Бо хоҳиши хонанда

Омилҳои асосие, ки ба ҳаҷми нафақа таъсир мерасонанд

№82 (4502) 05.07.2022

ДавлатзодаРоҷеъ ба шарҳу тавзеҳи тартиби нафақа ва масъалаҳои ба он алоқаманд суҳбати хабарнигоронамон бо директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода пешкаш мегардад.

- Чанде пеш дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» қарор қабул гардид. Он чӣ ҳадафҳоро фаро мегирад ва шаҳрвандоне, ки дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ИДМ дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, барои ба нафақа баромадан бояд кадом ҳуҷҷатҳоро омода кунанд?

- Зарурати таҳия ва ба имзо расонидани шартномаи мавриди назар он аст, ки зимни ислоҳоти дар соҳаи таъминоти нафақавӣ дар Федератсияи Россия гузаронидашуда, бинобар набудани муқаррароти мушаххас ҷиҳати ба низом даровардани самти суғуртаи нафақавӣ ва иҷтимоӣ, то ин давра муҳоҷирон танҳо ба таъини нафақаи иҷтимоӣ дар кишвари худ ҳуқуқ доштанд. Ҳамчунин, тибқи қонунгузории Федератсияи Россия, онҳо ҳангоми анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ аз супоридани андози иҷтимоӣ озод намебошанд. Дар натиҷаи ба тасвиб расонидан ва мавриди амал қарор додани шартнома ин муаммо бартараф гардида, муҳоҷирон — шаҳрвандони Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти нафақа бо шаҳрвандони Федератсияи Россия баробарҳуқуқиро ба даст меоранд ва эътироф кардани ҳуқуқи ба нафақа баромадани онҳо низ таъмин мегардад.

Бояд қайд намуд, ки шарту талаботи ҳуҷҷатҳои заруриро қонунгузории соҳаи таъминоти давлате муайян менамояд, ки ба мақомоти ваколатдори он ариза оид ба таъини нафақа супорида шудааст. Масалан, агар ариза ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешниҳод гардида бошад, бояд тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шавад ва ҳамчунин, дар Федератсияи Россия бо риояи қонунгузории он давлат пешниҳод мегардад.

Мувофиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», ҳангоми муроҷиат барои таъини нафақа пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, синну сол ва шаҳрвандӣ (шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд);

- шаҳодатнома дар бораи қайди давлатӣ дар системаи суғуртаи иҷтимоии аризадиҳанда ва ё шахси фавтида суғурташуда;

- дафтарчаи меҳнатӣ;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти олӣ ё миёнаи касбӣ;

- маълумотномаи тасдиқкунандаи ҷойи зисти доимӣ;

- ду дона сурати 3х4.

- Нишондиҳандаҳои асосие, ки ҳангоми ба нафақа баромадан таъсир мерасонанд, кадомҳоянд?

- Дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи нафақа ва гузариш ба низоми нави таъминоти нафақа аз 1 январи соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» марҳила ба марҳила мавриди амал қарор гирифта, аз 1 январи соли 2017 таъини нафақаи шаҳрвандон пурра дар асоси шарт ва меъёрҳои қонуни мазкур амалӣ шуда истодааст.

Мувофиқи банди 1 моддаи 17-и он, дар собиқаи суғуртавӣ давраҳои фаъолияти корие ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки дар ин муддат шахси суғурташуда саҳмҳои ҳатмии нафақавиро супорида бошад. Инчунин, тибқи қонунгузории амалкунанда, шаҳрвандон ҳуқуқ ба таъини нафақаро дар мавридҳои зерин ба даст меоранд:

- расидан ба синну соли муқарраргардида барои баромадан ба нафақа;

- ҳамчун маъюб эътироф гардидан;

- бинобар сабаби маҳрум гаштан аз саробон.

Мутобиқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58 ва мавҷуд будани собиқаи кории на камтар аз 300 моҳ барои мардҳо ва на камтар аз 240 моҳ барои занҳо муқаррар гардидааст.

Нафақа аз рӯзи муроҷиати шаҳрванд таъин мегардад, ба истиснои ҳолатҳои зерин:

- нафақа аз рӯи синну сол аз рӯзи ҳуқуқ пайдо намудан ба нафақа, агар муроҷиат барои таъини нафақа на дертар аз се моҳ пас аз пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа сурат гирифта бошад, таъин мегардад;

- нафақа аз рӯи маъюбӣ аз рӯзи муқаррар гардидани гурӯҳи маъюбӣ, ки онро мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян кардааст, дар ҳолате ки муроҷиат на дертар аз се моҳи баъди рӯзи маъюбии муқарраргардида сурат гирифта бошад, таъин мегардад;

- нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аз рӯзи пайдо шудани ҳодисаи суғуртавӣ (фавти саробон), ки барои нафақа ҳуқуқ медиҳад, дар ҳолате ки муроҷиат на дертар аз 6 моҳи баъди фавти саробон сурат гирифтааст, таъин карда мешавад.

- Дар ҳолатҳое ки агар корманд дертар ба нафақа барояд, оё ин ба ҳаҷми нафақа таъсир мерасонад?

- Бале, тибқи муқаррароти моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», ба шахсоне, ки вобаста ба фарорасии синну соли нафақавӣ, хоҳиш доранд фаъолияти меҳнатиашонро идома диҳанд ва аз ҷониби онҳо ариза оид ба мавқуф гузоштани муроҷиат барои таъини нафақа пешниҳод гардад, ҳангоми ҳисоб кардани андозаи нафақа бо дарназардошти кам гардидани давраи пардохти эҳтимолӣ, (тибқи ҷадвали дар моддаи мазкур пешбинигардида) ба андозаи нафақа таъсири мусбат мерасонад.

- Барои гирифтани нафақаи иҷтимоӣ чанд сол собиқаи кор ва чӣ қадар коэффитсиенти нафақа зарур аст?

- Нафақаҳои иҷтимоӣ дар асоси моддаҳои 31 ва 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд. Барои таъини нафақаи иҷтимоӣ нисбат ба собиқаи кор ягон шарт ё талаботи махсус муайян нагардидааст. Мутобиқи қонунгузории амалкунанда, дар сурати надош­тани собиқаи суғуртавӣ ба шаҳрванд ҷиҳати таъин ва пардохт кардани нафақаи иҷтимоӣ кафолат дода мешавад.

Ҳангоми муайян кардани андозаи нафақаи иҷтимоӣ ягон навъи коэффитсиент истифода бурда намешавад ва ҳамчун асос андозаи муқарраргардидаи нафақаи заминавӣ (ҳадди ақали нафақа) ба назар гирифта мешавад. Мисол, барои таъини нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол андозаи нафақаи заминавӣ ба 60 % зарб мешавад, яъне 207 сомонӣ (аломати зарб) *60% =124,20 сомонӣ.

- Агар дар собиқаи кори шаҳрванд танаффус, фарз кардем ду соли бекорӣ мавҷуд бошад, ин ба нафақа то чӣ андоза таъсир мерасонад?

- Шарти асосии баромадан ба нафақаи суғуртавӣ пардохт кардани саҳмҳои ҳатмии нафақавӣ мебошад ва ҳангоми пардохт нагардидан, солҳое, ки шаҳрванд ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудааст, ҳамчун собиқаи суғуртавӣ ба назар гирифта намешаванд ва дар ин ҳолат ба муайян кардани андозаи нафақа таъсири манфӣ мерасонад.

 Дар мавриде ки агар коргар бо сабаб­ҳои гуногун фаъолиятро қатъ менамояд ва бо тартиби муқарраргардида худро дар мақомоти шуғли аҳолии ҷойи зист ба қайд гирад, ин давраҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳангоми таъини нафақа ба назар гирифта мешавад.

- Нафақаи соҳибкорони инфиродӣ ва шахсоне, ки ба фаъолияти мустақилона машғуланд, чӣ гуна пардохт карда мешаванд?

- Барои ҳуқуқ пайдо намудан ба нафақаи суғуртавӣ шахси суғурташуда саҳмҳои ҳатмии нафақавиро бояд супорида бошад. Агар шаҳрванд фаъолияти соҳибкории дар шакли худмашғул дошта бошад, ӯ барои пардохти саҳмҳои суғуртавии иҷтимоиаш бевосита масъул буда, вазифадор аст, ки пардохти саҳмҳои суғуртавиро бо тартиб ва шарту меъёрҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд» таъмин созад. Нафақаи таъиншуда ба соҳибкорон, тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, аз тариқи бонки БДА «Амонатбонк» тавассути корти бонкӣ пардохт мегардад.

- Фаъолияти шахсоне, ки тавассути «бозори мардикорон» кор мекунанд, ҳангоми ба нафақа баромадан оё ба назар гирифта мешавад? 

- Агар шаҳрванд дар бозори расмии меҳнат иштирок накарда, тавассути «бозори мардикорон» фаъолияти меҳнатӣ дош­та бошад,  ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ  пайдо мекунад. Дар сурате ки агар ӯ худро ҳамчун корманди кироя ба қайд нагирад, саҳми суғуртавиро пардохт накунад, пас мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба шаҳрванд бояд нафақаи иҷтимоӣ таъин ва пардохт гардад.

- Шаҳрванд дар бораи ҳаҷми маблағи дар суратҳисоби инфиродии захиравии нафақааш ҷамъшуда чӣ гуна маълумот гирифта метавонад. Масалан, дар куҷо огоҳ шуда метавонад, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавӣ чӣ қадар маблағи андӯхти нафақавӣ ҷамъ шудааст?

- Барои ба даст овардани маълумот оид ба маблағҳои андӯхти нафақавии дар суратҳисоби инфиродии нафақавӣ ҷамъшуда шахси суғурташуда метавонад бо ариза  ба сохтори маҳаллии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои зисти доимӣ  муроҷиат намояд.

- Рақами мушаххаси суғуртавӣ (РМС) кай таъсис дода шуд ва дар он кадом маблағҳо ҷамъоварӣ мешаванд?

- Низоми баҳисобгирии инфиродӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҷорӣ намудани ҳисобномаҳои шахсии пасандозӣ ва баҳисобгирии инфиродии (фардикунондашудаи) саҳмҳои суғурта дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 феврали соли 1999 таҳти №26 ҷорӣ шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки баъд аз эътибор соқит гардидани қарори зикршуда низоми ташкили баҳисобгирии инфиродии шахсони  суғурташударо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», ки аз 3 июли соли 2012 таҳти №860 қабул гардидааст, ба танзим медарорад.

 Бояд ба назар гирифт, ки рақами шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар як вақт ҳамчун рақами суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда саҳм мебозад ва дар суратҳисоби шахси суғурташуда маълумот оид ба маблағи пардохтшудаи саҳмҳои суғуртавие (1%), ки аз ҷониби корфармо пардохт мегарданд, ҷойгир карда мешавад. Бояд қайд кард, ки аз 1 январи соли 2022 дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, меъёри андози иҷтимоӣ нисбат ба корхонаҳои ғайрибуҷетӣ, ки қаблан 25% ва 1% — ро ташкил медод, мутаносибан 20% ва 2% муқаррар гардид.        

- Ҳоло аксар шаҳрвандон ному насабашонро иваз карда истодаанд, вале рақами РМС чун пештара боқӣ мондааст. Оё ҳангоми ба нафақа баромадан мушкилӣ пеш намеояд?

- Дар банди 5-и моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» пешбинӣ шудааст, ки дар ҳолати тағйир ёфтани маълумот дар бораи шахси суғурташуда, ки дар қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, тибқи қоидаҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар суратҳисоби инфиродии ӯ сабт мешаванд ва дар ин маврид муассисаи суғурта ба шахси суғурташуда ба ивази шаҳодатномаи қаб­лан додашуда шаҳодатномаи нави суғуртаи ҳатмии нафақавии дорои ҳамон рақами мушаххаси суғуртавии суратҳисоби инфиродиро медиҳад.

- Кадом гурӯҳи шаҳрвандон метавонанд аз синни муайяншудаи нафақа барвақттар ба нафақа бароянд?

- Дар асоси банди 2-и моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз 12 январи соли 2010 таҳти №595, имтиёзҳо ба ашхоси зерин дода мешаванд:

- Ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд ва доимӣ истиқомат мекунанд, нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин карда мешаванд. Аз ҷумла:

- ба мардҳо — пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;

- ба занҳо -  пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ.

Инчунин, ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо шахсони зерин ҳуқуқ доранд:

а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд:

- мардҳо — пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ ва на камтар аз 120 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;

- занҳо — пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ ва на камтар аз 96 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;

б) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизарӣ (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб:

- мардҳо — пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;

- занҳо — пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;

в) маъюбони гурӯҳи I аз рӯи биноӣ:

- мардҳо — пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;

- занҳо — пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 120 моҳ;

г) иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил»:

- мардҳо — пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ;

- занҳо — пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;

д) занҳое, ки 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8-солагӣ тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 53 доранд;

е) занҳое, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор ва доимӣ истиқомат карда, 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то синни 8-солагӣ тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб дошта, ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 43 доранд.

- Дар ҳолате ки шаҳрванд дар як воҳиди корӣ ва дар ҷойи дигар ним воҳиди корӣ ё басти шабона кор кунад, ин ба нафақааш чӣ гуна таъсир мерасонад?

- Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва нафақа  асосан даромад суғурта мешавад, ки аз он саҳмҳои суғуртавӣ сари вақт ҳисоб ва пардохт шуда бошанд. Бояд ба назар гирифт, ки муносибатҳои меҳнатиро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад ва агар шаҳрванд бо риояи муқаррароти қонунгузорӣ дар якчанд ҷои кор фаъолият дошта, аз маош саҳмҳои суғуртавиро (25 % ва 1%) пардохт кунад, пас бо дарназардошти ҳаҷми сармояи шартии нафақавӣ ва андӯхти нафақавӣ ба андозаи нафақаи  нисбатан баланд ҳуқуқ пайдо менамояд.

Масалан, шаҳрванд «А» дар як вақт дар ду ҷой кору фаъолият намудааст, дар ҶДММ «Бародарон»  ва инчунин ба фаъолияти соҳибкорӣ низ машғул шудааст. Дар ҳолате ки аз ҳар ду ҷониб саҳмҳои суғуртавӣ ситонида шудааст, дар он сурат андозаи нафақаи аз ду ҷониб ба даст овардашуда ба назар гирифта мешавад.

- Оид ба пардохти қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ (1%) мухтасар маълумот медодед.

- Қисми захиравии нафақаи суғуртавиро моддаи 54-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз 12 январи соли 2010 таҳти №595 ба танзим медарорад. Чунончи:

1. Қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз ҳисоби саҳмҳои андӯхта­шудаи нафақавии шахсоне, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродиашон маблағ доранд, ҳангоми расидан ба синни нафақавӣ муқаррар карда мешавад. Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои марбути ташаккулёбӣ, ҷудо кардани маблағ барои андӯхти нафақавии ҷиҳати ҷудо кардани маблағ барои қисми андӯхтии нафақаҳои суғуртавӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти субъектҳо, иштирокчиёни ин муносибатҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

2. Маблағи қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ бо роҳи тақсими маблағи умумии андӯхтҳои нафақавӣ, бо дарназардошти даромад аз ҳисоби сармоягузории онҳо, ба миқдори моҳҳои давраи эҳтимолии пардохти нафақа ҳисоб карда мешавад.

Масалан, дар сурате ки андозаи нафақаи андӯхтӣ (1% ) аз андозаи 10 нишондиҳандаи ҳадди ақали нафақа (207*10=2070 сомонӣ зиёд бошад, дар он сурат ба 180 моҳи эҳтимолӣ тақсим карда мешавад (яъне, 2071 сомонӣ андӯхти (1%) тақсими 180 моҳи эҳтимолӣ = 11,50 сомонӣ барои ҳар як моҳ ба нафақаи моҳона зам карда мешавад)

Дар сурате ки андозаи андӯхтҳои нафақавӣ аз маблағи даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар мешавад.

Чунончи, дар сурате ки андозаи нафақаи андӯхтӣ (1%) аз 2070 сомонӣ кам бошад, яъне 2069, дар он сурат ҳамчун пардохти яквақтаъина ба корти нафақавиаш зам мешавад.

- Шахси ба нафақа баромада  чанд муддат ҳуқуқи дар ҷои кори доимиаш идома додани фаъолиятро дорад?

- Дар қонунгузории ҷорӣ, бо истиснои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ягон маҳдудият барои идома додани фаъолияти меҳнатии шаҳрванд пешбинӣ нагардидааст.

Дар моддаҳои 23 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ки асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ ва синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ буданро пешбинӣ менамояд, омадааст:

Хизмати давлатӣ ғайр аз асосҳои пешбиникардаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:

- истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ;

- расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ;

- қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ё тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 №1260, аз 24.02.2017 №1405);

- гирифтани нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 №1405);

- вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Қонуни ҶТ аз 08.06.2007 №273);

- эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми айбдоркунии суд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 №1260);

- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани хизматчии давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 №1260);

- риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;

- ҳолатҳои дигаре, ки қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Дар моддаи 24-и қонуни мазкур низ синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ будан барои занон то 58-солагӣ ва барои мардон то 63-солагӣ мебошад. Роҳбари мақоми давлатӣ метавонад баъд аз мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ бо қарори (амри) худ муҳлати дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатии ба синни ниҳоӣ расидаро то ду сол дароз намояд. Дар ин сурат бо хизматчии давлатӣ шартномаи (қарордоди) муҳлатноки меҳнатӣ баста мешавад. (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 №914).

Нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки хусусияти кори онҳо ба низоми  хизмати давлатӣ дохил намебошанд, ҳангоми фаъолияти меҳнатиро анҷом додан ва пас аз ба нафақа баромадан, ҳуқуқ доранд бидуни ягон маҳдудият кору фаъолияташонро дар мувофиқа байни корфармо идома диҳанд.

Мусоҳибон

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»