Оё баъди нӯшидани он роҳати кас меафзояд?
- Марҳамат, «лимонади союз», «морс», «газвода»…
Ин садоро имрӯз дар ҳама кунҷу канори шаҳри Душанбе (шояд дар дигар шаҳрҳо ҳам) мешунавед.
Боре ин садоро шунида, ба сӯи соҳиби он нигаристам. Писарбачаи тахминан 13-14 — сола чолокона зарфҳои як-якунимлитраро аз қафои мошини «хӯҷаин» берун мекарду ҳамзамон одамонро ба харидорӣ даъват менамуд. Вақте диққат додам, обҳо як намуд буданд. Он наврас бо шавқи зиёд: — «лимонади союз», «морс», «газвода» — гуфта маҳсулотро тарғиб мекард. Шояд обҳо воқеан ҳам роҳатафзо бошанд. Аммо дар зарфҳое пешкаши мардум мегарданд, ки на тамға доранду на суроғаи истеҳсолкунанда. Пас кафолат куҷост?
Мавсими яхмосхӯрӣ ҳам фаро расидааст ва имрӯз даҳҳо намуди он пешкаши харидорон аст. Аммо онҳое, ки давраи шӯравиро паси сар кардаанд, мегӯянд, ки яхмоси имрӯза маззаи яхмоси пештараро надорад. Чаро ин тавр аст? Яхмосро киҳо, дар куҷо омода мекунанд ва оё онҳо ба саломатӣ зарар намерасонанд? Фурӯшандагон ба ин саволҳо ҷавоб дода наметавонанд, зеро аксарият бепарвоянд.
Ба шарофати тинҷию оромии кишвар бозору марказҳои савдо пур аз маҳсулоти гуногуни ғизоист. Табиист, ки дар чунин ҳолат назорати сифати маҳсулот нисбатан душвор аст ва бисёр вақт таваккал карда, харидорӣ менамоему мегӯем: «Худо инсоф диҳад». Аммо, ҳар рӯз шоҳиди беинсофиҳои зиёд мешавем. Бинобар ин, кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт», ниҳодҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти талаботи ҳаррӯза ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон масъулияти бештар дошта бошанд. Дар арафаи иди саиди Фитр савдои маҳсулоти гуногун, аз ҷумла нӯшокиҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ ва шириниҳо зиёд мешавад. Биноан хуб мебуд мутахассисону нозирони ниҳодҳои марбута мунтазам рейдҳо гузаронанду пеши роҳи ба бозор роҳ ёфтани маҳсулоти зарароварро гиранд, вагарна ҷуброни зарари онҳо мушкил мешавад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»