Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ташаккул ва инкишофи расму оини мардумӣ дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Албатта, расму оин ва урфу одат, монанди дигар ҳаводиси замон, вобаста ба шароити зисту зиндагонии мардум тағйир ва инкишоф меёбанд. Вобаста ба ҳар давру замон маросими нав ташаккул ёфта, урфу одат ва оини зарарноки замони гузашта, ки ба пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёту маданият ва беҳбудии рӯзгори одамон монеъ мешаванд, тадриҷан аз байн мераванд ва ба ҷояшон оини нав устувор мегарданд.
Ин тақозои замон аст. Солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ маъракаҳои суру мотам ва ҷашни суннатӣ ба хароҷоти беҳуда табдил ёфта буд. Мардум бо ҳар роҳ мекӯшиданд аз рӯи орият бо ҳамдигар таассуб карда ва ё аз касе қарз гирифта, маъракаҳои бодабдаба барпо намоянд. Исрофкорӣ ва хароҷоти беасосу зиёдатӣ то ба ҷое расид, ки сабаби хонавайронии ҷавонон гардида, боис ба маломати ҳамдигарӣ шуда, ба пастравии вазъи иҷтимоӣ оварда расонид. Вале одамон аз хароҷоти беҳудаву нодаркор, масрафи зиёд дар маросими суру мотам, ки зиён медиданду муҷиби муфлисшавиашон мешуд, андеша намекарданд. Он ашхосе, ки сарфакор нестанд ва ба хароҷоти беҳуда машғуланд, ҳатман ба иқтисоди шахсиашон зарба мезананд ва оқибат фақиру ниёзманд мешавад. Ба таъбири бузургон сарфакор ҳеҷ гоҳ қашшоқ намешавад. Абулқосим Фирдавсӣ фармудааст:
Маро дахлу харҷ ар баробар будӣ,
Замона маро чун бародар будӣ.
Зимни маросими мотам ҳам хароҷоти зиёд карда, дар аксар деҳоти шаҳру ноҳияҳо рӯзи вафоти шахс аз деҳоти атроф одами зиёд ба ҷаноза даъват мешуданд. Ба ҳар кадоми онҳо маблағи муайян дода мешуд. Ҳатто барои занон иртиш 300-400 метр матоъ сарф мешуд. Ду ё се говро кушта, ба арвоҳи майит худоӣ мекарданд. Аз ин дида барои соҳиби майит хароҷоти миёншикан набуд.
Хушбахтона, бо ҷаҳду талош, ҳиммату ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷамъ овардани фикру мулоҳизаҳои мардуми кишвар, назарсанҷию таҳлил ва омӯзиши амиқ қабул шуд. Пешвои миллат дар бораи аҳамияти қонуни зикршуда чунин изҳор намуданд: «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Ҳоло дар ҷомеа гурӯҳҳое ҳастанд, ки доир ба қабули қонуни зикршуда андешаҳои беасос, хушку холӣ ва бепоя баён менамоянд. Ба андешаи онҳо гӯё ин қонун озодии шаҳрвандонро маҳдуд мекунад. Ин зумра ашхоси ноогоҳ бехабар аз онанд, ки мутафаккирону донишмандон, инчунин, китобҳои муқаддаси диниву мазҳабӣ исрофкориро мазаммат карда, исрофкунандагонро бародарони шайтон меҳисобанд. Амирхисрави Деҳлавӣ фармудааст:
Ба сарфа сарфа кун нақде, ки дорӣ,
Ки имсокат беҳ аз исрофкорӣ.
Мардум хуб дарк кардаанд, ки ҳадафи қонун камхарҷу замонавӣ доир намудани маъракаҳои суру мотам буда, гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ ва хароҷоти зиёдатист. Шахси оқилу дурандеш медонад, ки ба исрофкорӣ роҳ додан инсонро ба қашшоқӣ, бечорагӣ ва оқибат ба муҳтоҷӣ мерасонад.
Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 14 сол сипарӣ шуд. Агар чунин иқдоми нек ва ояндабинии Сарвари давлат намебуд, дар шароити ҳозира, ки дунё саросар ба гирдоби буҳрони иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоӣ печидааст, зиндагонии мардум боз ҳам дар ҳоли муҳтоҷию мискинӣ боқӣ мемонд. Бо шарофати қабули қонун ҳоло шаҳрвандон имконияти бе ягон мушкилӣ ва ё аз касе гирифтани қарз, тӯю маъракаҳоро баргузор менамоянд.
Сабукӣ дар баргузории маъракаҳои хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ ба афзоиши шумораи онҳо оварда расонид. Тайи чанд соли охир якҷо бо ҳамватанони саховатманду хайрхоҳ ва дигар шахсони хайрандеш дар арафаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, Рӯзи ваҳдати миллӣ, рӯзи Истиқлолияти давлатӣ хатнасури зиёда аз 93 ҳазор тифл ва тӯйи беш аз 5580 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои эҳтиёҷманд аз тариқи зиёфати умумӣ сурат гирифт. Тӯйи домодию арӯсӣ аз маросими зеботарин ва хотирмон аст. Дар даврони истиқлолият ба ҷои расму оини куҳна, маросими нав, тӯйҳои арӯсие пайдо шуданд, ки ҷавонон бо меҳру муҳаббати хос арӯсшавандаашонро хуш мекунанд ва бо розигии тарафайн тӯй баргузор мегардад. Ин анъанаи нав ба рӯҳи замон мувофиқ аст. Дар натиҷаи чунин иқдоми неки Пешвои миллат шумораи ақди никоҳ хеле зиёд гардид. Масалан, агар соли 2006 дар ҷумҳурӣ 57115 ақди никоҳ баргузор шуда бошад, пас, ин рақам баъд аз қабули қонун ҳар сол тақрибан ба 100 ҳазор мерасад.
Дар асоси талаботи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташон ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли 2017 иброз доштанд, гузаронидани хатнаи кӯдакони синни то 20-рӯзагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ сурат мегирад. Тайи се соли охир (солҳои 2018-2020), дар маҷмӯъ, 212733 нафар писарбачаҳо дар муассисаҳои тандурустӣ хатна шуданд. Пас то ҳол аз ин ҳисоб 690 миллиону 318 ҳазору 585 сомонӣ ба нафъи буҷаи мардум сарфа гардид. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти андоз, ба маблағи зиёда аз 45 миллиону 600 ҳазор сомонӣ андоз аз нуқтаҳои хизматрасонии тӯю маросим, аз шахсони ба ин маъракаҳо (маросим) ба ивази подошпулӣ хизматрасонанда, ромишгарон, навозандагону раққосон ва наворгирандаҳо ҷамъоварӣ шудааст. Ба маҳдуд гардидани маъракаи оилавии хатнасур ва бе додани таом баргузор гардидани маросими чилу сол ба ҳисоби камтарин зиёда аз 57 миллиону 261 ҳазору 270 сомонӣ ба манфиати буҷаи оилаҳо нигоҳдорӣ шуд. То қабули қонун, тибқи маълумоти оморӣ, шаҳрвандон ба ҳисоби миёна барои маърака аз 9 то 12 ҳазор сомонӣ сарф мекарданд.
Забҳи чорво дар маъракаҳо ба маротиб кам шуд. Мардум ҳангоми баргузории маъракаҳояшон гӯштро аз дӯконҳои гӯшфурӯшӣ харидорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, дар натиҷаи кам забҳ гардидани чорво ба манфиати мардум зиёда аз 1 миллиону 646 ҳазору 384 сар чарво нигоҳ дошта шуд, ки ин рақам барои ин миқдор маъракаҳо дар давраи то қабули қонун эҳтимолияти забҳи беш аз 2 миллиону 774 ҳазору 37 сар чорворо дошт. Дар қиёс ба солҳои пешин, қурбонӣ кардани чорвои калон ва хурд ба теъдоди зиёд кам шуд. Хароҷоти мардум барои баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули қонун, зиёда аз се маротиба коҳиш ёфт.
Ҳамин тариқ, қонун зиндагиро ба низом овард. Одамонро аз ҳар гуна хароҷоти миёншикан, ки боиси муфлисӣ мегардид, раҳо дод. Ба шаҳрвандон имконият фароҳам овард, ки шароити моддию маишии рӯзгор беҳтар ва ба тарбияи фарзандон барои омӯхтани илму дониш аҳамияти бештар зоҳир намоянд. Ба ибораи дигар, қонун сабаби роҳат ва саодату хушбахтии мардум гашт.
Мироҷ АБДУЛЛОЕВ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон