Дар нишасти матбуотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадиф бо дигар масъалаҳо, журналистон ба вазъи кунунии ҶСК «Агроинвестбонк», ки чанде пештар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта буд, мароқ зоҳир намуданд. Вобаста ба ин масъала муовини якуми вазири молияи кишвар Ҷамолиддин Нуралиев минҷумла гуфт, ки айни замон дар заминаи иқдомоти амалигардида раванди фаъолияти ҶСК «Агроинвестбонк» рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Бино ба гуфти мавсуф, Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба сифати мақоми ваколатдори Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти бонки фавқуззикр аз тамоми захираву имкониятҳо самаранок истифода намуда истодааст. Бо тавсияи мақоми зикршуда роҳбарияти нави бонк вазифадор гардиданд, ки раванди пешниҳоди қарзҳои калонро, ки хавфашон нисбатан зиёд аст, қатъ намуда, бобати коҳиши хароҷот ва ихтисори кормандон иқдом намоянд.
Ҷамолиддин Нуралиев аз он ёдовар шуд, ки ба наздикӣ намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар радифи дигар масъалаҳо, вазъи кунунии ҶСК «Агроинвестбонк»-ро низ баҳогузорӣ намуда, тавсияҳояшонро ироа намуданд. Номбурда ба он назар аст, ки мушкилоти бонки мазкур аз соли 2012 шурӯъ гардида, бо дарназардошти нақши муҳими ҶСК «Агроинвестбонк» дар низоми бонкии кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ онро дастгирӣ намуд. Бо ин мақсад 700 миллион сомонӣ ихтисос дода шуд, ки аз ин миқдор, бино ба гуфти Ҷамолиддин Камолович, 200 миллион сомониаш барои пурра намудани сармояи оинномавии бонк равона шудааст. Ташвишовар будани вазъияти бонк дар он зоҳир мегардид, ки шурӯъ аз соли 2010 то соли 2013 бонк фаъолияти хешро бо зарар ҷамъбаст менамуд, ки ин омил дар низоми бонкдорӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Роҳбарияти кунунии бонк барои рафъи мушкилоти мавҷуда ва таври бояду шояд амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммаашон вогузоршуда ҷаҳду талош доранд. Боварии комил дорам, ки иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷода самар ҳоҳад овард ва дар ояндаи наздик нишондиҳандаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» дар сатҳи хуб ва сифати баланд арзёбӣ мегарданд. Ҷамолиддин Нуралиев муътақид аст, ки «бо дарназардошти вазъияти баамаломада, саҳмдори ягонаи (100-фоизаи) ҶСК «Агроинвестбонк» шудани Ҳукумати Тоҷикистон зарур ва ногузир аст». Зеро ба гумон аст, ки дар шароити кунунӣ ба ғайр аз Ҳукумати ҷумҳурӣ ягон саҳмдори дигар, бо дарназардошти омилҳои зикршуда, масъулияти пешбурду сармоягузории бонкро ба зимма гирад.
Ёдовар мешавем, ки айни замон Ҳукумати Тоҷикистон 52 фоизи саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёр дорад.
Ҳамагон шоҳид будем, ки соли 2008- замони доман паҳн намудани буҳрони ҷаҳонии молиявӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба бо роҳбарияти Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ мулоқот намуда, ҳамрадиф бо ироаи дастуру ҳидоятҳо баҳри беҳбудӣ бахшидани фаъолият дар қиболи буҳрони ҷаҳонии молиявӣ омодагии Ҳукумати ҷумҳуриро баҳри дастгирии низоми бонкӣ иброз дошта буд. Ба андешаи коршиносони умури бонкӣ маҳз ҳамин омил замина фароҳам овард, ки низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон буҳрони фавқуззикрро бидуни осеби ҷиддӣ паси сар намояд. Агар ин масъаларо амиқ ва бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, муътақид хоҳем шуд, ки дар ҷаҳони муосир дастгирӣ ёфтани бонкҳои тиҷоратӣ аз ҷониби давлат падидаи маъмулӣ ва мусбӣ маҳсуб ёфта, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Нуктаи муҳим он аст, ки на ҳар бонк имкони баҳравар гардидан аз ин дастгириро дорад ва на ҳар давлат доир ба ин масъала иқдом менамояд, зеро чунин тасмим баъд аз омӯзиши амиқу ҳамаҷониба ва бо дарназардошти нақши бонк дар пешрафти бахшҳои гуногуни ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар татбиқи барномаҳои давлатӣ гирифта мешавад.
Бешубҳа, ин муассисаи бонуфузи молиявӣ ҷузъи муҳими низоми бонкии кишвар маҳсуб ёфта, вазъи молиявӣ ва раванди фаъолияташ кафолати устуворӣ ва дар сатҳи муътадил қарор доштани низоми бонкии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аксари лоиҳаҳое, ки ҶСК «Агроинвестбонк» маблағгузорӣ намудааст, ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти дохилӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар тариқи дастгирии бахши кишоварзӣ, ки дар шароити кунунӣ барои ҷумҳурии мо хеле муҳиму саривақтӣ маҳсуб меёбад, нигаронида шудааст. Чунин хулосабарорӣ самараи мушоҳидаҳои журналистии банда маҳсуб ёфта, асоси воқеӣ дорад. Суханони Ҷамолиддин Нуралиев низ бозгӯйи онанд, ки ҳадафи асосии ин тасмими Ҳукумати ҷумҳурӣ эмин доштани як муассисаи молиявии ватанӣ аз тамоюлҳои манфӣ ва таъмини фаъолияти муназзаму пурмаҳсули он аст, на чизи дигар. Коршиносони умури бонкӣ низ ба он назаранд, ки аз ҷониби давлат мавриди дастгирӣ қарор ёфтани ҶСК «Агроинвестбонк» марҳилаи нави фаъолияти онро ифтитоҳ мебахшад. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳамкориҳои ҶСК «Агроинвестбонк» бо Ҳукумати мамлакат дар ҳама самтҳо, аз ҷумла амалӣ намудани барномаҳои гуногун, ки ба рушди соҳаҳои ҷомеа нигаронида шудаанд, дар сатҳи баланд қарор дорад ва маҳз ҳамин омил замина фароҳам овард, ки бонк дастгирӣ ёбад. Ҳоло бонки мазкур бо 62 филиал, 26 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 91 нуқтаи интиқоли маблағ ба мизоҷон номгӯйи васеи хизматрасониҳои бонкиро дар сатҳи хубу сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ пешниҳод намуда истодааст. Ҷойгоҳи ҶСК «Агроинвестбонк» дар бозори бонкии мамлакат низ хос буда, мизоҷонаш ҳамвора зиёд мешаванд. Айни замон 20 фоизи ҳаҷми умумии дороиҳои низоми бонкии кишвар, 8,1 фоизи сармояи маҷмӯӣ ва 19,2 фоизи сандуқи қарзии бонкҳои ҷумҳурӣ маҳз ба ин муассисаи бонуфузи молиявӣ тааллуқ дорад. Дар ҶСК «Агроинвестбонк» истифодаи технологияи пешқадами муосир таври густурда роҳандозӣ шуда, омили мазкур замина фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар гардида, ҷараёни фаъолият ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ шавад. Имрӯз дар фаъолияти бонк навтарин технологияи низоми бонкдорӣ мавриди истифода мебошад. ҶСК «Агроинвестбонк» дар самти ҷорӣ намудани кортҳои пардохтӣ ва насби банкомату POS- терминалҳо низ аз пешсафон маҳсуб ёфта, айни замон 103 банкомат ва 113 POS- терминали ин бонки бонуфуз ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ мавриди истифодаи шаҳрвандон қарор доранд. Миёни бонкҳои мамлакат яке аз аввалинҳо шуда, таъсис додани маркази протсесингӣ аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк» ва барориши аввалин корти миллӣ бо номи КАД (Корти Аввалини Дохилӣ) далели собитқадам будани он дар самти дастрас намудани истифодаи кортҳои пардохтӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа аст. Ҷамолиддин Нуралиев зимни таҳлили вазъи кунунии ҶСК «Агроинвестбонк» ҳамчунин таъкид намуд, ки «айни замон қисмати зиёди амонатҳои (депозитҳои) шаҳрвандони мамлакат маҳз дар ин бонк нигоҳдорӣ мешаванд». Воқеан ҳам, ҳақ ба ҷониби мавсуф аст. Тибқи маълумоти мавҷуда айни замон 32,2 фоизи сандуқи амонатҳои (депозитҳои) аҳолии ҷумҳурӣ дар ҶСК «Агроинвестбонк» нигоҳдорӣ мешаванд. Хурсандиовар аст, ки баъд аз дастгирӣ ёфтанаш аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ кормандони бонк таҳти сарварии раиси тозаинтихоби он Суюнхон Рустамов барои зиёд намудани иқтидори захиравиаш бо ҷалби пасандозҳои аҳолӣ тавассути пешниҳоди 15 номгӯй маҳсулоти пасандозии бонкӣ, ки ба талаботи ҳама табақаҳои мизоҷон ҷавобгӯй аст, диққати калон медиҳанд. Самараи чунин иқдомот буд, ки бақияи сандуқи пасандозҳо (пасандозҳои дархостшаванда, амонатӣ, муҳлатнок) ба ҳолати охири соли 2013 нисбати нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2012-ум 17,6 фоиз бештар шудааст. Давоми соли 2013 аз тарафи аҳолӣ зиёда аз 50 ҳазор ҳисобҳои пасандозӣ истифода шуда, маблағҳои ба ин ҳисобҳо воридшуда зиёда аз 251,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фоизҳои амалкунандаи пасандозҳои бонк ба талаботи бозори пасандозии ҷумҳурӣ мутобиқ буда, боварии аҳолӣ низ ба бонк ҳамвора зиёд мешавад.
Дар нишасти матбуотии зикршуда Ҷамолиддин Нуралиев ҳамчунин афзуд, ки «мо хуб дарк менамоем, ки ҶСК «Агроинвестбонк» бонки ташаккулдиҳандаи низоми бонкии мамлакат маҳсуб меёбад. Биноан, барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти он тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳем дод. Мизоҷони бонк дилпур бошанд, зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои минбаъд низ яке аз бонкҳои пешсафи ҷумҳурӣ будани ҶСК «Агроинвестбонк» онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорем, ки он ба вартаи муфлисӣ расад». Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки чанде пештар, зимни нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон раиси он Абдуҷаббор Ширинов низ ба ин масъала дахл намуда, иқдомоти Ҳукумати ҷумҳуриро вобаста ба дастгирии ҶСК «Агроинвестбонк» ситоиш намуда буд. Мавсуф низ иброз дошта буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар самти дастгирии он хеле фаъол буда, намегузорад, ки вазъи молиявиаш ногувор шавад. Ибрози чунин суханон аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ва муовини якуми вазири молияи мамлакат Ҷамолиддин Нуралиев далели возеҳи нек будани дурнамои фаъолияти ҶСК «Агроинвестбонк» мебошад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»