Вакилони Маҷлиси намояндагон ин нуктаро зимни мулоқот бо интихобкунандагон муфассал шарҳ доданд
Бо тақозои замон ва таъсиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва моҳияти вакили мардумӣ батамом тағйир ёфт. Дар ин замина вакилони мардумӣ аз тариқи қабули қонунҳо ва ирсоли дархости вакилӣ ба сохторҳои дахлдор дар ҳалли мушкилоти мардум саҳми бориз мегузоранд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ин амалҳоро бо истифода аз дархосту пешниҳодоти худи интихобкунандагон, ки зимни вохӯриҳо бо вакилони худ ироа медоранд, ба роҳ мемонанд.
Ин нукта зимни мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, аъзои Маҷлиси миллӣ Шафеиён Ислом Зиёзода, Меҳринисо Бобобекова, вакилони Маҷлиси намояндагон Хисрав Абдуназар, Абдуҳалим Ғафоров, Олим Салимзода бо сокинони шаҳри Панҷакент зикр шуд. Тавре вакили Маҷлиси намояндагон Хисрав Абдуназар дар суҳбати телефонӣ иттилоъ дод, аъзои ҳайат зимни суханронӣ зикр карданд, ки чанде пеш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул ва аъзои Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ намуданд. Бояд гуфт, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи пешниҳоду таклифҳои аҳли ҷомеа ба хотири беҳбуд бахшидани шароити иҷтимоии мардум, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат таҳия ва пешниҳод гардида буд. Вакилони мардумӣ таъкид намуданд, ки иқдоми мазкур идомаи мантиқии ибтикороти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ маҳсуб меёбад. Зимни таҳияи қонуни танзим вазъи иҷтимоии аҳолӣ, мушкилиҳои мафкуравӣ ва маънавии ҷомеа ҳамаҷониба омӯхта шудааст.
Вакилони мардумӣ бо далелҳо асоснок намуданд, ки қонун ифодаи иродаи мардум буда, мақсади он на маҳдудкунӣ, балки ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мардуми Тоҷикистон аст. Дар моддаи 2 — юми қонун омадааст: «Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи харҷу масрафи зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат мебошад». Бо дарназардошти нукоти зикршуда метавон хулоса кард, ки қонун се мақсади ба ҳам алоқаманд дорад — ҳимояи манфиати иқтисодии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ.
Интихобкунандагон низ зимни суханронӣ аз иқдоми вакилони Маҷлиси намояндагон дар робита ба қабули қонунҳои мавриди назар изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки дар татбиқи онҳо фаъол хоҳанд буд.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»