Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст ба бунёди калонтарин корхонаи ресандагӣ дар вилояти Хатлон санги асос гузошта шуд. Он бо саҳми 60 дарсади ҶДММ «Рушди Хатлон» ва 40 дарсад маблағгузории ширкати туркии «Алдост» дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар се марҳила ба сомон расонида хоҳанд шуд. Арзиши молиявии марҳилаи якум 50 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад. Мувофиқи ваъдаи соҳибкорон, дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ марҳилаи якум бояд пурра ба анҷом расонида шавад.
Роҳбари ҶДММ «Рушди Хатлон» Маҳмадшарифи Асадулло иттилоъ дод, ки дар марҳилаи якум 100 нафар дар ду баст бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта мешаванд. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 20 тонна ва дар як сол 7200 тоннаро дар бар мегирад. Дар сурати амалӣ шудани марҳилаи дуюм ва сеюм боз ҳамин миқдор шумораи коргарон ва иқтидори истеҳсоли корхона афзоиш меёбад.
Дастгоҳу таҷҳизоти муосири ресандагӣ аз кишварҳои Олмону Туркия оварда мешаванд. Соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки маҳсулоти хушсифати хешро ба давлатҳои Туркия, Италия ва Хитой содирот кунанд.
Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ қайд намуд, ки аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ, бахусус бонувон, бояд мутахассисони варзида омода кард. Дар сурати бунёди корхона пахтаи дар ноҳия истеҳсолшуда пурра дар он коркард хоҳад шуд.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»