«Истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бе ворид намудани технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникаи парвариши зироатҳо ғайриимкон аст»
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017
Тағйирёбии иқлим, хосатан, гармшавии сайёра имрӯз инсониятро сахт ба ташвиш овардааст. Бо мақсади паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим даҳҳо лоиҳаи инвеститсионӣ бобати самаранок истифода бурдани захираҳои табиат, аз ҷумла об, ки муҳимтарин сарчашмаи ҳастии инсон аст, татбиқ мешаванд. Дар ҷумҳурӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ усули обёрии қатравиро таҷриба менамоянд.
Зимни омӯзиши масъала маълум гардид, ки обёрии қатравӣ, дар маҷмӯъ усули нав набудааст. Бо ин роҳ обёрӣ кардани боғотро ҳанӯз дар замони шӯравӣ иттиҳодияи маъруфу азими умумииттифоқии «СредАзирсовхозстрой», ки саридорааш дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд, шурӯъ карда буд.
Собиқадори соҳаи кишварзӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураззоқ Ҳоҷибоев аз нафаронест, ки ин гуфтаро тасдиқ менамояд.
- Ман он вақт дар филиали ленинободии Институти илмӣ-истеҳсолӣ ва боғпарварии ба номи Мичурини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҷонишини директор кор мекардам. Бо дастури Иттиҳодияи «СредАзирсовхозстрой» усули обёрии қатравиро дар совхози «Анҷумани ХХV-ҳизб» (имрӯза деҳоти «Қаҳрамон»)-и ноҳияи Ашт таҷриба кардем. Мутаассифона, самар наовард. Бинобар зиёд будани рег дар таркиби хоки мавзеъ аз шамоли сахт ниҳолони майдони боғи таҷрибавӣ решакан шуданд. Он вақт ба хулоса омадем, ки барои ҷорӣ кардани усули обёрии қатравӣ мувофиқ будани таркиби хок низ шарти муҳим аст.
Сардори Идораи кишоварзии ноҳияи Ашт Рафторҷон Муҳаммадиев низ таҷрибаи бесамари ин усули обёриро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нақл кард:
- Соли 1993, ҳангоми сарагрономи идораи кишоварзии ноҳия буданам, роҳбарияти вақти вилоят дар хоҷагии «Рахш» усули обёрии қатравиро зимни парвариши пахта таҷриба намуданд. Мутахассисон аз давлати Исроил омада, майдони таҷрибаро 150 гектар муқаррар карданд. Шояд дар рӯйпӯш кардани заҳбуру заҳканҳо, ки намнокии баланди заминро ба эътидол меоварданд, ба хатогӣ роҳ доданд. Ин аст, ки намнокии замин рӯй зад ва маҷбур шуданд, ки ба мутахассисони маҳаллӣ муроҷиат кунанд. Бо азобе ҳосили пахтаи соли аввал киштаашонро ғундоштанду ба ватанашон рафтанд. Бояд иқрор шуд, ки барои гузаронидани таҷриба хароҷоти «ҳангуфт» карда буданд. Ба мо ҳам паст будани арзиши аслии истеҳсоли ашёи хом маъқул буд. Барои мисол, техника як маротиба-вақти кишти пунбадона истифода мешуду халос. Илова бар ин, нурии минералӣ ба воситаи об дода мешуд.
Соли 2002 кишоварзони вилояти Суғд бори дигар ба ин усул рӯ оварданд. Ширкати азими маблағгузории соҳаи кишоварзӣ «Хуҷанд инвест коттон» дар дашти «Қизилӣ»-и ноҳияи Ғончӣ хоҷагии пахтакории «Дӯстии халқҳо»-ро таъсис дода, барои обёрии 500 гектар замини пахта бо ҷалби мутахассисони чинӣ аз усули обёрии қатравӣ истифода бурд. Камина он солҳо дар идораи рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ба сифати мудири шуъбаи кишоварзӣ фаъолият доштам ва чанд хабару гузориш низ роҷеъ ба ин усул нашр кардам. Дар мақолаҳо бо такя ба гуфтаҳои мутахассисони чинӣ афзалияти усул, хусусан камхарҷ будани онро зикр карда будем. Ҳосил хуб шуд. Вале, он ҳам дер давом накард. Сабабашро мудири бахши растанипарварии Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудов чунин шарҳ дод:
- Аввалан, ба сабаби ноҳамвории заминҳои минтақа обёрӣ ба воситаи лӯла гузаронда мешуд. Дуюм, майдони кишти зироатро бо вуҷуди истифодаи зиёди заҳрдору-гербитсид тавассути об, алафҳои худрӯй зер кард. Ба андозае алафи бегона нумӯъ ёфт, ки дар баъзе ҷойҳо то қади одам баланд шуд.
Ҳафт сол пас ширкат аз ноомади кор дилгир нашуда, аз нав ба ин усул рӯ овард. Ин навбат бе ҷалби мутахассисони беруна усули обёрии қатравиро дар парвариши полезиву сабзавот таҷриба кард.
- Онҳо дар 100 гектар полезиву сабзавот киштанд, ҳосил фаровон шуд, — зикр кард А. Маҳмудов. Афзалияти усулро кишоварзон минбаъд хуб дарк карданд ва агроном-энтимолог Умедҷон Шарифов нозукиҳои онро дар хориҷа омӯхта, қарор дод, ки дар Исфара таҷриба намояд.
- Таҷрибаи гузаронидаи мутахассисони Чину Тоҷикистон дар кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» самараи хуб дод. Бино ба гуфти масъулин, усули обёрии қатравиро дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Б. Ғафуров, Конибодому Исфара, хосатан, боғоти шаҳраки навбунёди «Сайҳун», ба таври васеъ истифода мебаранд. Соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодом бо татбиқи лоиҳаи «Идоракунии экологияи замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» дар хоҷагии деҳқонии «Маданият-1» дар масоҳати 1 гектар усули обёрии қатравиро таҷриба карданд.
- Таҷриба нишон дод, ки обёрии қатравӣ аз бисёр ҷиҳат афзалият доштааст, — гуфт раиси АИО «Кавсари Канди куҳан» Алибой Эргашев ва афзуд, ки бо усули пешин агар ба парвариши 1 га пахтазор аз 10 то 11 ҳазор метри мукааб об сарф мешуд, бо усули нав се маротиба кам гардид. Аз ҳар гектари пахтазор 35 — сентнерӣ ҳосил ба даст омад.
Салоҳиддин Маҳкамов — узви хоҷагии деҳқонии «Маданият-1», дар зироаткорӣ кумакрасони падар аст. Ӯ зимни суҳбат изҳор дошт, ки ин усул хеле қулай ва сарфакорона аст. Соле муқаддам барои парвариши пахта то 7-8 маротиба аз хизматрасонии техника истифода мебурдем, ки ба ҳар хизматрасонӣ 500 сомонӣ маблағ сарф мешуд. Ин навбат як маротиба вақти кишт истифода кардему халос. Дар обёрӣ ҳам сарфакорӣ шуд. Муҳлати ҳар обёрӣ бо усули куҳна 9-10 соат тӯл мекашид, аммо бо ин усул дар 5 соат замин сероб мешавад.
Имрӯзҳо дар шаҳраки навбунёди Сайҳун зиёда аз 1000 гектар боғ бунёд шуда истодааст.
- Тибқи дастури роҳбарияти вилоят боғҳо бояд пурра бо усули қатравӣ обёрӣ шаванд, — изҳор дошт яке аз масъулони бунёди боғи нав бо усули обёрии қатравӣ Абдуҳамид Ҳошимов. Дар Сайҳун об фаровон бошад ҳам, мардум дарк карда истодаанд, ки минбаъд дар шароити мураккабшавии иқлим, истифодаи ин усул барояшон фоиданоктар аст.
- Гузаштан ба обёрии қатравӣ талаботи айём аст, зеро иқлими сайёра сол аз сол тағйир ёфта, камобӣ мушоҳида мешавад. Баҳсу мунозира оид ба тақсимоти об дар минтақаҳои сарҳадӣ рӯ ба афзоиш дорад. Муҳимтар аз ҳама, таҷриба исбот кард, ки бо ин усул парвариши тамоми зироат сарфакорона хоҳад буд, — мегӯяд Абдуҳамид Ҳошимов.
Сардори ИДБЗО-и шаҳри Конибодом Асрориддин Шокиров, роҷеъ ба бартарии ин усул чунин иброз дошт:
- Бо усуле, ки айни ҳол зиёда аз 24 ҳазор гектар заминро обёрӣ мекунем, пеш бурдани кишоварзӣ басо мушкил аст. Агар 10 сол муқаддам аз канали калони Фарғона ба шаҳр то 15 мукаабметр/сония об мерасид, пас имрӯз аз 3 то 4 мукаабметр/сония ҷорӣ мешавад. Таҷриба нишон дод, ки барои як маротиба обёрӣ кардани 1 гектар зироат бо усули бобоӣ то 1000 литр об лозим аст, ҳол он ки бо усули қатравӣ 200 литр басанда мебошад.
Гузаштан ба ин усул хароҷоти муайянро талаб мекунад. Бино ба гуфти корманди ширкати «Агросервиси Ховалинг» Муҳаммадюсуф Ятимов, барои гузаштан ба усули обёрии қатравӣ зимни парвариши зироатҳои полезӣ аз 17 то 20 ҳазор сомонӣ лозим мешавад. Барои боғот андаке камтар. Табиист, ки ба харҷи ин миқдор маблағ на ҳама қодиранд. Бинобар ин, онҳо ба дастгирии давлат муҳтоҷанд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»