Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ бо пешниҳодҳои мубрами худ дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ гардид. Панҷ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид аз тарафи аксар кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуданд, ки вобаста ба обу иқлим ва ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ дар масъалаҳои норасоии оби нӯшокӣ мебошад. Ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо 14-уми декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-ум бо ҷонибдории 153 кишвари узви ин созмон пазируфта шуд.
Дар асоси ин қатънома 21-уми март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо ва дар соли 2025 доир намудани конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе дастгирӣ гардиданд.
Воқеан ҳам, имрӯз бо назардошти тағйирёбии иқлим ва партови газҳои гулхонаӣ ба ҳаво обшавии босуръати пиряхҳо ба назар мерасад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ обшавии пиряхҳо, ки асоси таъминоти оби тоза барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа мебошад, баръало мушоҳида мешавад.
Тоҷикистон аз рӯи шумораи пиряхҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Гарчанде пиряхҳо ҳамагӣ 6-8 дарсади қаламрави Тоҷикистонро ташкил менамоянд, вале садҳо километри мукааб оби тоза захира мекунанд. Қисми асосии пиряхҳо дар ҳудуди қуллаҳои баландтарини Тоҷикистон ҷойгиранд ва онҳо рӯдхонаҳои Амударё ва Зарафшонро, ки ба кишварҳои поёноб — Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон ҷорӣ мешаванд, бо оби тоза таъмин мекунанд.
Пиряхҳое, ки дар Тоҷикистон ҷойгиранд, бузургтарин пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.
Хатари асосии обшавии бошиддати пиряхҳо ва таназзули онҳо барои Тоҷикистон дар он аст, ки захираҳои обӣ дар минтақа кам гардида, аз меъёр зиёд об шудани онҳо боиси баланд гардидани сатҳи оби дарёҳо ва обхезию шуста шудани заминҳои наздисоҳилӣ ва камчинии об дар даҳсолаҳои оянда мегардад.
Тавре аз таҳлилҳои коршиносон бармеояд, дар даҳсолаҳои наздик масъалаи норасоии оби нӯшокӣ дар ҷаҳон ба мушкили рақами як мубаддал хоҳад гашт. Танҳо ҳамкориҳои муштараки байни кишварҳо ва амалӣ гардидани иқдому ташаббусҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам месозад, ки масъалаҳои глобалии сайёра роҳи ҳалли худро пайдо намояд. Эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» низ ба ҳамин хотир аст.
Дар яке аз сарчашмаҳои муътамад омадааст, ки: «Пиряхҳо об мешаванд ва ин як раванди муқаррарии табиӣ мебошад. Онҳо пеш аз мо ҳам об мешуданд ва баъд аз мо ҳам об хоҳанд шуд, баъзан баръакс — бештар захира мешаванд. Ин ҳолат дар тӯли асрҳо рӯй медиҳад. Барои пешгирии ин раванд коре кардан қариб ғайриимкон аст. Иқлим зери таъсири омилҳои гуногун тағйир меёбад ва инро пешгирӣ кардан номумкин аст. Танҳо бояд пиряхҳоро назора кард. Таърих аллакай шоҳиди яхбандии глобалӣ шудааст, вақте нисфи Аврупо зери ях буд, аммо баъдан ин пиряхҳо ба обшавӣ шурӯъ карданд».
Пиряхи Федченко, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, замоне се маротиба бузургтар буд ва дарозии он то ноҳияи Лахш мерасид. Баъдан раванди обшавии он сар шуд ва ҳоло дарозиаш ба 70 км мерасад. Баъди даҳсолаҳо дар робита ба дигаргунии иқлим ин пирях 2 километри дигар коҳиш меёбад.
Бино ба маълумоти оморӣ давоми 30 соли охир пиряхи Федченко беш аз 3 километр масоҳати худро аз даст дода, сатҳи он 50 метр паст фаромадааст.
Яхшиносони тоҷик маълум кардаанд, ки боз як пиряхи бузурги дигар — Зарафшон ҳам ба таври қобили таваҷҷуҳ кам шудааст.
Таъкид мегардад, ки агар раванди кунунии таназзули пиряхҳо 30 — 40 соли оянда идома кунад, бисёре аз пиряхҳои хурди Тоҷикистон комилан аз байн мераванд ва ин ба низоми обии баъзе дарёҳои Тоҷикистон, ба монанди Зарафшон, Кофарниҳон, Қаратоғ ва дарёи Оби хинг, таъсир мерасонад.
Тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ҳамчун мушкилоти нави башарӣ, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.
Маҳз, ба амал омадани ҳамин гуна паёмадҳо роҳбари дурандешу матиниродаи Тоҷикистонро водор намуд, ки бо ташаббуси панҷуми ҷаҳонии худ мардуми сайёраро даъват намояд, ки дар ҳифзи пиряхҳо ҳамчун асоси ташаккули оби тоза масъулиятшинос бошанд. Ин иқдоми Пешвои миллат на ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми кишварҳои сайёра нигаронида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки тағйирёбии иқлим ва бошиддат обшавии пиряхҳо на фақат ҳаҷми захираҳои оби тозаро кам мекунад, балки оқибатҳои бисёр харобиовару ҳузнангез низ дорад. Аз рӯйи иттилои ташкилотҳои гуногуни экспертӣ маълум мегардад, ки дар ҳолати ҳозира дар ҷаҳон 844 миллион нафар одамон бо оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, 1,8 миллиард нафар оби ифлос истеъмол мекунанд ва 2,4 миллиард нафар ба ҳолати беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.
Лозим ба таъкид аст, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта то ҳоло дар натиҷаи обшавии пиряхҳо сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ 5 см боло рафтааст. Таҳқиқоти олимони пажӯҳишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муайян кардааст, ки агар чунин ҳолат давом ёбаду пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ баланд гардида, баъзе қисматҳои давлатҳои соҳили баҳру уқёнусҳо зери об хоҳанд монд.
Аз таҳлилҳои олимону коршиносони соҳа бармеояд, ки ҳар рӯз дар ҷаҳон дар ҳаҷми беш аз 1 миллион тонна ях об мешавад.
Бо назардошти он ки 93 дарсади ҳудуди мамлакатро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳои осебпазиртарин дар баробари тағйирёбии иқлим шуморида мешавад, чунки тибқи маълумоти расмӣ, то имрӯз қариб 1000 пирях дар ҳудуди Тоҷикистон об шудааст.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари аграрӣ вобастагии зиёд аз кишоварзӣ дорад, аммо мутаассифона, кишоварзӣ аввалин бахшест, ки аз тағйироти иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо зарар мебинад. Ин дар ҳолест, ки тақрибан 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Дар ояндаи наздик норасоии оби тоза аз тамом шудани захираҳои нафт дида ба масъалаи мубрами ҷаҳонӣ табдил меёбад ва мушкилоти рақами яки сокинони сайёра мегардад. Аз ин ҷиҳат, сарфи назар кардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди қудратҳою тамаддунҳо шуда метавонад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилии глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаю ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли он даъват намудааст.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»