Ба мо муроҷиат мекунанд

Онҳо ба ман намунаи ибрат шуданд

№23 (3973) 28.02.2019

Даҳ сол боз аз хунравии бинӣ ранҷ мекашидам, дар ин муддат ба духтурони зиёд муроҷиат кардам. Бори охир дар шуъбаи бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинии Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табобат гирифтам ва шукр, ки ҳоло худ­ро хеле хуб ҳис мекунам. Бахусус, барои табобат ва маслиҳату машварат аз мудири шуъба Мирзо Собиров, духтур Зокир Халилов ва ҳамшираи калони тиббӣ Гулчеҳра Мирзоева хеле миннатдорам. Муносибати онҳо дар баробари табобат барои ман дарси ибрат бад. Ҳамчун бемор эҳсос кардам, ки муомилаю муносибати неки табиб баробари ташхису табобат муҳим будааст. Баъди ин хоҳишу майли табиби хуб шудан дар дили ман беш аз пеш зиёд шуд.

Айни ҳол дар курси 2-юми Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии шаҳри Душанбе таҳсил мекунам. Мехоҳам баъди хатми он барои такмили дониш таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино идома дода, баҳри ҳифзи тандурус­тии мардум саъю талош намоям.

Нигина РАҶАБОВА,

донишҷӯ