Чанд назар аз хориҷи кишвар
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар сархати муҳимтарин ҳадафҳои стратегии давлат қарор гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳуриро ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии нав ва таъмиру бозсозии неругоҳҳои барқи обии мавҷуда равона намуданд. Бо ташаббуси Роҳбари давлат дар минтақаҳои гуногуни кишвар сохтмону бозсозии неругоҳҳои барқи обӣ авҷ гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи ба кор андохтани бузургтарин Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро тарҳрезӣ намуд.
Маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншооти ояндасозу пуриқтидори НБО «Роғун» оғоз гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи агрегати якуми НБО «Роғун», ки ин чорабинии таърихӣ тавассути шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мустақиман пахш гардид, чунин зикр намуданд: «Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиён барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯзӣ заҳмат кашиданд. Яъне, имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад».
Он рӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он гардид, ки Сарвари давлати тоҷикон азми қавӣ ва нияти нек доранд.
16 ноябри соли 2018 доктори илмҳои иқтисодӣ, ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия Игор Томберг тавассути шабакаи телевизионии «Мир — 24» вобаста ба ифтитоҳ ёфтани агрегати якуми НБО «Роғун» ибрози назар намуд. Аз ҷумла, ба саволи рӯзноманигор: «Ба кор андохтани нахустин агрегати НБО «Роғун» ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?», чунин ҷавоб дод:
- Ин ҳодисаи хеле муҳим буда, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки иқтидори энергетикиашро ба маротиб боло барад, чун Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои захираҳои энергетикӣ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро касб намудааст. Баъд аз пурра ба кор андохтани неругоҳ барқи онро кишварҳои Хитой, Ҳиндустон ва Афғонистон метавонанд барои пешбурди фаъолияти соҳаҳои муҳим харидорӣ намоянд. Чунин манбаи бузурги неруи барқи обӣ айни замон ҳамто надорад.
Номбурда ба саволи рӯзноманигор: «Оё пур кардани обанбори НБО «Роғун» боиси камшавии об дар кишварҳои поёноби минтақа мегардад?», ба таври мушаххас посух дод: — Айни замон коршиносони соҳа ба вуҷуд омадани чунин мушкилиро пешбинӣ намекунанд, чун захираҳои об вобаста ба мавсим тағйирёбанда буда, дар ҳолатҳои зарурӣ танзим намудани оби истифодашаванда имконпазир аст.
Ифтитоҳи агрегати якуми НБО «Роғун» оғози кор буд. 9-уми сентябри соли 2019 дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми НБО «Роғун»-ро ба кор дароварданд. Рафти ин чорабинии таърихиро бештар аз 140 рӯзноманигори дохиливу хориҷӣ дар шабакаҳои гуногуни телевизиониву радиоӣ ба таври мустақим инъикос намуданд.
Ин дафъа низ ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳи махсус чорабиниро пайгирӣ намуд. Номзади илмҳои фалсафа, узви шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Украина Андрей Бузаров дар ифтитоҳи агрегати дуюми НБО «Роғун» иштирок намуда, таассуроташро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кард. Аз ҷумла, дар сомонаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Молдова мақолаи ӯ таҳти унвони «Кушодашавии НБО «Роғун»: Нигоҳ аз Украина дар ҳошияи ҳодисаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ» («Открытие Рогунской ГЭС. Взгляд из Украины на событие в региональном и международном контексте») нашр шуд.
- Дар баромадашон бахшида ба ифтитоҳи агрегати дуюми НБО «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аҳамияти аввалиндараҷа дода, расидан ба истиқлолияти энергетикиро аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ шуморида, барои расидан ба он тамоми захираю имкониятҳоро сафарбар намуданд. Сарвари давлат, ҳамчунин таъкид карданд, ки ин иншооти ҳаётан муҳим, тибқи меъёрҳои байналмилалии бехатарӣ, бо истифода аз технологияҳои навтарин сохта шуда, дар ояндаи наздик манзилҳои на танҳо сокинони Тоҷикистонро равшан мекунад, балки барои кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард.
Номбурда дар идома нигоштааст: «Дар ин замина НБО «Роғун» пуриқтидортарин иншоот дар силсилаи неругоҳҳои рӯдхонаи Вахш буда, он аз 6 агрегати дорои иқтидори ҳар кадом 600 мегаватт иборат аст. Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт/ соат) бузургтарин неругоҳи барқи обии минтақа хоҳад шуд. Сарбанди неругоҳ, ки сохтмони он 29 октябри соли 2016 оғоз шуда, дар оянда ба баландии 335 метр мерасад, метавонад баландтарин сарбанди бо хоку рег сохташудаи ҷаҳон шавад ва аз баландтарин сарбанди кунунии ҷаҳон «Ҷинпин-1» дар Хитой боло равад.
Ҳамин тариқ, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо яке аз вазифаҳои муҳими роҳбарияти Тоҷикистон аст, балки аҳамияти бузурги минтақавӣ ва байналмилалӣ дорад. Беҳуда нест, ки рӯзи ба кор андохтани агрегати дуюми НБО «Роғун» 9-уми сентябр – Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст».
Рӯзноманигори афғонистонӣ Шафеъ Айёр низ ба маҳали сохтмони НБО «Роғун» сафар карда, таассуроташро чунин баён намудааст: «Дӯсте аз ман таклиф кард, ки ба Роғун равем. Сафари мо аз субҳ оғоз шуд ва мо ҳудуди сад километрро тай кардем. Роҳ бисёр зебо буд. Замин тоза сабз шуда, мардуми заҳматкаш кор карда истода буданд.
Мо — мардуми Афғонистон бисёр ҳунари хуби номҳоро иваз кардан дорем. Ман ҳам дар номи ин банду барқ як пешниҳод мекунам. Ҳамин пружа номаш банду барқи «Роғун» аст, ман пешниҳод мекунам, ки банду барқи «Ширину Фарҳод» номгузорӣ шавад. Зеро дар қиссаи мазкур як подшоҳи меҳрубон дар соли хушксолӣ эълон мекунад, ки ҳар касе биёяд ва пораи кӯҳро бишканаду мардумро сероб кунад, ман духтари худ Ширинро ба ӯ медиҳам. Марде бо номи Фарҳод зиндагӣ мекард ва ошиқи Ширин буд. Тешаву зоғнӯл гирифта, назди подшоҳ меояд ва мегӯяд, ки ин корро ман мекунам. Ба ҳамин хотир мо Фарҳодро кӯҳкан мегӯем, зеро ҳозир буд, ки барои расидан ба Ширин ҳама корро анҷом диҳад.
Дарвоқеъ, ҳамин пружа ба ҳамон мемонад. Вале дар ин ҷо Ширин як духтар нест, балки як миллати зебост, бо номи тоҷик ва дар ин қисса Фарҳод як ошиқи духтар нест, балки як Раиси ҷумҳури меҳрубон аст бо номи Эмомалӣ Раҳмон. Дар Тоҷикистон ҳоло хушксолӣ нест, вале ин Фарҳод мехоҳад кӯҳро биканад, банду барқ бисозад, то ки тамоми Тоҷикистонро чароғон кунад, то ки хонае набошад, ки дар зимистон мардум сармо бихӯрад, то ки хонае набошад, ки нон пухта натонанд, то ки дар тобистони гарм хонаро битонанд сард бисозанд. Ба ҳамин хотир ман инро пружаи банду барқи «Ширину Фарҳод» мехоҳам номам».
Хулоса ин аст, ки НБО «Роғун» ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ ва барои минтақа судманд мебошад.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»