«Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 13)
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт дар деҳот дар даврони истиқлолият зиёда аз 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шудаанд, ки аз он 134 ҳазор гектар барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва 10 ҳазор гектар барои бунёди корхонаҳои саноативу муассисаҳои иҷтимоӣ ҷудо гардидааст».
Воқеан ҳам, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ибтикороти гуногун амалӣ шуданд, ки ҳадаф аз онҳо дастрас гардидани замин ба соҳиби аслии он аст. Бо ин мақсад, бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ дар ду марҳила 75000 гектар замин ба сокинони деҳот тақсим шуд. Сарфи назар аз ин, ҳоло ҳам ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ба мушоҳида мерасад. Зимни суҳбат бо раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода аён гардид, ки соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 3415 гектар замини партов, аз ҷумла обӣ 1492 гектар ба нақша гирифта шудааст. Ин нишондод дар вилояти Суғд 1350 гектар, аз ҷумла обӣ 939 гектар ва дар вилояти Хатлон 2065 гектар, аз ҷумла 553 гектар обиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, бунёди 245,71 гектар боғ дар заминҳои лалмӣ, партов, чарогоҳ ва талу теппаҳо дар нақша аст. То 1 майи соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъ 2707 гектар боғу токзор бунёд гардидааст.
Тибқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Дар заминаи ин муқаррарот ва таъмини кафолати истифодаи самараноки замин ба манфиати халқ аз ҷониби давлат худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он, ҳамчунин ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷиноят эътироф гардида, барои содир кардани ин кирдор дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Боби 31-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳо ба муқобили тартиботи идоракунӣ, моддаҳои 338 ва 3381 ҷавобгарии ҷиноятиро мувофиқан барои худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он, инчунин ғайриқонунӣ додани қитъаи замин муқаррар намудааст. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) то 25 марти соли 2011 танҳо худсарона ишғол намудани қитъаи замин ҷиноят эътироф мешуд. Баъдан, 25 марти соли 2011, тағйиру иловаҳо ба ин Кодекс ворид ва қисмҳои 2, 3 моддаҳои 338 ва 3381 илова карда шуд, ки тибқи он мувофиқан сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолгардида, инчунин ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷиноят эътироф шуда, барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид.
Мутобиқи моддаи 141 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худсарона истифода бурдан ва ё аз они худ кардани қитъаҳои замин, ки аз ин ҳуқуқи давлат ба замин халалдор мешавад, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар гардида, барои ин кирдор ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.
Аммо бино ба гуфти Раҷаббой Аҳмадзода, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 5410 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва нисбат ба 4400 ҳолат ба маблағи 1650090 сомонӣ протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ тартиб дода шудааст, ки аз ин 1198300 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидааст. Инчунин, 276 мавод ба прокуратура, 183 мавод барои маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол гардида, 2811 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф шудааст.
Дар доираи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 тахти №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 3218 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ва ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Аз ин шумора 1205 адад ба вилояти Суғд, 1244 — ба вилояти Хатлон, 56 — ба ВМБК ва 713 адад ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд.
Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, № 629 «Дар бораи ҳисоботи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои моддаи 42-юми Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти ҷуброни талаф вобаста ба баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ корҳои зиёд ба анҷом расидааст. Аз ҷониби Кумита ҷиҳати пардохти маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ тибқи талаботи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғд ва Хатлон 58 аризаи даъвоӣ оид ба рӯёнидани маблағи мазкур пешниҳод шудааст.
- Дар чор моҳи соли равон иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, №629 «Ҷиҳати пардохти ҷуброни талаф вобаста ба баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ» мавриди таҳлил қарор дода шуд. Маълум гардид, ки айни замон 337983025 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ ворид нашудааст. Тадбирандешӣ оид ба ин масъала замина фароҳам овард, ки дар панҷ моҳи соли равон ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ 31487891 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ворид шавад, — гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Далер Мерганов,
«Садои мардум»