Дар қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали баҳори ҳар сол дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба тасвиб мерасанд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» муваззаф мешаванд, ки бо мақсади таъмини талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо бо ангишт, гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ ва ҳезум нақшаи захираи маҳсулоти номбурдаро таҳия ва иҷрояшро таъмин намоянд. Аммо талаботи қарори Ҳукумати мамлакат, хусусан, дар самти таъмини талаботи аҳолӣ бо ангишт, иҷро намешавад. Ин аст, ки баробари наздик шудани фасли сармо нархи ангишт рӯ ба афзоиш меорад…
АНГИШТ ЧӢ ҚАДАР НАРХ ДОРАД?
Тоҷикистон дорои захираи бузурги ангишт мебошад. Аз ин рӯ, солҳои охир, бинобар таъмини талаботи корхонаҳои саноатӣ ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки бо истифода аз ин намуди сӯзишворӣ фаъолият доранд, истихроҷи он ба 2 миллион тонна дар як сол расонда шуд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз қисми зиёди аҳолии мамлакат қобилияти ба миқдори зарурӣ харидорӣ намудани онро надоранд. Зеро дар кишвар марказҳои фурӯши ин намуди сӯзишворӣ мавҷуд нест. Ба интиқол ва фурӯши он аслан нафароне машғуланд, ки мошини боркаш доранд. Бинобар ин, вобаста ба вазъи обу ҳаво нархи ин намуди сӯзишворӣ тағйир меёбад. Масалан, агар дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он моҳҳои август-сентябр як тонна ангиштро 600 сомонӣ харидорӣ кардан мумкин бошад, пас аз моҳи октябр нархи он то 800 сомонӣ боло меравад. Аз ин хотир, нафароне, ки қобилияти харидории онро надоранд, манбаъҳои дигари гармиро ҷустуҷӯ мекунанд. Барои мисол, ашхосе, ки дар хона чорвои калон парвариш мекунанд, аз таппак истифода мебаранд.
Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Саидраҳмонзода, нархи як тонна ангишт дар корхонаҳои истихроҷи ангишт ба ҳисоби миёна аз 108 сомону 60 дирам то 458 сомону 59 дирамро ташкил медиҳад. Нархи аз ҳама гарони ангишт дар ҶСК «Ангишти Камароб» (ангишти хока 354 сомонӣ, омехта — 407 ва бутун 614 сомонӣ) ва аз ҳама арзон дар ҶДММ «Қудрат-2010» (108 сомонӣ ангишти бутун) ба чашм мерасад. Ангишти Корхонаи фаръии «Шахтаи «Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ, ки қисми зиёди аҳолӣ аз он истифода мебаранд, мутаносибан 290 — 320 сомонӣ барои як тонна нархгузорӣ шудааст, аммо ҳоло як тоннаи онро дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он аз 800 сомонӣ арзонтар пайдо кардан имкон надорад.
Бо мақсади огаҳ шудан аз вазъи захираи ангишт ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» муроҷиат намудем. Сардори шуъбаи он Талбак Худойназаров хоҳиш кард, ки ба саволҳоямон ҳангоми нишасти матбуотии солона ҷавоб гирем. Вақте талаб намудем, ки оид ба ин масъала маълумот диҳад, дар ҷавоб гуфт: «Тоҷикматлубот» танҳо бо дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактаб ва беморхонаҳоро бо ангишт таъмин мекунаду халос». Яъне, барои аҳолӣ иттифоқи мазкур ангишт захира намекардааст. Воқеан ҳам, «Тоҷикматлубот» солҳои охир дар ҳеҷ кадом аз самти фаъолият кори назаррасеро анҷом надодааст. Гоҳ-гоҳ ярмарка-фурӯш ва бо мошинҳои сайёр дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил менамояд, ки нархи маҳсулоти пешниҳодшуда дар баъзе ҳолат бештар аз нархи супермаркетҳост. Ҷаноби Худойназаров бояд дар хотир дошта бошад, ки оид ба ин мушкилот дар нишасти матбуотии «Тоҷикматлубот» баҳс шуда буд.
Дар Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки як миқдор ангиштро барои эҳтиёҷоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон захира намудаанду халос.
МАРДУМ ЧӢ МЕСӮЗАНД?
Агар дар ноҳияҳои таҳдашт аҳолӣ бештар ғӯзапояи пахтаро барои зимистонгузаронӣ захира намоянд, дар ноҳияҳои кӯҳии наздик ба ҷангалзор манбаи асосии гармӣ ҳезум аст. Мувофиқи маълумоти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли равон аз тарафи кормандон доир ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи ҷангал 1107 санад тартиб дода, ба маблағи 475,2 ҳазор сомонӣ зарар муайян карда шудааст. Аз миқдори умумии қонунвайронкунии ошкоргардида 474 ҳолат ба ғайриқонунӣ буридани дарахтон рост меояд. Ба касе пӯшида нест, ки дар шароити кӯҳистон гирифтани пеши ин кор на ҳама вақт имконпазир аст. Ҳатто, агар ин кор тавассути иҷозатномаи хоҷагиҳои ҷангал сурат гирад ҳам, ҳатман аз меъёр зиёдтар «амалӣ» мешавад.
ЧӢ БОЯД КАРД?
Мақомоти марбутаи давлатиро мебояд, вазифаҳояшонро оид ба таъмини ангишт ва танзими нархи он иҷро намоянд. Набудани нуқтаҳои фурӯши ангишт дар шаҳру ноҳияҳо сабаб шудааст, ки мардум баъзан ангишти пастсифатро бо нархи баланд харидорӣ кунанд. Зеро, ронандае, ки бо мошини шахсӣ ба интиқол ва фурӯши ангишт машғул аст, сифати маҳсулотро кафолат дода наметавонад. Корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бо ташкилоту идораҳо дар бораи таъмини ангишт шартнома баста, дар навбати аввал, уҳдадориҳои шартномавиро иҷро менамоянд ва баъд аз он ба соҳибкорони инфиродӣ ё шахсони воқеӣ ангишт мефурӯшанд. Аз ҷониби дигар, ба таври инфиродӣ дастрас намудани ангишт аз корхонаҳои истихроҷкунанда душвор аст. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд дар мавсими сармо нуқтаҳои фурӯши ангиштро ба таври ҳатмӣ ташкил намоянд. Аз ин кор мақомоти дахлдор зарар намебинанд, зеро онҳо ба аҳолӣ ангиштро ройгон намедиҳанд.
Ё масъулин ба таври дигар меандешанд?
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»