Бисту панҷуми октябри соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул гардид. Вобаста ба муқаррароти он бо муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Равшан Раҷабов ҳамсуҳбат шудем.
- Фарқи қонуни нав аз қонуни амалкунанда дар чист?
- Аввалин маротиба соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул гардид ва соли 2013 бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ шуд. Аз ин хотир, кишвари мо барои мутобиқ кардани қонунгузории ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, уҳдадор шуд.
Бо дарназардошти мушкилоти мавҷуда дар самти амалисозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Лоиҳаи қонун бо мақсади ҳифз намудани насли ҳозира ва оянда аз маҳсулоти ба саломатӣ зараровар, инчунин оқибатҳои иҷтимоӣ, экологӣ, иқтисодии истифодаи тамоку ва таъсири манфии он таҳия шуд.
Қонун аз муқаддима, 3 боб ва 10 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку, бо мақсади ҳифзи солимӣ ва пешгирии беморшавии аҳолӣ, танзим намуда, фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши онро муайян менамояд.
- Мувофиқи қонуни нав истифодаи маҳсулоти тамоку дар куҷо манъ шудааст?
- Дар моддаи 6-уми қонун, ки «Тадбирҳои аз таъсири маҳсулоти тамоку ҳифзкунанда» ном дорад, ҷойҳои манъ будани истифодаи маҳсулоти тамоку муқаррар шудааст. Моддаи мазкур фарогири панҷ қисм аст ва мувофиқи қисми аввал дар дохили бинову иншоот, инчунин дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмиву таълимӣ, дохили биноҳои маъмурӣ, утоқҳои кории ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дохили иншооти хӯроки умумӣ, ба мисли тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, буфет, истироҳатгоҳ ва иншооте, ки дар онҳо чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ гузаронида мешаванд, меҳмонхона ва хобгоҳ, нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, истгоҳҳои барои нақлиёти ҷамъиятӣ таҷҳизонидашуда, фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан, майдончаҳои кӯдакон, нақлиёти истифодаи шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд, даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифодаи маҳсулоти тамоку қатъиян манъ хоҳад шуд. Дар қисми дувум пешбинӣ шудааст, ки барои таҷҳизонидани ҷойҳои махсуси истифодаи маҳсулоти тамоку берун аз бино, дар маҳбасхонаҳо, беморхонаҳои бемориҳои рӯҳӣ, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон аз рӯи дархости мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ё сохторҳои маҳаллии он иҷозат дода мешавад.
Дар қисми сеюми модда дар бораи ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сухан меравад. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколат ҳуқуқ дода шудааст, ки истифодаи маҳсулоти тамокуро дар боғу гулгашт ва ҷойҳои дигаре, ки чорабиниҳои оммавӣ гузаронида мешаванд, муваққат ё доимӣ манъ намоянд.
Мувофиқи қисми чоруми модда, моликон ва шахсоне, ки дорои ҳуқуқи истифодаи бино, ҳудуду иншоот ва муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда мебошанд, вазифадоранд, ки риояи меъёрҳои пешбинишударо таъмин кунанд.
Бо таклифи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба қисми панҷум илова ворид карда шуд, ки мувофиқи он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд берун аз бино ҷойҳои махсуси истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян созанд.
- Оид ба танзими фурӯши маҳсулоти тамоку низ дар қонуни нав меъёр вуҷуд дорад?
- Мувофиқи қисми нуҳуми моддаи ҳафтуми қонун маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои фурӯш дар ҷевонҳои маҳкам, ки ба харидор дастрас нест, нигоҳ дошта мешавад. Ҷевонҳои мазкур бояд тарзе сохта шуда бошанд, ки ҳангоми кушодани онҳо маҳсулоти тамоку ба чашми харидорон нанамояд. Дар ҷевонҳои барои нигоҳдории маҳсулоти тамоку пешбинишуда ҷой додани маълумоте, ки истеъмол ва харидорӣ намудани маҳсулоти тамокуро реклама мекунад, аз ҷумла бо истифода аз калимаҳо, ороиш, тамғаи тиҷоратӣ, номгӯйи ширкатҳои тамокубарорӣ ё таҳвилкунандаи онҳо, инчунин истифодаи ранг ё таркиби рангӣ, ки бо маҳсулоти тамоку, истеҳсолкунанда ё таҳвилкунандаи он алоқаманд аст, манъ мебошад.
- Дар қонун, ҳамчунин оид ба ташкил кардани ҷойҳои махсус барои истифодаи тамоку сухан меравад. Ин масъала баъзан боиси баҳс ҳам мегардад, зеро, бо вуҷуди он ки дар қонун ташкили ҷойҳои махсус меъёр аст, аммо ин гуна ҷойҳо вуҷуд надоранд гӯем, хато намешавад…
- Пурра манъ кардани истифодаи тамоку номумкин аст. Аз ин рӯ, дар қонун ҳам ташкили ҷойҳои махсус аз ҷониби мақомоти марбута муқаррар шудааст.
Дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон риояи ин қонун хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар тарабхонаҳо толорҳои нафарони истифодабарандаи тамоку ҷудо аст.
Дар қисмҳои 2 ва 5- уми моддаи 6-уми қонуни зикршуда субъектҳо муайян шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи қисми 5 роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, вазифадоранд, ки берун аз биноҳо ҷойҳои махсуси истифодаи маҳсулоти тамокуро ташкил кунанд.
Бовар дорам, ки минбаъд мақомоти дахлдор ҷиҳати иҷрои талаботи қонуни мазкур иқдом мекунанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»