Дар ноҳияи Нуробод барои тараққӣ додани соҳаи картошкапарварӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Соли гузашта деҳқонон дар майдони 365 гектар картошка кишт карда, аксари хоҷагиҳо даромади хуб гирифтанд. Дар якҷоягӣ бо аҳолӣ майдони умумии кишт 625 гектарро ташкил кард. Хоҷагии деҳқонии «Саиди Орзу» аз ҳар гектар беш аз 300 сентнерӣ ҳосил ба даст овард, ки дар ноҳия нишондиҳандаи беҳтарин буд. Як давра бо сабабҳои маълум соҳа рӯ ба таназзул оварда буд ва картошкапарварони соҳибтаҷриба аз касби хеш даст кашиданд. Имрӯз онҳо бо дили гарм дубора талош меварзанд, ки майдони киштро васеътар намоянд.
Тавре аз суҳбат бо картошкапарварон маълум шуд, истифодаи дурусти поруи маҳаллӣ ҳосилнокиро зиёд мегардонад.
Муовини раиси ноҳия Маҳмадулло Тоҳиров гуфт, ки соли равон картошкапарварон ният доранд, ки дар майдони 700 гектар картошка кишт намоянд. Бо таъмири канали «50-солагии Тоҷикистон» ва пойгоҳи обкашии «Пиндовчӣ» беш аз 50 гектар замини киштшаванда обёрӣ гардид ва имконият фароҳам омад, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида заминҳои киштро зиёд намоем. Алҳол 1200 тонна тухмӣ лозим аст. Соли гузашта картошкапарварон аз ҳосили гирифтаашон 835 тонна тухмии хушсифат захира намуданд.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмини пурраи тухмӣ чораҳои зарурӣ андешидааст. Дар асоси шартнома аз ноҳияи Деваштич 400 тонна картошкаи тухмӣ меорем. Соли гузашта картошкапарварони ноҳияи Лахш аз Ҷумҳурии Қирғизистон тухмии картошка оварда буданд. Маълум шуд, ки ин тухмӣ хушсифат буда, ба иқлими минтақаи Рашт тобовар аст. Ҳаминро ба назар гирифта, бо соҳибкорони ноҳияи Лахш шартнома бастем ва мувофиқи он ба мо 50 тонна тухмӣ медиҳанд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин баҳор мушкилӣ нест, ки картошкапарварони ноҳияро нигарон намояд. Фақат обу ҳавои мусоид ва меҳнати ҳалол лозим аст, ки нияти онҳо амалӣ гардад, — афзуд Маҳмадулло Тоҳиров.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»