Соли 2016 бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки рамзи давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба ҳокимияти президентӣ аст. Дар давлатҳое, ки нақши президент бисёр барҷаста аст, Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Масалан, ба хотири Президенти якуми Америка Ҷорҷ Вашингтон аз соли 1885 дар он ҷо Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Дар дигар давлатҳо низ Рӯзи Президент ҳамчун ид муайян шудааст ва ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи ҳокимияти президентӣ ва яке аз анъанаҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар кишвари мо ҳафт сол боз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. 16-уми ноябр муайян шудани Рӯзи Президенти Тоҷикистон бесабаб нест. Ин як санаест, ки гардиши куллиро дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба вуҷуд овардааст. Соли 1992 дар ҳамин рӯз дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ карда буд, ки натиҷааш ба халқи кишвар маълум аст. Маҳз, баъд аз баргузории иҷлосияи мазкур ҳукумати конститутсионӣ барқарор шуд ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифта, сулҳу амният ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро таъмин карданд, аммо Рӯзи Президент муайян шудани 16-уми ноябр ба ҳодисаи дигари таърихӣ — савганд ёд кардан ва соли 1994 ба фаъолият шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад.
6-уми ноябри соли 1994 дар кишвар раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия, ҳамзамон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин давра Конститутсияи Тоҷикистон қабул шуда, роҳи минбаъдаи кишвар аз рӯйи меъёрҳои қонуни асосии нав сурат мегирифт. Дар Конститутсия меъёрҳои муҳимтарини барои як давлати соҳибихтиёр зарурӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, шакли идоракунии давлат президентӣ эълон шуд. Шояд дар он давраи ҳассос ворид кардани ин меъёр ба Конститутсия осон ба даст наомада бошад, аммо гузашти вақт собит кард, ки халқи Тоҷикистон хато накардааст, зеро коршиносон дар шароити имрӯза беҳтарин шакли идораро президентӣ медонанд. Институти президентӣ яке аз ниҳодҳои асосӣ ва муҳими давлатдорӣ буда, Президент дар низоми давлатдорӣ шахси мансабдори олӣ, Сарвари давлат аст ва қарорҳоро қабул карда метавонад.
Ба боварии коршиносон институти президентӣ як низоми мутамарказ, ягона, мураттабшуда ва сариштаёфта аст. Барои ҳал кардани масъалаҳое, ки фавриятро талаб мекунанд, низоми президентӣ беҳтар мебошад. Гузашти 30 сол бартарияти низоми президентиро аз ду ҷиҳат нишон дод — идора кардани давлат ва аз он ҷиҳат, ки Президент шахси алоҳида ва ягона аст ва қарорҳоро қабул карда метавонад.
Ба боварии соҳибназарон, яке аз заминаҳои мустаҳками рушди давлатдории мо дар давоми 30 сол ниҳоди президентӣ аст. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки давлатдории навинро ташкил кунанд. Президент аз салоҳиятҳояшон хуб истифода бурда, ҳамаи рукнҳои давлатдориро ба вуҷуд оварданд. Барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ институти президентӣ нақши созгор гузоштааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳам Сарвари давлат ва ҳам Сарвари тамоми зинаҳои мақомоти иҷроия аст. Яъне, идоракунандаи тамоми низоми давлатдорӣ мебошад. Бо истифода аз салоҳиятҳои худ тамоми ин низом бо сарварии Президент кор мекунад. Дар баробари ин, мо бояд фаромӯш накунем, ки тамоми муваффақиятҳои як давлат аз кору пайкори Президент вобастагии калон дорад. Дар таърих ҳодисаҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бинобар камранг будани шахсияти роҳбарон давлатҳо ба фалокатҳо рӯ ба рӯ шудаанд, аммо ба бахти миллати тоҷик сарварии давлати мо ба касе вобаста шудааст, ки як кишварро аз хатари нестшавӣ наҷот дода, ба як давлати ободу осуда ва шукуфон табдил додааст.
Воқеан, гузашти сӣ сол нишон дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастияшонро барои халқи тоҷик ва кишвари Тоҷикистон бахшиданд. Натиҷаи фаъолияти пурсамар, маҳорати баланди роҳбарӣ ва ҷасорати Пешвои миллат моро чун миллати соҳибтамаддун ба оламиён муаррифӣ кард. Аз ин ҷост, ки аксари коршиносон бар ин назаранд, ки агар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барвақттар Роҳбари давлат интихоб мешуданд, шояд кишвар гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ намешуд.
Бо вуҷуди ин, дар як муддати кӯтоҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки вазъиятро дар кишвар ба эътидол оварда, сулҳу оромии комилро таъмин намоянд. Халқи Тоҷикистон ҳанӯз замони депутати Шӯрои Олӣ будан ва суханрониҳояшон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба он кас эътимод карданд ва умед доштанд, ки чунин шахсият метавонад моро аз вартаи ҳалокат берун оварад. Хусусан, вақте гуфтанд: «то вақте ҳастам, кӯшиш мекунам, ки ба ҳар як хонадон сулҳ биорам», инчунин, «мо аз роҳи давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ намегардем», мардум хуб қабул карданд ва ба сулҳу ваҳдат ва ободиҳои зиёде ноил шудем, ки ҳамаи ин хизматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷуръат, касбият, қавииродагӣ, принсипнокӣ ва дигар хислатҳои он кас имкон дод, ки дар зарфи зиёда аз сӣ сол ба ҳамин натиҷаҳо расем.
Имрӯз халқи кишвари маҳбубамон дар фазои сулҳу оромии комил зиндагӣ доранд ва шукргузор аз ободию озодии Тоҷикистони азиз ва Роҳбари хирадманди он пайи амалӣ намудани корҳои бузурганд. Натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки кишвари мо ба арсаи созандагӣ табдил ёфтааст. Имрӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвар созандагию бунёдкорӣ бо суръати баланд ҷараён дорад. Он рӯз дур нест, ки дар партави сиёсати Президенти маҳбубамон кишвари мо ба яке аз давлатҳои пешрафтаи дунё табдил ёбад.
Алишер РАҲИМЗОДА,
ёрдамчии калони прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2