Оғози кишти пунбадона дар Хатлон

№ 15.03.2023

Кишти пунбадона 2Ба иттилои сардори Раёсати чорводорӣ ва растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Шамсиддин Раҳимзода имсол дар 123 ҳазору 200 гектар пунбадона кишт мешавад. То 14-уми марти соли равон 1480 гектар кишт шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии Зумрад – 1-и деҳоти «Гулистон» иштирок намуд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»