Имрӯзҳо дар роҳҳои пойтахт ва байнишаҳрӣ автобусҳоро хеле кам дучор меоем. Ҳол он ки як автобус метавонад ба ҷойи се — чор микроавтобус хизмат расонад ва мушкилоти мусофиркашӣ то андозае ҳал шавад.
Мушовири масоили иқтисодӣ — тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Полянин иттилоъ дод, ки чанде пеш намояндагони Корхонаи автомобилбарории Минск ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарияти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ вохӯриву мулоқот намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки автобусҳои замонавии корхонаҳои Беларус ба Тоҷикистон фиристонида шаванд.
Умед аст, ки дар ояндаи наздик автобусҳои замонавии истеҳсоли Беларус дар роҳҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаракат карда, мушкили ҳазорон мусофирро ҳал мекунанд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»