Кишоварзони ноҳияи Нуробод дар масоҳати 8 гектар кишти такрорӣ гузарониданд. Сардори раёсати кишоварзии ноҳия Рустам Ҳақназаров ба мо гуфт, ки кишоварзони деҳоти «Хумдон» то имрӯз дар майдони 0,5 гектар картошка, 2,5 гектар лубиё, 3 гектар мош, 1 гектар сабзӣ ва 1 гектар ҷуворимакка кишт намуданд. Тибқи пешбинии мутахассисон кишоварзони деҳоти номбурда аз ҳар як гектар картошка 220, лубиё 2,5, мош 13,1 сабзӣ 198,0 ва ҷуворимакка 17,1 сентнер ҳосил ба даст хоҳанд овард.
- Ин таҷриба дар ноҳияи мо бори аввал амалӣ мегардад. Умед дорем, ки кишоварзон ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Минбаъд ҳам ба нақша гирифтаем, ки чунин иқдомро дар ноҳия идома диҳем ва майдони кишти такрориро васеъ намоем, — афзуд Рустам Ҳақназаров.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»