Ҷобирзода Тоҳир Гул: «Дарки моҳияти масъала аз шарҳи он низ вобаста аст»

№112 (3749) 21.09.2017

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, чанде пеш аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар пешниҳод шуда буданд, ки онҳоро Маҷлиси намояндагон қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд.

Зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар шаҳру навоҳии кишвар вакилони Маҷлиси намояндагон қонунҳои мазкурро шарҳу тавзеҳ доданд. Аз ҷумла, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул дар ноҳияҳои Бохтар ва Ҷалолиддини Балхӣ бо интихобкунандагон як силсила мулоқот баргузор намуд, ки дар онҳо зарурати қабули қонунҳои мавриди назар бо далелҳо асоснок карда шуданд. Чунин вохӯриҳо дар Донишкадаи энергетикӣ, беморхонаи марказӣ, деҳоти «Заргар», «Сарвати Истиқлол», «Сомониён», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳияи Бохтар ва деҳоти «Узун»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон сурат гирифтанд.

Дар оғоз Ҷобирзода Тоҳир Гул моҳияти корҳои фаҳмондадиҳиро махсус таъкид карда, гуфт, ки дарки моҳияти масъала аз шарҳи он низ вобаста аст. Номбурда афзуд, ки қонунҳои зикршуда дар асоси дархости сокинони мамлакат таҳия ва қабул гардидаанд. Махсус таъкид намуд, ки ҷиҳати баланд ­бардоштани ­масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид ва онҳо вазифадор карда шуданд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя кунанд ва риояи онро аз ҷониби фарзандонашон таъмин намоянд. Риоя накардани ин талабот барои аз вазифа озод намудани хизматчии давлатӣ асос мегардад. — Давлат масъул аст, ки ҳама гуна омил ва амалҳоеро, ки садди роҳи ваҳдат, якпорчагӣ, рушди маънавӣ, иқтисодии халқ ва мақсадҳои олии он мегарданд, бартараф намояд — гуфт ӯ.

- Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд расму анъана ба зарари моддӣ ва маънавии инсон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ нигаронида шаванд. Бо дарназардошти ин омил, вакилони Маҷлиси намояндагон бо такмил додани заминаи қонунгузорӣ, пеш аз ҳама, рукнҳои давлатдориро тақвият дода, баҳри боз ҳам беҳбуд бахшидани зиндагии шаҳрвандон шароит фароҳам оварданд.

Доир ба зарурати тағйиру иловаҳои воридгардида ба матни қисми 2 моддаи 15 — «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сарулибоси миллиро ҳифз намоянд», — сухан ронда, номбурда рӯи кор омадани муқаррароти мазкурро муҳим, саривақтӣ ва зарур арзёбӣ намуд.

- Ҳаводиси ҷаҳони муосир далели бебаҳси он аст, ки дар сурати арҷгузорӣ нагардидан ба рукнҳои фарҳанги миллӣ ба вартаи нобудӣ наз­дик шудани дилхоҳ миллат падидаи маъмул хоҳад гашт. Дар навбати худ, анъана ва ҷашну маросим ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Биноан, давлат ҳуқуқи танзими анъана ва ҷашну маросимро дорад ва ин на танҳо ҳуқуқи давлат, балки уҳдадории давлатҳои адолатпеша ва иҷтимоист, — афзуд Ҷобирзода Тоҳир Гул.

Интихобкунандагон низ ба сухан баромада, ба вакили Маҷлиси намояндагон барои шарҳу тавзеҳи фарогири тамоми ҷанбаҳои қонунҳои зикршуда арзи сипос карданд. Гуфта шуд, ки саҳмгузорӣ дар иҷрои қонунҳо вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як сокини мамлакат аст.

 Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»