Ё чаро офтобу шамолу пору ҷойи кор фароҳам меоранду нисбат ба истифодаи онҳо бетафовутем?
Солҳои охир дар бисёр кишварҳо аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, алалхусус офтобу шамол, ба таври васеъ истифода мебаранд. Танҳо дар се моҳи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой иқтидори таҷҳизоти офтобии ба тозагӣ насбшуда 7,21 гигаваттро ташкил дод. Истеҳсоли неруи барқ аз таҷҳизоти офтобӣ дар ин муддат 21,4 миллиард киловатт — соатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 фоиз зиёд аст. Дар маҷмӯъ, иқтидори таҷҳизоти офтобии Хитой ба 85 гигаватт расид. Ҳамин тавр, ин кишвари муқтадир аз лиҳози истеҳсоли барқи офтобӣ дар ҷаҳон ба ҷойи аввал баромад. Ҳукумати Хитой тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 иқтидори таҷҳизоти офтобиро ба 110 гигаватт расонад. Ҳоло дар ин кишвар калонтарин дар ҷаҳон неругоҳи офтобӣ сохта шуда истодааст, ки 6 миллион панелро дар бар мегирад. Соли 2016 дар Хитой 3 миллиону 643 ҳазор нафар дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (ғайр аз гидроэнергетика) фаъолият намуданд.
Аз рӯи маълумоти Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA), соли 2016 дар ҷаҳон 9,8 миллион нафар дар соҳаи энергияи барқароршаванда фаъолият доштанд. Ба гуфти директори ниҳоди мазкур Аднон Амин, то соли 2030 ин рақам ба 24 миллион нафар хоҳад расид. Мувофиқи маълумоти созмони The Solar Foundation, саноати энергетикаи офтобӣ дар ИМА нисбат ба иқтисодиёти миллии ин кишвар 13 маротиба зудтар тараққӣ карда истодааст. Ҳоло дар ИМА 777 ҳазор нафар дар соҳаи энергетикаи офтобӣ машғули коранд.
Таҷрибаи кишварҳои Дания, Миср, Ҳиндустон, Мексика, Перу ва Амороти Муттаҳидаи Араб нишон медиҳад, ки нархи энергияи «сабз» нисбат ба сӯзишвории нефтӣ ва энергияи офтоб торафт арзон мешавад. Аз ин рӯ, сол то сол теъдоди ҷойҳои корӣ дар ин сохтор меафзояд. Масалан, соли 2013-ум 6,5 миллион нафар, соли 2014 қариб 7,7 миллион нафар ва соли 2015 наздики 8,1 миллион нафар дар сохтори энергияи «сабз»-и ҷаҳон кор кардаанд.
Соҳаи дигаре, ки коргари зиёд дораду ба энергияи «сабз» марбут аст, сӯзишвории биологист. Аз лиҳози рушди ин соҳа Бразилия ҷойи аввалро мегирад. Дар ин ҷо 821 ҳазор нафар ба истеҳсоли биоэтанол машғуланд. Бразилиягиҳо биоэтанолро аз найшакар истеҳсол мекунанд. Дар ИМА 277 ҳазор ва дар Хитой 71 ҳазор нафар ба истеҳсоли биоэтанол машғул мебошанд.
Истеҳсоли неруи барқ аз шамол сеюмин соҳаи бузурги кордиҳандаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба шумор меравад. Соли 2016 дар ин соҳа дар ҷаҳон 1 миллиону 81 ҳазор нафар машғули кор буданд. Дар ин бахш Хитой пешсаф (507 ҳазор нафар) аст. Соли 2016 Ҳукумати Британияи Кабир барои бунёди калонтарин иншооти барқи шамолии иқтидораш 1800 мегаватта 730 миллион доллар ҷудо намуд. Зиёдшавии насби таҷҳизоти офтобӣ талабот ба устоҳои насбкунандаи неругоҳу коллекторҳои офтобӣ, дизайнер, муҳандис, фурӯшанда ва менеҷерҳоро зиёд намуд. Дар баробари ин, вобаста ба истеҳсоли неруи офтоб ҷойҳои кории иловагӣ, аз қабили истеҳсол ва насби фурӯзонакҳои офтобӣ, таҷҳизоти нерудиҳанда, обгармкунаки офтобӣ, мевахушккунак ва ғайра ба миён омад. Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия хароҷоти дигар воситаҳои энергияро кам намуда, вобастагии иқтисодиёти кишварро аз сӯзишвориҳои карбондор озод ва ихроҷи газҳои парникиро пешгирӣ менамояд.
Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Украина дар бахши истифодаи энергияи алтернативӣ пешқадам аст. Рушди ин соҳа ҳадафи стратегии Украина мебошад. Зеро тараққӣ додани соҳаи мазкур вобастагии Украинаро аз нефту гази Россия кам мекунад. Бо ин мақсад чанде пеш миёни роҳбарияти вилояти Херсон ва ширкати «Global BOD Group» созишнома дар хусуси бунёди корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти офтобӣ ба имзо расид. Ширкати «Schneider Electric»-и Олмон бошад, дар Донишгоҳи миллии Харков ба номи А. Н. Бекетов неругоҳи офтобии 10 киловатта сохт. Дар ин ҷо мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи энергияи офтобро тайёр намуда, бо олимони немис дар соҳаи истифодаи неруи офтоб корҳои илмӣ мебаранд. Гузаштан ба энергияи алтернативӣ, аз як тараф, ифлосшавии ҳаворо пешгирӣ намуда, хатари тағйирёбии иқлимро кам созад, аз тарафи дигар, боиси таъсисёбии ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мегардад.
Мувофиқи маълумоти IRENA то нимаи соли 2015 дар 164 мамлакат барномаҳои миллӣ оид ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия қабул карда шудааст. Аз ҷумла, дар кишвари мо соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул гардид. Ҳамчунин, 2 феврали соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи комплексии мақсадноки истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2007-2015» қабул шуд. Мутаассифона, ҳарчанд аз анҷоми амалишавии ин барнома ду сол гузашта бошад ҳам, то ҳол истифодабарии МБЭ дар ҷумҳурӣ оммавӣ нашудааст. Соли 2007 бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Комиссияи Аврупо аз Ҷумҳурии Туркия 5 обгармкунаки офтобӣ ворид гардида, дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа насб шуд. Ҳарчанд соҳибкорони ватанӣ ба семинар-намоиши манбаъҳои барқароршавандаи энергия даъват шуда бошанд ҳам, чандон ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳ накарданд. Шояд ин соҳибкорон аз соли 2007 то ин дам ба маблағи 10-15 ҳазор долларӣ мошинҳои нав хариданд, вале барои харидани панел ё обгармкунакҳои офтобӣ, ки аз 1 то 5 ҳазор доллар арзиш дошт, «хасисӣ» карданд. Агар соли 2007 ҳар соҳибкори муваффақ таҷҳизоти офтобӣ мехарид, хароҷоти он соли 2009 ҷуброн мешуду 8 соли охир бепул соҳиби неруи барқ ва оби гарм мегаштанд. Афсӯс, ки аксари сарватмандон танҳо ғами имрӯзашонро мехӯранд. Аз ин бармеояд, ки барои маърифати экологию иқтисодии онҳоро баланд бардоштан чораҳои амалӣ андешидан зарур аст. Ба ибораи дигар, сарватмандонро тибқи қарори дахлдор маҷбур бояд сохт, ки дар манзилашон чунин таҷҳизотро насб кунанд. Масалан, 10 сол пеш шаҳрдории Барселонаи Испания қароре қабул намуд, ки мувофиқи он ширкатҳои сохтмонӣ уҳдадор шуданд, то дар боми иморатҳои навбунёд таҷҳизоти офтобӣ насб намоянд. Бо ин усул тавассути обгармкунакҳои офтобӣ 60 фоизи талаботи сокинон бо оби гарм таъмин гардид.
Барои насб накардани таҷҳизоти офтобӣ 30 миллион евро ҷарима муайян шуда, ин таҷрибаро 35 шаҳри Испания ва дигар кишварҳои аврупоӣ қабул карданд. Хуб мешуд, ки дар шаҳрҳои мо низ ин таҷриба мавриди истифода қарор гирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад ба муносибати 60-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққӣ додани энергияи алтернативӣ дахл карда, чунин таъкид намуданд: «Яке аз дастрастарин манбаъҳои энергия неруи офтоб мебошад. Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки тавассути истифодаи энергияи офтоб арзиши гармкунии об ва манзилро то 70 фоиз кам кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар хонаҳои шахсӣ, иморатҳои баландошёна, мактабу беморхона ва корхонаҳои саноатии кишварҳои пешрафтаи дунё барои гарм кардани об аз коллекторҳои офтобӣ истифода мебаранд».
Вобаста ба ин масъала чунин пешниҳод дорам. Ҳоло дар атрофи шаҳри Душанбе садҳо хонаҳои хушсохти 2-3 ошёна қомат афрохтааст, ки соҳибони аксари онҳо сарватманданд. Хуб мешуд, бо қарори шаҳрдорӣ бонавбат боми сохтмони чунин иншоот тибқи нақшаи муайян бо обгармкунак ё панели офтобӣ пӯшонда шавад. Маблағи таҷҳизоти офтобӣ ва хизматрасонии насбкунандагон ҳармоҳа ба муддати то 2 сол пардохт гардад. Дар ин сурат, сокинони манзилҳо бо барқ ва оби гарми бепул таъмин шуда, барқи аз ин ҳисоб сарфашударо ба деҳоти атрофи пойтахт интиқол додан мумкин аст. Агар ин раванд дар саросари ҷумҳурӣ сурат гирад, барқи сарфашударо ба хориҷи мамлакат бо нархи баландтар фурӯхтан имконпазир аст. Барои истеҳсоли таҷҳизоти офтобӣ дар мамлакат замина мавҷуд аст. Олимони Маркази омӯзиш ва истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикӣ-техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии номзади илмҳои техникӣ Қурбонҷон Кабутов намунаи якчанд таҷҳизот, аз қабили танӯрчаи офтобӣ ва обгармкунаки офтобиро сохта, дар ноҳияҳои Муъминобод ва Дарвоз насб кардаанд.
Мутахассисони Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикспетсавтоматика» низ дар сохтану насби таҷҳизоти офтобӣ таҷрибаи бой доранд. Яке аз унсурҳои асосии таҷҳизоти офтобӣ элементи кремний аст, ки захираи он дар кишвар фаровон мебошад. Чанд сол пеш корхонаи хусусии «Садаф» дар вилояти Суғд тасмим гирифт, ки истеҳсоли таҷҳизоти офтобиро ба роҳ монад. Истеҳсоли чунин таҷҳизот дар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат бо харҷи кам имконпазир буда, боиси таъсиси ҳазорон ҷойи кори холӣ хоҳад шуд. Талабгорони ин гуна таҷҳизот дар Афғонистон хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, дар масъалаи дарёфти харидор нигарон набояд шуд.
Манбаи дигари энергияи алтернативӣ дар мамлакат истифодаи пору барои истеҳсоли биогаз аст. Ба гуфти доктори илмҳои техникӣ, профессор Абдумуъмин Шарифов, аз як тонна поруи гов то 600 литр биогаз ҳосил мешавад. Дар ҳолати истифодаи дигар маводи органикӣ (пасмондаи зироатҳои техникӣ, партовҳои забҳи чорво, баргу пояи растаниҳо) ҳосилшавии гази биологӣ метавонад аз 1500 литр ҳам зиёд гардад. Гази аз як кило маводи органикӣ ҳосилшуда метавонад баробари сӯхтани 1,5 кило ангиштсанг ё сарфи 7-8 кВт неруи барқ гармӣ диҳад. Ба ҳисоби миёна биогази поруи 2 гов барои бо гармӣ таъмин кардани манзили як оила кофист. Агар чунин технология дар фермаҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хонаводаҳои деҳот ҷорӣ шавад, сокинони деҳот тамоми сол худро бо сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуда, пули барои хариди ангиштсангу солярка ва ҳезум сарф мекардаашонро барои дигар эҳтиёҷот харҷ мекунанд.
Поруи баъди тавлиди биогаз ҳосилшударо бошад, барои ҳосилхез кардани замин истифода бурдан мумкин аст. Хоҷагиҳои нисбатан калон метавонанд чунин нурии хушсифатро ба обчакорон фурӯшанд. Дар ин ҳолат ҳоҷат ба харидани нурии химиявӣ намемонад. Олимони факултаи механиконии кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиш ва истифодаи МБЭ Институти физикӣ-техникии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода таҷрибаи бой доранд. Дар сохтмони таҷҳизоти биогаз низ барои ҳазорон нафар сокини деҳоти мамлакат ҷойҳои нави корӣ фароҳам меояд.
Ҳамин тавр, метавон бо истеҳсоли сӯзишвории биологӣ (биоэтанол), насби таҷҳизоти шамолӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Мурғоб, Шамсиддин Шоҳин ва атрофи шаҳри Хуҷанд ҳазорон нафарро бо ҷои кор таъмин намуд. Фаромӯш набояд кард, ки МБЭ аз соҳаҳои таваҷҷуҳбарангез барои сармоягузорӣ маҳсуб мешавад ва имсол ба ин соҳа 243 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад шуд. Соли гузашта танҳо Хитой ба лоиҳаҳои энергияи алтернативӣ дар ҷаҳон 32 миллиард доллар маблағгузорӣ намуда, тасмим аст, ки то соли 2020 ба ин соҳа боз 361 миллиард доллар маблағгузорӣ намояд. Пас чаро мо аз имкониятҳои ин ҳамсояи бузург истифода набарем?
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»