Даҳ сол муқаддам бо мақсади пешгирии хароҷоти беҳуда, ба низом даровардани маъракаҳои хурсандӣ ва азодории сокинони мамлакат бо иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин қонуни миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мурури замон нишон дод, ки қонуни мазкур ба ҳифзи манфиатҳои маънавӣ ва иқтисодии мардум нигаронида шудааст. Доир ба ҷараёни амалишавии қонуни зикршуда бо муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода мусоҳиб шудем.
- Бо гузашти даҳ сол оё метавон гуфт, ки сокинони мамлакат ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурра сарфаҳм рафтаанд?
- Ҳама гуна хулосабарорӣ дар заминаи муқоиса ба даст меояд. Албатта, дар муқоиса то давраи қабули қонуни мазкур хароҷоти маъракаҳо ҳам аз ҷиҳати харҷи маблағ ва ҳам аз лиҳози вақт хеле кам ва маҳдуд гардид.
Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соли 2016 дар ҷумҳурӣ 137590 маърака барпо шуда, хароҷот 511 миллиону 353 ҳазору 121 сомониро ташкил дод. Агар нишондиҳандаҳоро то давраи қабули қонун муқоиса намоем, он вақт барои баргузории ин теъдод маърака беш аз 1 миллиарду 203 миллиону 912 ҳазору 500 сомонӣ маблағ лозим буд. Бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 692 миллиону 559 ҳазору 379 сомонӣ сарфа гардидааст.
Сарфи назар аз ин, ҳолатҳое ҳастанд, ки меъёрҳои қонун аз ҷониби шаҳрвандон риоя намегардад, маъракаҳои манъшуда пинҳонӣ доир гардида, иддае аз масъулони соҳа ба баргузории чунин маъракаҳо мусоидат менамоянд. Масалан, як нафар мехоҳад, ки маъракаи тибқи қонун манъшуда — «чойгаштак»- и духтарашро баргузор намояд. Ӯ бо маслиҳати пешакӣ аз бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои маҳалли зисташ тавсиянома оид ба баргузории маъракаи «хатнасур» мегирад ва зери ниқоби «хатнасур», «чойгаштак» баргузор мекунад.
Албатта, мо нисбат ба чунин шахсон чораандешӣ кардем ва минбаъд низ ин раванд идома меёбад. Бояд соҳибмаърака дарк намояд, ки баргузории маъракаи иловагӣ ба зиёни буҷаи оила аст. Танзими расму анъанаҳо ба он хотир аст, ки хароҷот кам гашта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад. Шаҳрвандон ба ҷои хароҷоти беҳуда, маблағашонро баҳри беҳбудии зиндагиашон сарф намоянд.
Бархе дар маросими азодорӣ низ ба чунин зиёдаравӣ даст мезананд. Масалан, баргузории маъракаи «ҳафт» манъ аст. Дар қонун маъракаи «се» бо иштироки шумораи номаҳдуди меҳмонон, бо дуову фотиҳа ва бидуни таомдиҳӣ иҷозат дода шудааст. Мутаассифона, баъзеҳо бо баҳонаи «мо «чил»- ро пеш аз муҳлат гузарониданием», «меҳмонон аз роҳи дур омадаанд» ва ғайра барвақттар барои гузаронидани маърака тавсиянома гирифта, «се»- ву «ҳафт»- ро рӯзҳои 6- 10- уми баъди фавт баргузор мекунанд. Вақте назорат суст бошад, дар чилрӯзагии вафот маъракаи «чил»- ро низ доир менамоянд. Ба ин монанд иддае барои баргузории дигар маъракаҳои манъшуда ҳар гуна «ҳиллаҳои шаръӣ» меҷӯянд.
- Шоҳидем, ки баъзеҳо зимни пешвози ҳоҷиён низ ба худнамоию зиёдаравӣ роҳ медиҳанд…
- Соли гузашта мо рейдҳои фаврии зиёд ташкил намуда, дар шаҳру ноҳияҳо омадани ҳоҷиёнро назорат кардем. Зимни назорат дар ноҳияи Фархор шоҳиди он шудем, ки пайвандонаш ба истиқболи ҳоҷии сарватманд ба масофаи 200 метр пойандоз партофтанд. Дар натиҷа, пойандози 200 — метра чиркину корношоям шуд. Мо тариқи телевизион пешниҳод намудем, ки ба ҷои чунин худнамоиҳо роҳеро, ки 40- 50 сол боз истифода мебаранд, мумфарш мекарданд, беҳтар мешуд.
- Барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шудани қонун чӣ тадбирҳо андешидан лозим аст?
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи даҳсолагии қонуни мазкур бо мақсади такмил додани он барои масъулони соҳа ва шаҳрвандони кишвар боз як имконияти хуб пешниҳод намуданд. Ҳамчун масъули соҳа эътироф менамоям, ки мо ба сад дарсад амалӣ кардани талаботи қонун дастёб нагардидем. Ҳоло, ки фурсати муносиб фаро расидааст, бояд ҷиҳати такмили қонун пешниҳодоти муфид намоем, то ин ки комиссияи босалоҳияти ҳукуматӣ ин пешниҳодотро баррасӣ намояду баҳри таври бояду шояд иҷрошавии қонун имконият фароҳам шавад.
- То ин дам барои такмили қонун чӣ пешниҳодот ироа шудааст?
- Зимни мулоқот бо шаҳрвандон ва муроҷиати хаттию шифоҳии онҳо, ки ба Кумита мерасанд, бештар ба мавсим мутобиқ кардани маъракаҳо тақозо мешавад. Яъне, дар мавсими баҳору тобистон, ки рӯз барвақт оғоз меёбад, мардум мехоҳанд, ки маъракаҳояшонро барвақттар баргузор карда, аз пайи корҳои хеш шаванд.
Мушкилоти дигар он аст, ки иддае маъракаҳои «се» ва «ҳафт»- ро пинҳонӣ бо додани таом мегузаронанд. Маъракаҳои «чил» ва «сол» бо иштироки 80 ва 100 нафар иҷозат дода шудааст. Дар асл ин меъёр риоя намегардад, зеро ҳар шахс ҳаммаҳалла, рафиқу ҳамкору ҳамсабақони зиёд доранд. Шумораи дар қонун зикргардида боиси риоя нагардидани меъёр мешавад. Мо масъул ҳастем, ки дар чунин ҳолатҳо чора бинем. Агар бар замми азодории шаҳрванд санад тартиб дода, ҷаримабандӣ кунем, мусибат болои мусибат мешавад. Пешниҳоди мо ин аст, ки ин маъракаҳо мисли мардуми ҳаммазҳаби мо дар Афғонистону Покистон танҳо бо дуову фотиҳа, бе додани таом, бо шумораи номаҳдуди меҳмонон баргузор гарданд. Дар ин сурат ҳам барои соҳибмаърака осон мешавад, ҳам барои ваколатдори соҳа. Ё ин ки шумораи 80 ва 100 мутаносибан зиёд карда шавад. Ба ғайр аз ин, бисёриҳо мехоҳанд, ки маъракаҳои «се», «ҳафт» ва «чил»- ро дар доираи як чорабинӣ ҷамъбаст кунанд.
Масъалаи дигаре, ки боиси ташвиши шаҳрвандон гаштааст, сарборӣ шудани ҷиҳози арӯс ва «гаҳворабандон» аст. Пештар мегуфтем, ки ба ҷои баргузор кардани маъракаҳои серхарҷ кумак намудан ба навхонадорон беҳтар аст. Мутаассифона, имрӯз ин кумак шакли иҷбориро гирифта, аз ҳад гузаштааст. Имрӯз расм шудааст, ки тамоми ҷиҳози хонаро тарафи арӯс омода мекунад. Агар аз ҷониби домод як миқдори муайяни маблағ барои маъракагузаронӣ дастрас шавад ҳам, тарафи арӯс маҷбур аст, ки маблағи бештарро сарфи хариди ҷиҳоз намояд. Ин қобили қабул нест. Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки ин масъала тавассути низомномаҳои комиссияи доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиддӣ танзим шавад.
Маъракаҳое ҳастанд, ки миёни мардум маъмуланд, вале дар қонун зикр нашудаанд, масалан, ифтор, мулоқоти ҳамсинфону ҳамсабақон, ҳоҷиёни ҳамсафар ва ғайра. Азбаски дар қонун дар ин хусус ишора нест, нисбат ба ин маъракаҳо чораҷӯӣ карда наметавонем. Биноан, пешниҳод аст, ки баробари дигар маъракаҳо, дар қонун нисбат ба чунин маъракаҳо низ меъёр муқаррар гардад.
Масъалаи дигар бастани шартнома мебошад. То ҳол шартнома бо сарояндагон зикр шудааст, вале дигар шахсон низ ҳастанд, ки бо гирифтани маблағ ба соҳибмаърака хизмат мерасонанд. Масалан, наворбардор, суратгир, ошпаз, чойхоначӣ, баранда ва ғайра. Агар муносибати онҳо низ бо шартнома муайян мешуд, ҳам ба буҷаи давлат маблағ ворид мешуду ҳам метавонистем нисбат ба шахсони бе шартнома фаъолияткунанда чора андешем.
Бояд гуфт, дар давоми амали қонун дар ҷумҳурӣ 3599 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ирсол шудааст. Маблағи ҷарима зиёда аз 10, 5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки баъзе мутахассисон дар давоми амалишавии қонун ҳамагӣ 1 ё 2 қонуншиканиро ошкор кардаанд. Аз ин рӯ, барои ҳавасманд кардани кормандони соҳа пешниҳод дорем, ки аз ҳисоби қонуншиканиҳои ошкоршуда ва парвандаҳои ба суд ирсолшуда фоизи муайян ба масъулон ҷудо гардад.
- Оё сатҳи дониши кормандони соҳа шуморо қаноатманд мекунад?
- Мутаассифона, то ҳол ягон донишкада ё донишгоҳ дар ҷумҳурӣ барои омода кардани мутахассисони соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо иқдом накардааст. Аз ин рӯ, дар зерсохторҳои Кумита таъину озод кардани кадрҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад. Бинобар ин, имрӯз шахсони тасодуфӣ дар соҳа бисёранд. Пешниҳод дорем, ки масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳа низ ҳалли худро пайдо намояд.
Ба андешаи мо, дар ин 10 сол саҳми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ хеле калон аст. Мо тавассути расонаҳо огоҳем, ки дар кишварҳои ҳамсоя ҳанӯз баргузории маъракаҳои бодабдаба идома дорад. Аз ин рӯ, иддае аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади камхарҷ гузаронидани маъракаҳояшон ба Федератсияи Россия рафта, дар он ҷо тӯй мекунанд.
Мо бояд қонуни миллиамонро таври шоиста дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем. Зеро пешгирии исрофкорӣ дар ҷашну маросимҳо аҳамияти глобалӣ дошта, яке аз роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб мешавад.
Мусоҳибон
Абдумаҷид МУРОДОВ,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»