Дуюми июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.
Доир ба ин масъала бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода мусоҳиб шудем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад:
- Ҳадаф аз ин иқдом чист?
- Фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороӣ ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороӣ ва маблағҳояшонро тибқи он қонунӣ мегардонанд, барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии ба ин дороӣ ва маблағҳо алоқаманд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ озод карда мешаванд. Ҳамчунин, қонун барои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатиро пешбинӣ менамояд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки иқдоми зикршуда аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, муҳлати амали он дувоздаҳ моҳро дар бар мегирад.
- Таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ чӣ гуна сурат гирифт?
- Гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки аз намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ, Суди Олии иқтисодӣ иборат буд, таъсис ёфта, онҳо ду моҳ заҳмат кашиданд.
Таклифу пешниҳод ва эродҳо зиёд буданд ва аъзои гурӯҳ онҳоро дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор дода, фикри аксарият ба назар гирифта шуд. Вобаста ба қабули қонун, санадҳои зерқонунии ба татбиқи он рабтдошта, аз ҷумла, Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороӣ, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, намунаи шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шакли феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд.
- Қонун аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ин масъала қаблан қабулшуда чӣ тафовут дорад?
- Дар ин бобат, қабл аз ҳама, бояд аз тақвияту тавсеаи ҳамкорӣ бо Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) ёдовар шавем. Дар ин замина, нисбат ба дороӣ ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳое, ки тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ)-ро ба таври дахлдор татбиқ наменамоянд, қонун татбиқ намегардад.
Муҳимтар аз ҳама, амали қонун ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» монеъ намешавад. Ҳангоми таҳияи қонун таҷрибаи солҳои гузашта оид ба қонунигардонии маблағҳо, ки бо қонунҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2002 ва 2010 амалӣ шуданд, инчунин, қонунигардонии молу мулк, ки соли 2007 амалӣ гардид, ба назар гирифта шуданд.
- Мегуфтед, ки қабули қонунҳо дар солҳои пеш чӣ натиҷа дода буд?
- Доир ба таҷрибаи татбиқи қонунҳои пешини ба ин масъала рабтдошта бамаврид аст аз қонуни соли 2002 қабулгардида ёдовар шавам. Дар заминаи он 528 миллион сомонӣ қонунӣ гардонида шуд, ки 15,6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии он вақтро ташкил дод. Зиёда аз 80 фоизи ин маблағ бо доллари ИМА буда, дар он марҳила пасандози аҳолӣ зиёд гардид.
Бояд гуфт, ки чунин таҷриба дар дигар давлатҳои олам низ роиҷ буда, натиҷа ба бор овардааст. Барои мисол, дар Федератсияи Россия ин иқдом чор дафъа, маротибаи охир соли гузашта амалӣ шуда, натиҷаҳояш назаррасанд.
- Ба дороиҳое, ки тибқи муқаррароти ин санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, чиҳо шомиланд?
- Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷ шудаанд ё бо маблағи дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шудаанд, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ.
Инчунин, ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шуда, таҳти ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қарор доранд ва молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда дороиҳои аз муқаррароти қонун бархӯрдор ба ҳисоб мераванд.
- Зери мафҳуми «маблағҳои шаҳрвандон», ки дар қонун қайд гардидааст, кадом намуди асъор дар назар аст?
- Манзур пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъоре, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он дар шакли нақдӣ ё ғайринақдӣ қарор доранд, мебошад. Қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон тавассути бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳангоми риоя гардидани тартиб ва шартҳои қонун бо шаҳодатномаи шакли муқарраргардида, ки бонкҳо пешниҳод менамоянд, тасдиқ карда мешавад.
Қонун нисбат ба маблағи ба сифати қарз гирифтаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дороиҳои ба маблағи қарз харидоринамудаи онҳо татбиқ намегардад.
- Кадом намуди дороӣ ва маблағҳо аз муқаррароти ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бархӯрдор намегарданд?
- Дороиҳо ва маблағҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташон маҳдуд гардидааст ва ё аз муомилот гирифта шудаанд, инчунин, дороиҳо ва маблағҳое, ки то санаи мавриди амал қарор гирифтан ё дар давраи амали ин қонун ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо мавриди муҳокимаи судӣ қарор дорад, аз ин иқдом дар канор хоҳанд монд.
Бархӯрдор шудани дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи мавриди амал қарор гирифтани қонуни фавқ вобаста ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз он парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурии оғозшуда мавҷуд аст, имконнопазир аст.
Ҷанбаи дигар махфияти маълумот оид ба қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо, ки моддаи 4 муқаррар кардааст, маҳсуб мешавад. Тибқи он, «маълумот оид ба дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашаванда, инчунин соҳибони онҳо махфӣ мебошад. Ифшои чунин маълумот танҳо аз ҷониби суд иҷозат дода мешавад».
- Раванди қонунигардонӣ чӣ гуна сурат мегирад?
- Он тавассути пешниҳоди эъломияи ихтиёрии онҳо ба комиссия оид ба қонунигардонии дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ноҳия ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсисёбанда ва гирифтани шаҳодатномаи қонунигардонӣ анҷом дода мешавад.
Барои мисол, қонунигардонии молу мулки ғайриманқули шахсӣ ва дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда худсарона сохта шуда, нисбат ба он ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта нашудааст, бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссия оид ба қонунигардонии дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ноҳия ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе қонунӣ карда мешаванд. Хароҷоти марбут ба қонунигардонӣ чандон зиёд набуда, шаҳрвандон барои ин кор 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ хироҷ пардохт менамоянд.
- Қонун барои шаҳрвандон имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатиро пешбинӣ менамояд. Онҳо кадомҳоанд?
- Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо (ба истиснои молу мулки ғайриманқул) ва маблағҳои худро тибқи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ ва давоми се соли пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонун аз пардохти андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоизу ҷаримаҳои ба чунин дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда дахлдошта, инчунин, ба даромад аз онҳо, ба маблағҳои аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашуда дахлдошта озод карда мешаванд. Инчунин, даромад аз онҳо ва маблағ аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашуда мавриди андозбандӣ қарор намегиранд.
Ба ғайр аз ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағи қонунигардонидашуда, аз ҷумла маблағҳо аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашударо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамчун пасандози муҳлатнок ва ё амонати исломии муҳлатнок мегузоранд, ба объекти андозбандишавандаи шаҳрвандон дохил карда намешаванд.
Сокинони мамлакат, онҳое, ки молу мулки ғайриманқулро тибқи қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ тибқи қонун аз андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин, фоизҳо ва ҷаримаҳои ба чунин молу мулки ғайриманқул дахлдошта озод карда мешаванд ва дар ин давра молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашуда андозбандӣ намешаванд.
- Аз татбиқи қонун чиро интизор метавон шуд?
- Мутмаинам, ки татбиқи қонун натиҷаҳои мусбат, аз ҷумла, ворид гардидани сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ — бонкӣ ва ба ин васила, бештар гардидани маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, таъсис ёфтани ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи ширкатҳои амалкунанда, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба иқтисодиёти расмӣ баргардонида шудани маблағҳои андозсупорандагон аз иқтисодиёти пинҳонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмиро ба бор меорад.
Илова бар ин, вусъат ёфтани гардиши қоғазҳои қиматнок, рушди маблағгузории сохтмони молу мулки ғайриманқул, маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва вориди сармоя аз хориҷи кишвар ва беҳтар гардидани мавқеи тавозуни пардохти ҷумҳурӣ пайомадҳое мебошанд, ки онҳо пешбинӣ гардидаанд.
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»