодила кардани маблағҳояшон, ки дар ниҳоят зарар мебинанд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини суботи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии муътадилии қурб як қатор чораҳои заруриро амалӣ мекунад. Тайи бештар аз як ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳҳои кории муштарак бо мақомоти прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ҳамарӯзаи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъорро дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ анҷом дод. Дар натиҷа, то имрӯз нисбати 38 нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ парвандаҳо кушода, моликони онҳо – бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии амонатии хурд ҷаримаҳои калон ситонида шуданд.
Бо мақсади ҷорӣ кардани тартиби нави анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ то охири соли ҷорӣ нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти мубодилавӣ бевосита дар ташкилотҳои қарзӣ, хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораи бонк (муваққатан дар нуқтаҳои интиқоли пул) анҷом дода мешаванд.
Ҳамчунин бо мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ анҷом додани амалиётҳои мубодилавӣ ва истифодаи асъори хориҷӣ тағйироту иловаҳо ба кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор тавассути платформаи Ширкати «Томсон Ройтерс» омода шуда, ба воситаи он амалиётҳои хариду фурӯши асъор аллакай амалӣ шуда истодаанд. Бонки миллии Тоҷикистон дар ин низом ҳамарӯза ба ташкилотҳои қарзӣ фурӯши доллари ИМА-ро анҷом дода, тавассути ташкилотҳои қарзӣ дахолатҳои асъорӣ – фурӯши доллари нақди ИМА-ро дар нуқтаҳои мубодилаи шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст. Инчунин нимаи дуюми соли ҷорӣ ҷиҳати диверсификатсияи амалиётҳои берунаи асъорӣ, созишномаи СВОП бо асъори юани хитойӣ ба имзо расид, ки истифодаи босамари он барои кам намудани фишорҳои қурбӣ мусоидат хоҳад кард. Мубодилаи он таври озмоишӣ (пилотӣ) рӯзҳои наздик оғоз мегардад.
Илова бар ин, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон дар тамоми ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ситодҳои доимоамалкунандаи назорат аз болои фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор вобаста ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ ташкил шуданд ва ҳамарӯза амал менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои таъмини суботи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии муътадилии қурби пули миллӣ бо дарназардошти иҷрои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва барномаи пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор андешидани чораҳои заруриро идома медиҳад.
- Дар амалӣ шудани ин вазифаҳо ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма дар инъикоси саривақтӣ, шаффофу боэътимод ва беғаразонаи корҳои анҷомшаванда ва нақшаю иқдомҳои минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкӣ мақоми махсус дорад, — изҳор дошт муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаро даъват кард, ки дар амалӣ кардани ин кори муҳим фаъолона ва мунсифона иштирок намуда, ба ин васила дар таъмини суботи молиявии ҷумҳурӣ саҳмгузор бошанд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»