Омили ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи маъдан

№ 09.12.2021

WhatsApp Image 2021-12-09 at 10.14.16Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок бой буда, истихроҷу коркарди онҳо боиси рушди иқтисоди мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави кор ва дар маҷмӯъ баланд шудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ мегардад.

Ислоҳоти чанде пешинаи соҳаи саноати маъдан ва кашфи конҳои  нави  канданиҳои фоиданок ба пешрафти соҳа мусоидат мекунад. Азбаски захираҳои табиӣ барқарорнашавандаанд, онҳо идоракунии оқилонаро талаб мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2013 кишвари номзад ба Ташаббуси шаффофияти соҳаи  истихроҷ (ТШСИ) гардид. Аммо, бинобар норасоии маблағ ва таъхир дар омодасозии Ҳисоботи нахустини ТШСИ, мақоми узвияти мамлакат муваққатан боздошта шуд. Пас аз он ки ҳисоботи ТШСИ барои соли 2014 пешниҳод шуд, мақоми Тоҷикистон соли 2015 аз нав барқарор гардид.

Сеюми декабри соли равон дар меҳмонхонаи «Атлас» муаррифии портали ҳуқуқи бенефитсиарӣ дар доираи Ташаббуси шаффофияти соҳаи  истихроҷ баргузор шуд. Ҳамоҳангсози миллии ТШСИ Ҷаҳонгир Неъматов дар оғози чорабинӣ иброз намуд, ки узвият ба ТШСИ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтаршавии фазои сармоягузорӣ, шаффофияти фаъолият, пешниҳоди ҳисобот дар назди аҳолӣ барин як қатор бартариҳоро медиҳад.

Шаффофияти ҳуқуқи бенефитсиарӣ (молики аслӣ) бошад ба беҳтаршавии ҷамъоварии маблағи фоида, таҳкими қонуният ва баландшавии боварию эътимод ба фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мусоидат карда, хатари  ришвагирӣ ва ҳар гуна эҳтимоли пеш омадани  талафёбии маблағро пешгирӣ менамояд. Дар маҷмӯъ, метавонад  боиси ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи маъдан  гардад.

- Дар конфронси байналмилалие, ки моҳи феврали соли 2016 баргузор гардид, намояндагони ҳукумати 51 мамлакати узви ТШСИ қарор қабул карданд, ки ширкатҳои дар соҳаи истихроҷи маъдан фаъолияткунанда моликони аслиашонро дар санадҳо нишон диҳанд,- гуфт Ҷаҳонгир Неъматов.

Намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Вазиров дар хусуси тартиби бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, муайян кардани моликони бенефитсиарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳои нави ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, маълумот дод.

Коршиноси соҳа Абдушукур  Сулаймонов изҳор  дошт, ки дар доираи гранти Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Стандарти ТШСИ тими коршиносон бо дастгирии  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати саноат ва технологияи ҷумҳурӣ, инчунин бо иштироки ширкатҳо Портали ҳуқуқи бенефитсиарӣ дар доираи ТШСИ (www. pbo. eiti. tj) таъсис дода шуд. Ӯ иброз намуд, ки хоҳишмандон дар портали мазкур дар бораи 40 ширкати соҳаи истихроҷи маъдан, саноати нафту газ ва тадқиқоти геологӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумот дарёфт карда метавонанд.

Дар портал инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», қарорҳо «Оид ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ», «Оид ба қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ», «Оид ба тасдиқи низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷой дода шудааст.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»