Ҷолибтарин кишвари Осиё барои саёҳати куҳнавардӣ

№112 (4695) 12.09.2023

Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба самтҳои нав ва ҳамзамон барои кишвари кӯҳсори мо фоидаовар диққати ҷиддӣ зоҳир шуд. Яке аз онҳо соҳаи сайёҳӣ мебошад. Соли 2017 бо мақсади тавсеа бахшидан ба соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконияти мавҷуда, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохилию хориҷӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадр­ҳои болаёқат Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Вобаста ба фаъолият ва дастовардҳои он бо муовини якуми раиси кумитаи мазкур Рустам Холматиён ҳамсуҳбат шудем.

- Барои татбиқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки соли 2019 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда буд, то имрӯз кадом корҳо анҷом дода шуданд?

- Марҳилаи аввали амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2022» ба анҷом расид ва натиҷаҳо қаноатбахш мебошанд. Ҳоло мо тамоми захираю имконият, саъю талошҳоро барои иҷрои вазифаҳои марҳалаи дуюми татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2023-2026», ки асосан ба самтҳои индустрикунонии босуръати бахши сайёҳӣ, таҳкими захираҳои кадрии соҳа, муаррифии захираҳои сайёҳӣ ҳамчун бренди миллӣ, дастгирии иттилоотии бахши сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ нигаронда шудааст, равона намудем.

- Яке аз мақсадҳое, ки назди кормандони кумита гузошта шудааст, дастгирии иттилоотии соҳа мебошад. Дар ин самт чӣ навгонӣ кардед?

- Дар ҳамкорӣ бо Агентии миллии ­иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» лоиҳаи муштарак зери унвони «Тоҷикистон — сарзамини сайёҳӣ» ба роҳ монда шуда, бо мақсади тарғибу ташвиқ намудани зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, намоишгоҳҳои сайёҳӣ ва тамоми хабару гузоришҳо оид ба вазъи имрӯзаи соҳаи сайёҳии Тоҷикис­тон пайваста нашр мешаванд.

Бо мақсади муаррифии имконоти сайёҳии мамлакат берун аз ҷумҳурӣ бо Шабакаи ҷаҳонии «BBC World News» ҳамкорӣ дорем. Дар он наворҳои таблиғотии 15, 30 ва 120 сония нашр мегарданд. Инчунин, сабти барномаи телевизионии «Магия вкуса» тариқи Шабакаи «Моя планета» ва сабти барномаи телевизионии «Поедем, поедим!» тавассути Шабакаи «НТВ» ба анҷом расид. Интизорем, ки моҳҳои наздик ин наворҳо дар шабакаҳои ҷаҳонӣ ва Федератсияи Россия интишор хоҳад шуд.

- Фаъолияти пулиси сайёҳиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Шуъбаи сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумита ­фаъолияти пурсамарро ба роҳ монда, пайвас­та аз ҷониби кормандони милитсияи сайёҳӣ дар ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонӣ вохӯриҳо гузаронида мешавад.

- Барои ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ то имрӯз чанд санад ба имзо расидааст?

- Дар маҷмӯъ, то имрӯз 16 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия, Швейт­сария, Фаронса, Кувайт, Турк­манистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Беларус, Қатар ва Созмони Ҳамкории Шанхай) дар бахши сайёҳӣ ба имзо расид.

- Вобаста ба баргузории намоишгоҳҳо, ки ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат метавонанд мусоидат намоянд, чӣ пешравиҳо ҳаст?

- Дар ин давра, барои таблиғи зарфият ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон, махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва куҳнавардӣ 47 чорабинии сатҳи гуногун, аз ҷумла 27 чорабинӣ дар дохили мамлакат ва 20 чорабинӣ дар сатҳи байналмилалӣ, баргузор карда шуд.

Боиси қаноатмандӣ аст, ки мо якҷо бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ тавонистем имкониятҳои сайёҳии мамлакатро дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Олмон, Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ дар сатҳи баланд бо ҷалби мутахассисони соҳа муаррифӣ намоем.

- Дар умум, барои рушди сайёҳӣ дар мамлакат чӣ монеаҳо вуҷуд доранд?

- Айни замон номукаммалии идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои минтақавии тобеи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мушкилоти соҳа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бо мақсади ­тақвият бахшидан ба идоракунии соҳаи сайёҳӣ тавассути мутамарказ гардонидани низоми идоракунии сиёсати сайёҳӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Бо назардошти афзоиши лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва техникии шарикони рушд дар соҳаи сайёҳӣ ва таъмини татбиқи саривақтӣ ва самараноки онҳо таъсис додани сохтори алоҳида дар назди кумита, ба мисоли маркази татбиқи лоиҳаҳо, мувофиқи мақсад мебошад.

- Барои беҳтар шудани омӯзиши пешаҳое, ки ба сайёҳон рабт доранд, ба мисли пешхидмат, роҳбалад, меҳмонхонадор ва ғайра чӣ чораҳо андешида шудааст?

- Барои омодасозии мутахасcисони баландихтисос кумита дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи самтҳои «Роҳбалади таърихӣ — фарҳангӣ», «Роҳбалади куҳнавардӣ», «Пешхизмати тарабхона» ва «Фарҳанги дастархондорӣ» бо фарогирии 15 корманди ширкатҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо ва донишҷӯён дар маҷмӯъ, 60 нафар ташкил карда шудааст.

- Дар нимсолаи аввали соли 2023 чанд сайёҳ ба Тоҷикистон омадааст?

- Мутобиқи маълумоти оморӣ, теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки вориди Тоҷикистон шуданд, 627,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 487,4 ҳазор нафар ба сифати сайёҳ аз ҷумҳурӣ дидан карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124,3 ҳазор нафар (ё 34 фоиз) зиёд мебошад.

- Рушди сайёҳиро дар замони соҳибис­тиқлолӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Рушди соҳаи сайёҳӣ дар замони соҳиб­истиқлолӣ, хусусан дар давраи фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, назаррас аст. Муваффақияте, ки соли ҷорӣ ноил гаштем, он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврал дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия сазовори ҷоизаи «Ҷолибтарин кишвари Осиё барои саёҳати куҳнавардӣ» гардид. Моҳи июли соли ҷорӣ ҷумҳурии мо дар доираи ҷаласаи 68-уми Комиссияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар баробари кишварҳои Испания ва Ӯзбекистон дар ҳайати Кумита оид ба масъа­лаҳои узвият барои солҳои 2023 — 2027 интихоб гардид, ки аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат арзёбӣ мегардад.

- Барои рушди ин соҳаи бисёр муҳим чӣ нақшаҳо доред?

- Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидани чораҳои зарурӣ барои ташкили курсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони бахши хизматрасонии сайёҳӣ, риояи талаботи санитарию гигиенӣ дар иншооти хизматрасонӣ, мукаммал намудани хатсайрҳои сайёҳии ҷумҳуриявию маҳаллӣ, таҳия намудани хатсайрҳои ­сайёҳии ба стандартҳо ҷавобгӯй, татбиқи босамари сиёсати давлатии сайёҳӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ барои таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳамин ҷумлаанд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»