Дар ноҳияи Дарвоз ба хотири тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ сехи қолинбофӣ кушода шуд.
Дар сехи мазкур занони хоҳишманд метавонанд дастӣ бофтани қолинҳоро омӯзанд.
Соҳибкор Фарангис Гулмирзоева кӯшиш дорад, ки дар марҳилаи аввал ҳашт нафар бонуи хонашинро ҳунари қолинбофӣ омӯзонда, суръати истеҳсолотро афзоиш диҳад. Вобаста ба сифат арзиши қолинҳо муайян мегардад.
- Шояд барои харидорон нархи қолинҳо гарон бошад, аммо дар муқоиса бо қолинҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Туркия нархи маҳсулоти мо арзонтар аст, — мегӯяд Фарангис Гулмирзоева.
Қолинҳое, ки аз тарафи бофандагони дарвозӣ омода мегарданд, назирашон дар Эрон ду ҳазору 992 доллар, дар Туркия як ҳазору 918 доллар ва дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ду ҳазору 225 доллари ИМА арзиш доранд.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»