Дар ноҳияи Тоҷикобод барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ таҳти сарварии муовини якуми раиси ноҳия Умаралӣ Музаффаров ситод ташкил шудааст. Аз суҳбат бо мавсуф маълум гардид, ки барои сокинони ноҳия нуқтаҳои фурӯши ангишт мавҷуд аст ва соҳибкороне, ки ба ин кор машғуланд, нуқтаҳои фурӯши ангиштро бо маҳсулот мунтазам таъмин менамоянд.
Ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия низ ба омадани фасли сармо тайёрӣ мебинанд. Таъмири биноҳо ва оинабандӣ кардани тирезаҳо аз ҷумлаи корҳоест, ки ҳанӯз охирҳои фасли тобистон ба анҷом расонда шудааст. Бо мақсади ошноӣ бо вазъи омодагии муассисаҳо ба зимистон мо якҷо бо Умаралӣ Музаффаров ба беморхонаи марказӣ ва чанд муассисаи тобеи соҳа рафтем.
Барои зимистонгузаронии соҳаи тандурустии ноҳия мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ 61 тонна ангишт ва 35 метри кубӣ ҳезум зарурат дорад. Аз суҳбат бо сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Карим Туйчиев ва мудири муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ ва санитарии ноҳия Рустам Раҷабов маълум гардид, ки то 25 сентябри соли равон ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 55 тонна ангишт ва 30 метри кубӣ ҳезум оварда шудааст, ки 91 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ маводи сӯзишвории дизелӣ низ ҷудо кардааст.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»