22-юми март - Рӯзи ҷаҳонии об

Оқибати нобудшавии пиряхҳо ногувор аст

№39-40 (4622-4623) 17.03.2023

1645907133_16-vsegda-pomnim-com-p-lednik-fedchenko-foto-17Тағйирёбии иқлим равандест, ки аз сокинони сайёра вокуниши саривақтиро талаб менамояд. Маҳз силсилаташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб намуд. Бо узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Абдуҷаббор Умарзода дар бобати тағйирёбии иқлим ва аҳамияти ташаббуси навбатии Пешвои миллат эълон шудани соли 2025 «Соли ҳифзи пиряхҳо» суҳбат доштем.

- Дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим ин иқдом чӣ аҳамият дорад?

- 14 — уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми кишвари моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ намуд. Тибқи он, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шуд. Инчунин, аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад.

Мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Мувофиқи қитъномаи мазкур, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он дарак медиҳад, ки чунин иқдомҳо на танҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо, балки ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираҳои обӣ, инчунин, муҳофизати пиряхҳо нақши муҳим дорад. Дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳим дар ҳифзи пиряхҳо зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш омаданд.

- Обшавии босуръати пиряхҳо солҳо боз идома дорад. Агар ин раванд боздошта нашавад, чӣ оқибат дорад?

- Мо ба марҳилаи ташвишовар ва хатарноки тағйирёбии иқлим расидем ва агар зуд иқдом накунем, метавонем ба мувозинати табиии сайёра зарари бебозгашт расонем. Тасаввури оқибати обшавии пиряхҳо даҳшатнок аст. Агар ин раванд бо суръати имрӯза идома ёбад, минбаъд аҳолии сайёра аз норасоии оби нӯшокӣ ва озуқа азият мекашанд. Бинобар ин, гузариш ба энергияи барқароршаванда яке аз роҳҳои коҳиш додани тағйирёбии иқлим мебошад.

- Чӣ бояд кард, то суръати обшавии пиряхҳо боздошта шавад?

- Мувофиқи тавсияи мутахассисон, кам кардани ихроҷи гази карбон, зиёд намудани майдони кишти зироати кишоварзӣ метавонад суръати обшавии пиряхҳоро коҳиш диҳад. Инчунин, истифодаи технологияҳои муосир барои кам кардани газҳои карбон, зиёдтар шинонидани дарахтони сояафкан, гулбуттаҳо ва рушд додани истеҳсоли техникаҳои электронӣ, хусусан электромобилҳо, дар ин раванд саҳм гузошта метавонад.

- Аҳамияти муҳофизати сарчашмаҳои обро ҳамчун мутахассиси соҳа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Об пайвастагии табииест, ки ба танзими иқлим, обу ҳаво, ҳосилхезгардонии замин нақши муҳим бозида, манбаи асосии рушди иқтисодии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Маълум аст, ки тағйирёбии иқлим, кам шудани масоҳати замини корам ҳамаро ба ташвиш овардааст. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарёи хурду калон ҷорӣ мегардад, ки дарозии умумии онҳо ба 28 ҳазору 500 км баробар аст. Инчунин, дар мамлакат беш аз 1300 кӯл бо масоҳати умумии 705 километри мураббаъ вуҷуд дорад. Илова бар ин, дар кишвари мо микдори зиёди оби зеризаминӣ вуҷуд дорад. Ҳамаи ин сарвати беинтиҳои кишварамон мебошад ва ҳифзи онҳо барои рушди мамлакат аҳамияти хоса дорад.

Эътироф бояд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи захираҳои оби кишвар солҳои охир тадбирҳои зиёде андешидааст.

- Чӣ бояд кард, то иқлим ба самти мусбат тағйир ёбад?

- Масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти асри XXI ба шумор меравад. Таҳлил ва пешгӯиҳои олимону коршиносони ба таҳқиқоти илмии вазъи имрӯзаю ояндаи муҳити зист машғулбуда собит месозад, ки тағйирёбии минбаъдаи иқлим оқибатҳои бузурги табиӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи миллии амалро оид ба сабук намудани пайомади тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд. Масъалаҳои тағйири иқлим ва амалисозии чораҳои мутобиқсозӣ ба ҷузъи муҳими «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» табдил ёфтаанд. Коршиносони соҳа ба хулоса омадаанд, ки газҳои гулхонаӣ сабабгори асосии тағйирёбии иқлими сайёра гардидааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир истифодаи оқилонаи захираҳои обро бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона пеш мебарад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлимро дастгирӣ намуда, «Созишномаи Париж оид ба Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим»-ро дар соли 2016 имзо ва соли 2017 ба тасвиб расондааст.

Татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои табиӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор барои рафъи таъсири манфии тағйирёбии иқлим муҳиманд.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»