Масъалаи оби нӯшокӣ ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфта, бо сабаби нарасидани он беш аз 2 млрд. одами сайёра азият мекашанд.
Тибқи омори расмӣ, ҳар ҳафта дар ҷаҳон бо сабаби нанорасоӣ ва сифати бади оби нӯшокӣ зиёда аз 42000 нафар ба ҳалокат мерасанд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои зиёди об ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон 14000 пирях мавҷуд аст ва давоми солҳои охир зиёда аз 1000 пирях ба обшавӣ шурӯъ намуд, ки оқибатҳои фалокатборро ба бор оварданаш мумкин аст. Ба ғайр аз ин, калонтарин пирях — Федченко дар охири ҳазораи дуюм беш аз 20 фоизи ҳаҷми худро талаф додааст. Ин масъалаи басо ҷиддӣ мебошад ва созмонҳои байналмилалиро зарур аст, ки дар якҷоягӣ як барномаи махсуси тадқиқотиро оид ба омӯзиши пиряхҳо омода намуда, роҳҳои фаношавии онҳоро пешгирӣ намоянд. Зиёда аз 150 кӯли гуногунҳаҷм ва даҳҳо ҳазор чашма мавҷуданд, ки бо оби софи худ дар дунё машҳур мебошанд. Мутаассифона, баъзан мо ба қадри ин неъмати бузурги Худодод намерасем, ки боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти зиёд мегарданд. Ҳазрати Муҳаммад Расулаллоҳ (с) гуфтаанд: «Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳаёт аст, ки чизе онро наҷис нагардонад».
Дигаргуншавии иқлим ва баланд гардидани ҳарорати офтоб, бешубҳа, ба иқлими Осиёи Марказӣ таъсири манфии худро гузоштааст. Бинобар ин, танҳо дар заминаи ҳамкории тарафайн бо кишварҳои ҳамсоя ва хиради волою закӣ метавон ҳар гуна офатҳоро сари вақт пешгирӣ намуд.
Ховаршиноси маъруфи ИМА Ричард Фрай гуфтааст: «Воқеан ҳам, Тоҷикистон сарзамини хуррам аст, табиати зебову афсунгари Тоҷикистон, ба вижа обҳои равонаш дар дунё назир надоранд». Соле дар ҳудуди ҷумҳурӣ 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад. Ин беш аз 60 фоизи оби дарёҳои ҳавзаи Аралро ташкил мекунад. Аммо аз чунин захираи бойи об танҳо даҳ фоизашро истифода мебарему халос ва зиёда аз 40 фоизи мардуми мо аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишварамон набудани оби нӯшокӣ ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии мамлакат бо оби тоза дар давраи солҳои 2008-2020» -ро қабул намудааст. Тайи панҷ соли охир, дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои муҳим, зиёда аз 1,2 миллион нафар бо оби софи нӯшиданӣ таъмин гардид ва барои 600 ҳазор нафари дигар имкони истифода аз оби нӯшокӣ фароҳам шуд.
Фоҷиаи баҳри Арал барои муҳити зисти Осиёи Миёна басо сангин буда, моро водор мекунад, ки сари он андеша кунем. Азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, ки дар соли 1960 масоҳати чор миллион гектарро ташкил мекарду имрӯз ба нуҳ миллион гектар расидааст, аз аввалин сабабҳои он ба шумор меравад. Ба ғайр аз ин, дар кишварҳои поёноб зиёда аз 100 обанбор сохта шудааст. Аз ҷониби дигар, соли 1956 аҳолии Осиёи Марказӣ 20 миллионро ташкил медод, имрӯз бошад ба 63 миллион нафар расидааст. Ин омилҳо боис гардидаанд, ки вуруди об ба баҳри Арал коҳиш ёбад. Танзими истифодаи захираҳои об дар чунин шароит хеле душвор мебошад, зеро тақсимоти об дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ нобаробар аст. Барои ҳалли ин масъалаи басо муҳиму тақдирсоз ҳамкорӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ зарур аст. Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ин беш аз 30 фоиз кишти пахтаро кам намуда, ба ҷойи он зироати ба шароити камобӣ тобоварро парвариш намуда истодааст, ки ба сарфакории об мусоидат мекунанд.
Имрӯзҳо барои бо оби софи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ дар вилояти Хатлон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд, ки боиси дастгирист. Мутахассисон аз Санкт — Петербург таҷҳизотеро оварданд, ки истифодаи он барои тоза кардани об басо қулай ва муфид аст. Таҷҳизоти филтркунонии Гейзерро дар ҳама ҷо ва дар ҳама шароит мавриди истифода қарор додан имконпазир мебошад. Ба воситаи он қубурҳои обгузари манзили зист ва коргоҳҳои бузурги истеҳсолӣ тоза карда мешавад.
Дигар таҷҳизоте, ки олимони Санкт — Петербург сохтаанд ва барои тоза кардани оби нӯшокӣ басо муҳим аст, бо номи «Арагон» машҳур аст, ки барои саломатии инсон басо зарур ва муҳим мебошад.
Дар маҷмӯъ, зарур ва ногузир аст, ки ҳар як сокини мамлакат дар самти сарфаи об ва истифодаи самараноки он фаъол бошад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон