Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат (22 декабри соли 2016) дар даврае пешниҳод шуд, ки кишвари мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми он ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Дар Тоҷикистон, ки давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ мебошад, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст. Дар Паём қайд гардид, ки бо мақсади амалишавии арзишҳои конститутсионӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои ҳуқуқӣ такмил дода шуданд ва дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардиданд. Маҷлиси Олии мамлакат қонунҳоеро қабул намуд, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешрафти иқтисодиёт ва соҳибкорӣ равона шудаанд. Бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш дода шуд, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Илова бар ин, дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар мақомоти давлатӣ вазифадор гардидаанд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро густариш диҳанд.
Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.
Масъалаи дигаре, ки дар Паём матраҳ гардид, содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор карда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст. Зеро, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе аз кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш доданд, ки барои бартараф кардани ин камбудӣ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мубориза ба муқобили коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
Аз ин хотир, моро зарур аст, ки нуктаҳои Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кор қарор дода, баҳри ободӣ, хуррамӣ, шукуфоии ҷомеа ва давлат камари ҳиммат бандем. Пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва ба миллату Ватани азизамон софдилона хизмат намоем.
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА,
корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе