Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни сафар ба Тоҷикистон ва дидани пайомадҳои тағйирёбии иқлим кишварҳои ҷаҳонро ба андешидани чораҳои таъхирнопазир вобаста ба тағйирёбии иқлим даъват намуд.
Сарходими илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдулҳамид Қаюмов доир ба ин масъала чунин ибрози назар кард:
- Имрӯз сокинони сайёраи Заминро тағйирёбии иқлим ба ташвиш овардааст. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои осебпазир аст ва дар ин самт тадбирҳои саривақтӣ андешидан зарур мебошад. Биноан, фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, таъмини некуаҳволии мардум, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, диверсификатсияи иқтисод ва ҳамлу нақл, таъмини суботи сиёсӣ равона шудааст. Беҳтар кардани истифодаи захираҳои энергетикӣ аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки бо дарназардошти оқибатҳои тағйирёбии иқлим амалӣ мешаванд.
Соҳаи кишоварзӣ низ аз тағйирёбии иқлим (хушксолӣ, обхезӣ, ҳарорати баланду паст, сардии бармаҳал ва ҳашароти зараррасон) осебпазир аст. Бинобар ин, Давлат ва Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавориро аз ҷумлаи ҳадафҳои асосӣ қарор додааст.
Ба пиряхҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ бояд ҷиддӣ ва доимӣ бошад. Тавре ҷаноби Антониу Гутерриш ҳангоми боздид аз кӯли Сарез таъкид намуд, бинобар обшавии пиряхҳо ниҳоят муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ барои андешидани тадбирҳои таъсиргузор ва талошҳои муассир ҷиҳати пешгирии таъсири тағйирёбии иқлим ҷалб шавад. Пиряхҳои Тоҷикистон дар баландкӯҳҳо (беш аз 2 500 м) ҷойгир буда, нисбат ба тағйироти иқлим хеле ҳассосанд. Ҳатто камтарин тағйироти ҳарорат (ба андозаи 0.5-1°C) пиряхҳоро то 30 фоиз коҳиш медиҳад.
Агар деградатсияи яхшавиро аз ибтидои андозагирии инструменталӣ, яъне аз солҳои 1930 то имрӯз арзёбӣ намоем, он вақт ҳаҷми обшавӣ воқеан ҳам 30 фоизро ташкил медиҳад. Масалан, пиряхи аз ҳама калонтарини Тоҷикистон — Федченко, аз аввали асри XX (нахустин андозагириҳои инструменталӣ дар соли 1928 гузаронида шудаанд) 5 км3 масоҳаташро аз даст додааст. Пиряхҳое, ки дар поёнтар ҷойгиранду ҳаҷман кӯчактаранд, бештар об шудаанд. Барои мисол, пиряхи Зарафшон солҳои 1927 — 2010 2.5 км коҳиш ёфтааст.
- Ин мавзӯъ доманадор аст ва бояд мавриди баррасии доимии олимону муҳаққиқон, мутахассисони ниҳодҳои марбута қарор гирад. Тавре маълум аст, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оид ба масъалаи об пешсаф аст ва иқдомоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ пайдо кардаанд. Ин нуктаро Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш низ махсус таъкид кард. Боварӣ аст, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» дар ин самт низ тадбирҳои муассир андешида мешавад.
Б. Каримзода,
«Садои мардум»