Оини ҳамсоядорӣ ва зарурати ҳифзи бозор

№13 (4596) 16.01.2023

Омилҳои асосии ҳифзу гиромидошти равобит бо Афғонистон, ки баъзеҳо таҳриф намуданианд

1431918.1.1518665410Бо мақсади бе мушкилӣ гузаронидани рӯзҳои сарди фасли зимистон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11-уми январи соли равон маҳдудият дар таъмини неруи барқ, ки дар баъзе минтақаҳо роиҷ буд, аз байн бардошта шуд. Дар шарҳу тавзеҳи иқдоми мазкур Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» иттилоъ дод, ки то ин вақт бо сабаби норасоии мавсимии захираҳои обу энергетикӣ, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисони мо дар давраи тирамоҳу зимистон ба қадри зиёда аз 1 миллиард квт. соат пешгӯӣ шудааст, таъмини барқ дар баъзе минтақаҳои мамлакат танҳо шабона аз соати 22:00 то 05:00 маҳдуд карда мешуд. Таъкид гардид, ки интиқоли бе маҳдудияти неруи барқ бо назардошти афзоиши талабот дар рӯзҳои сард аз як ҷониб, боиси хароҷоти иловагии оби обанбори НБО «Норак» гашта, аз тарафи дигар, дар ҳолати риоя нагардидани тадбирҳои сарфаҷӯии неруи барқ ба сарбории шабакаҳои барқӣ, тарансформаторҳо ва садамаҳо дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, ШСХК «Барқи Тоҷик» аз муштариёни неруи барқ дар мамлакат хоҳиш намудааст, то ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат неруи барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода намоянд.

Иттилои дигари марбут ба ин масъала, ки дар сархати расонаҳо қарор дорад, тамдид гардидани созишномаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон барои соли 2023 миёни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати «Брешно» (Корхонаи миллии барқи Афғонистон) маҳсуб мешавад. Қобили зикр аст, ки созишномаи мавриди назар 10-уми январи соли ҷорӣ дар давлати Туркия ба имзо расидааст.

Мутаассифона, ноогоҳӣ аз моҳияти ­масъала боиси вокуниши нодурус­ти бархе аз ҳамватанонамон гардидааст. Аксари назарҳое, ки аз ҷониби ба ном «коршиносон» дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ гардидаанд, бар хилофи ба имзо расидани қарордоди дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар хусуси барқ мебошад. Албатта, назарҳо гарчанде аз забони коршиносон оварда шуда бошанд ҳам, вале онҳо бояд, қабл аз ҳама, мафҳуми сиёсатро дарк мекарданд. Чун ин низ як навъи сиёсат аст, ки кишварҳои ба ҳам дӯст, бахусус ҳамҷавор, бояд кумакҳои дуҷонибаро ба роҳ монанд. Рисолати ҳамсоягӣ низ ин амалро тақозо мекунад. Дар вақти тангдастӣ ва зарурӣ дасти кумак дароз кардан аз амалҳои башардӯстонаву ҳасана ба шумор меравад. Ҳамчунин, усули бунёдии сиёсати хориҷии кишвар ҳамгироӣ ва равобити дӯстона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон аст. Гумони ғолиб он аст, ки нуктагирӣ оид ба масъалаи зикршуда ба хотири наҳ задани сиёсати имрӯзаи кишварамон аз ҷониби баъзе коршиносони ноогоҳу айбҷӯй мебошад.

Ҷараёни муваффақи пешрафти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон, қабл аз ҳама, ба фазои ягонаи геополитикӣ бо дигар кишварҳо марбут мебошад. Бояд ашхосе ба мавзӯи сиёсат дахл намоянд, ки дар ин ҷода саводи казоӣ дошта бошанд. Беҳтар мебуд, он коршиносоне, ки бо назарсанҷиву изҳори ақидаҳои худ ҷомеаро ба гумроҳӣ ва ноумедӣ мебаранд, ба ҷойи сухан гуфтан хомӯширо ихтиёр намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки новобаста ба дигаргунӣ дар умури давлатдории ҳамсоякишвар, ҷонибҳо дар моҳи декабри соли 2021 дар мавриди интиқоли барқ аз Тоҷикистон барои соли 2022 ба тавофуқ расида буданд.

Муҳим он аст, ки ин қарордоди иловагии соли 2008 баимзорасида созишномаи байни ҷонибҳо мебошад ва имзои қарордоди иловагӣ фақат ҷанбаи иқтисодӣ дорад. Онҳое, ки аз нозукиҳои иқтисод каме огоҳанд, медонанд, ки бо назар­дошти имкониятҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои неки соҳа дар кишвар аз даст додани чунин бозор ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.

Дар мавриди мавқеъгирии кишвари мо вобаста ба вазъи ҳамсоякишвар бояд касе, аз ҷумла нотавонбинони миллат, аз давлати тоҷик нигарон набошанд. Дар замоне ки аксар давлатҳо ба проблемаи Афғонистон «аз паси панҷа» менигарис­танду боқимонда пайи амалӣ намудани аҳдофи геополитикӣ аз тариқи ҳузур пайдо кардан дар ин кишвар «ҷаҳду талош» доштанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пайомади қазияи ҳамсоякишвар ҳушдор дода буданд.

Дар ҳоле ки сарварони кишварҳои олам вобаста ба ҳаракати «Толибон» созишкориро пеша намуда, қисмати дигар интизори фарҷоми қазияанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва дигар мулоқоту суханрониҳояшон мавқеи хешро, ки комилан фарқкунанда аст, баён намуданд. Бо ибрози он ки «тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонис­тон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд», Роҳбари мамлакат тоҷикони Афғонистонро, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми он кишварро ташкил медиҳанд, ба таври шоиставу бесобиқа ҳимоя карданд. Бори дигар собит шуд, ки муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои тоҷикони ҷаҳон баҳри ҳифзи манфиат ва ҳуқуқу озодиҳои тоҷикон собитқадаманд.

Сарвари давлати мо беҳтару бештар аз дигарон медонанд, ки «Толибон» ба ҳеҷ ваҷҳ неруи мустақил ва ягона набуданду нестанд. Онҳо василае ҳастанд дар дасти соҳибонашон, ки онҳоро кумаки моддӣ ва низомӣ мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои манфиатдор, ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷуд­омада танҳо гузоранд. Бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.

«Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд». Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикмату воқеияти зиёдро ба маъраз гузошт.

Пешвои миллат барҳақ иброз намуданд, ки «Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне, фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад».

Воқеан ҳам, дар робита ба вазъи Афғонистон бетафовутиро ихтиёр кардани ташкилотҳое, ки барои «пишаки касеро сахт пишт гуфтан» дар давлатҳои рӯ ба инкишоф садо баланд мекарданд, мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шармсории масъулини онҳо гардид. Он ташкилотҳо, ки аз тариқи «раддабандӣ» мунтазам аз мавҷудияти «маҳдудияти динӣ» дар кишвари мо нигаронӣ мекарданду «талаб» пеш мегузоранд, ки ин ё он маҳбусро филфавр озод кунед, чаро дар мавриди зери по шудани кулли арзишҳо дар Афғонистон хомӯшанд?

Созмонҳои «дилсӯз»-е, ки аз тадбирандешиҳо дар мавриди пешгирии ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос дар байни занону духтарони тоҷик нороҳат шуда, ба Ҳукумат тавсия медоданд, магар аҳволи занони афғонро намебинанд?

Куҷост САҲА, ки доир ба вазъи ин давлати ҷангзада гузориш омода ва намояндагони Ҷабҳаи муқовиматро дар ҷаласаҳояш болонишин кунад?

Айни замон дар миқёси ҷаҳон бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ба авҷи аъло расида, зиракии сиёсиро то андозае аз даст додани аҳолии баъзе кишварҳо ин равандро беш аз пеш шиддат бахшидааст. Агар дар кишварҳои Аврупо ин раванд аз тариқи «инқилобҳои ранга» амалӣ гардад, пас дар кишварҳои Шарқ рӯи кор овардани равияҳои иртиҷоӣ ҳамчун «восита»-и «ба мақсад расидан» хеле васеъ истифода мешавад.

«Толибон» аз ҷумлаи ҳаракатҳое маҳсуб меёбад, ки дар ин замина рӯйи кор омадаву эҷоди фитна, тафриқаандозӣ миёни мусулмонон, таълим ва тарғиби андешаву равияҳои экстремистӣ, табаддулоти давлатӣ ва ғайра ҳадафҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.

Ин ҳаракати ифротгаро, ки «тифл»-и ба ноз «парварда»-и баъзе абарқуд­ратҳо маҳсуб меёбад, барои дастёбӣ ба мақсадҳои муғризона истифода шуда, дар заминаи созишҳои пинҳонӣ ба сари қудрат омад. Онҳо бӯе аз сиёсату одамият набурда, аз назокатҳои давлатдорӣ комилан бехабаранд. Бо назардошти «неру»-и зеҳние, ки «нухбагон»-и ин ҳаракати иртиҷоӣ доранд, мутмаинам, ки ояндаи наз­дик дар давлатдорӣ ноком ва шарманда хоҳанд шуд.

Агар амиқ мавзӯъро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, собит мешавад, ки мавриди назари кишварҳои абарқудрат маҳз он кишварҳоеанд, ки мардум ба ақоиди динӣ «майл»-и бештар доранду зудбоваранд.

Ба ибораи дигар, ки дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини ислом мебошанд, бозигарони геополитикӣ аз ақоиди динӣ ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода менамоянд.

Хулоса, аз ҷониби абарқудратҳо идеологияҳои зарурӣ «ихтироъ» ва миёни мусалмонон ворид шуда истодаанд, ки дар сурати аз даст додани зиракии сиёсӣ метавонанд рисолати хешро «сарбаландона» иҷро намоянд. Авзои кунунии ҷаҳон, муносибати абарқуд­ратҳо бо ҳамдигар ва дигар кишварҳо ва воқеияти геополитикӣ далели возеҳи ин гуфтаҳоанд.

Ба «шарофат»-и тоифаи мавриди назар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ибораи «Ислом ба зоти худ надорад айбе» камтаваҷҷуҳ шуда, муътақид гардид, ки «мусалмонон фоқамасту ҷандапӯш» ва ифротианд.

Боиси нигаронӣ ва таассуфи ҳар фарди мусалмон бояд бошад, ки аксар ҳолат ба «осиёб» — и чунин давлатҳову гурӯҳҳо маҳз кишварҳои мусалмонӣ, «об рехта истодаанд». Воқеоти чанд вақти охир, аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсикунӣ ва ба терроризм рабти бевосита додани ислом ба як маъракаи густурда табдил ёфтааст. Дар ин раванд зудбоварӣ ва побанди хурофот будани қисмате аз мардум омили асосии «ҳадафрас» шудани тасмимоти беруна мебошад.

Дар шароите ки ба шарофати иродаи сиёсӣ, мавқеи устувор, содиқу арҷгузор будан ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ обрӯву нуфузи Пешвои миллат тамоюли боз ҳам болоравиро касб кардааст, нотавонбинон бо сафсатапароканӣ мехоҳанд «офтобро бо домани ҳарири худ пӯшонанд»…

Рашки занона доштан ба обрӯву нуфузи Пешвои миллат ноҷавонмардиву нотавонии ин тоифаро бори дигар ба намоиш гузошт.

Норозигии ин қабил, ки гӯё мухолифон маҳсуб мешаванд, ба сабабҳои объектививу субъективӣ вобаста буда, ҳадаф соҳибият ба ҳукумат аст.

Табиист, ки ашхоси ватандӯсту худшинос ва қонунмеҳвару покманиш барояшон «устухон» дар гулӯ маҳсуб мешаванд. Ин аст, ки дилхоҳ ибтикори аз ҷониби Пешвои миллат амалигардида ба «пӯст»-и нотавонбинон «кайк медарорад».

Оташи рашкашон аланга мезанад, намедонанд худро чӣ хел «сабук» созанд. Ин қабил, ки бо роҳнамоиву машварати хоҷаҳо худро «нофи замин» мепин­доштанд, бояд эътироф кунанд, ки ­«сайд»-е, ки онҳо тасмими шикор доштанду доранд, мардуми шарифи Тоҷикистон барвақт ҳазм кардаанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат тавонистанд бар мабнои ҷасорату садоқат, поквиҷдонӣ ва сарсупурдагӣ пешрафти мамлакат, такомули миллат ва амнияти давлатро таъмин намуда, «умед»-ҳои нотавонбинонро барбод диҳанд. Ин Абармард раҳбари фидокор ва хастагинопазир, сиёсатмадори муттаҳид ва мутавозеъ маҳсуб шуда, ба ҳеҷ ваҷҳ таҳқири миллат, тавҳини давлатдорон ва номардумиҳоро таҳаммул карда наметавонанд.

Далели бебаҳс аст, ки Пешвои миллат ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқ, ба қавлашон устувор буда, тамоми ибтикорашон бо мадди назар доштани манфиатҳои милливу давлатӣ амалӣ мегардад. Ин фарзанди фарзонаи миллат баҳри ободонии Меҳан бар мабнои арзишҳои олии инсонӣ ҷаҳду талош доранд, на ба масоили ҳошиявӣ ва фаръӣ.

Хуш ба ҳоламон, ки чунин Пешво дорем!

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»