Чанде пеш муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода зимни мусоҳиба дар рӯзномаи «Садои мардум» (№69 аз 10 июни соли 2017) гуфта буд: «Мо бояд қонуни миллиамонро ба таври шоиста дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем. Зеро пешгирии исрофкорӣ дар ҷашну маросимҳо аҳамияти глобалӣ дошта, яке аз роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб мешавад».
Ҳақ бар ҷониби Мирзозода аст. Имрӯз нисфи аҳолии ҷаҳон аз норасоии ғизо ранҷ мекашанд. Ҳол он ки маҳсулоти хӯроквории истеҳсолшуда ба ҳама мерасад. Аммо бо сабаби ба савдо нарафтану дар вақташ истеъмол накардани ғизо як қисми он ба партовгоҳ меравад. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар кишвари африқоии Конго 40 миллион нафар (74 фоизи аҳолии кишвар) азоби гуруснагӣ мекашанд.
Мувофиқи хулосаи таҳқиқоти мутахассисони Ҷамъияти муҳандисону механикҳои Британия, ки бо дархости Созмони Милали Муттаҳид гузаронидаанд, соле дар ҷаҳон қариб нисфи маҳсулоти хӯроквории истеҳсолшуда, яъне 2 миллиард тонна, то истеъмолкунанда нарасида, нобуд мешавад. Сабаби ин исрофкорӣ, пеш аз ҳама, дар нигоҳдории нодурусти маҳсулот, истеҳсолоти барзиёд, хариду фармоиши аз талабот бештар, нозунузи харидорон ва оростани маъракаҳои бошукӯҳ мебошад. Дар мамолики Иттиҳоди Аврупо бо ҳамин сабабҳо соле 90 миллион тонна маҳсулот истеъмол нашуда, нобуд мегардад. Ин рақам танҳо дар Олмон 7 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Исрофкорӣ на танҳо дар кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, балки дар мамолики мусалмоннишин низ ба мушоҳида мерасад. Ҳол он ки Худованд дар «Қуръон»-и маҷид фармудааст: «Бихӯред ва бинӯшед, (вале) исроф макунед. Худованд исрофкоронро дӯст намедорад». Дар Амороти Муттаҳидаи Араб соле 3,2 миллион тонна маҳсулоти тайёри хӯроквориро ба партовгоҳ мепартоянд, зеро сокинони ин кишвари сермиллиардер дар маъракаҳои бошукӯҳ аз меъёр зиёд ғизо фармоиш медиҳанд, ки дар шароити иқлими гарм зуд вайрон мешавад. Ҳол он ки рӯзе дар ҷаҳон 20000 — 30000 нафар аз норасоии ғизо мемиранд. Ҳар 6 сония кӯдаке дар ҷаҳон аз гуруснагӣ мефавтад. Майдони заминҳое, ки маҳсулоти хӯроквории он ҳар сол истифода набурда нобуд мешавад, баробари ҳудуди Мексика мебошад. Обе, ки барои рӯёнидани ин миқдор маҳсулот сарф мешавад, метавонад 9 миллион нафарро сероб гардонад. Маҳсулоти беистифода вайроншуда бошад, 10 фоизи газҳои парникии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Яъне, аз исрофкории сокинони сайёра муҳити зист низ зарар мебинад.
Профессори амрикоӣ Пинструп Андерсен дар ин хусус гуфтааст: «Дар асл мо аниқ намедонем, ки чӣ қадар хӯрокворӣ беҳуда нобуд мешавад. Ҳамин қадарашро медонем, ки он хеле зиёд аст».
Пурхӯрию камҳаракатӣ низ исрофкорист, ки боиси фарбеҳии аз ҳад зиёд мегардад. Имрӯз аз се ду ҳиссаи амрикоиҳоро ашхоси фарбеҳ ташкил медиҳанд. Марг аз пурхӯрӣ дар ИМА дар ҷойи дуюм меистад. Ҳаҷми маҳсулоте, ки солона пулмастҳои амрикоӣ дуруст истифода набурда, ба партов ҳаво медиҳанд, 162 миллиард (!) долларро ташкил медиҳад. Агар ин маблағ ба ҷойи беҳуда исроф шудан дар амалисозии барномаҳои мубориза бо гуруснагӣ ва қашшоқӣ сарф мешуд, олам гулистон мегашт.
Исрофкорӣ ба дараҷае дар ҷаҳон зиёд аст, ки баъзе аз супермаркетҳои мамолики мутараққӣ меваю сабзавотро ҳарчанд таъми хуб дошта бошанд ҳам, танҳо барои он ки шаклашон табъи дил нест, қабул намекунанд. Инро ба назар гирифта, фаронсавиҳо мағозаҳое кушодаанд, ки дар онҳо маҳсулоти таъмашон гуворо, вале шаклашон ба харидорони нозуктабъ номувофиқро бо нархи 30 фоиз арзонтар мефурӯшанд.
Исрофкорӣ дар зеҳни баъзе аз сокинони мамолики мутараққӣ чунон ҷой гирифтааст, ки аз серию мастӣ мусобиқаҳои бемаънии пур аз хароҷоти беҳуда ташкил мекунанд. Масалан, дар шаҳри Буноли Испания 70 сол боз чоршанбеи охирини моҳи июл мусобиқаи «ҷанг бо помидор» баргузор мегардад. Ашхоси пулмаст ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, ҳамдигарро бо помидор мезананд. Дар Британия 200 сол боз душанбеи охирини моҳи май мусобиқаи «панирғелонӣ» доир мешавад. Шахсони пулмаст аз баландӣ панир (сир)- и секилоиро поён меғелонанд, ки он бо суръати 100 км соат ҳаракат мекунад. Ҳар сол даҳҳо нафар дар натиҷаи ин мусобиқа маҷруҳ мешавад. Дар Хорватия барои ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил шудан ҳасибчаи дарозиаш яккилометриро истеҳсол намуданд. Воситаҳои ахбори омма дар бораи пухтани калонтарин торт, пирог ва ғайра ҳар сол садҳо хабар паҳн мекунанд.
Соли гузашта парламенти Фаронса бо мақсади пешгирии исрофкорӣ қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он супермаркетҳо вазифадор шуданд маҳсулоти солими ба фурӯшнарафтаро ҳамчун хайрия ба камбизоатон бидиҳанд. Маҳсулоти муҳлати истеҳсолашон гузаштаро бошад, ба фермаҳои чорводорӣ месупоранд. Дар сурати риоя накардани ин қонун, супермаркетҳо 75000 евро ҷарима баста мешаванд. Агар ин вазъ ислоҳ нашавад, соҳиби супермаркет ду солро дар маҳбас хоҳад гузаронд. Парламенти Фаронса аз он сабаб қонуни мазкурро қабул кард, ки солона дар кишвар 7, 1 миллион тонна маҳсулот беҳуда ба партовгоҳ меравад, ки арзиши он дар маҷмӯъ 2,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳукумати Фаронса бо мақсади кам кардани ин рақам дар мактабу муассисаҳо барномаҳои таълимии пешгирии исрофкориро ба роҳ мондааст.
Тавре аз мисолҳо бармеояд, як қисми сокинони сайёра ҷашнҳои беҳуда ороста, исрофкорӣ мекунанду қисми дигар аз норасоии ғизо дар азобанд. Аз ин рӯ, месазад, ки моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва тарғиб намоем, зеро бо пешгирии исрофкорию худнамоиҳои беҳуда вазъи бо озуқа таъмин намудани аҳолии ҷаҳон беҳтар шуда, фарҳанги сарфаю сариштакорӣ баланд мегардад.
С. АМИНИЁН, «Садои мардум»