Имрӯзҳо аввалин корхонаи истеҳсоли орд дар вилоят, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва иқдоми некбинонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон бунёд гардид, фаъолияти босамар дорад.
Корхонаи истеҳсоли орд аҳамияти стратегӣ дошта, ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, фаровонии орд дар вилоят мусоидат мекунад. Корманди намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Убайдуллохонов дар ин робита ба чанд суоли хабарнигорамон посух дод.
- Ҳадаф аз бунёди корхонаи истеҳсоли орд дар вилоят чист?
- Тавре маълум аст, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то имрӯз корхонаи ордбарорӣ вуҷуд надошт. Якчанд осиёби хурде, ки мавҷуд буданд, талаботи аҳолиро қонеъ карда наметавонистанд. Орд, ки яке аз маҳсулоти серистеъмоли ғизоӣ ба шумор меравад, то ба имрӯз аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои хориҷ барои мардуми ин минтақа интиқол меёфт. Бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маҳсулоти аввалияи маводи ғизоӣ ва хӯроки чорво, ҳамчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи ордбарорӣ дар ноҳияи Шуғнон сохта шуд.
Корхонаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Буҷети ҷумҳурӣ дар масоҳати 0,7 гектар бо иқтидори истеҳсолии 60 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз ва нигоҳдории маҳсулоти ғалладонагӣ ба миқдори шаш ҳазор тонна дар анбор сохта шудааст.
- Дар сохтмони корхона кадом ширкатҳо ҳамкорӣ доштанд?
- Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартнома бо ширкати «Еркин — Макина»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба харидорӣ ва дастрас намудани дастгоҳҳо шартнома ба имзо расонда буд. Дар асоси шартномаи мазкур дастгоҳҳо аз Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуда, бо иштироки мутахассисони туркӣ насбу васл гардиданд.
Корҳои сохтмонии корхона аз тарафи сохтмончиёни ватанӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Порс — Тоҷ» амалӣ шуд. Дар ҷараёни бунёди корхона зиёда аз 60 нафар сохтмончиён аз ҳисоби коргарони ин ҷамъият ва аҳолии маҳаллӣ бо музди меҳнати то 2000 сомонӣ дар як моҳ таъмин шуданд. Ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи корхонаро кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон анҷом доданд. Дар назди корхона барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти истеҳсолшуда ва дигар ашёҳо мағозаи хуштарҳу зебое сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Барои таъмини талаботи корхона бо маводи аввалия, яъне ғалла, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон шартнома ба имзо расонд. Як қисми ғалла аз ноҳияҳои ҷумҳурии худамон харидорӣ мегардад.
- Фаъол шудани корхона ба беҳбудии ҳаёти сокинони маҳаллӣ чӣ таъсир гузошт?
- Баъди ба истифода додани корхона 25 нафар аҳолии маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Корхона дар ду баст фаъолият дорад ва дар он барои коргарон тамоми шароит муҳайё аст. Дар назди корхона ошхона амал мекунад, ки коргаронро се вақт бо хӯроки гарм таъмин менамояд. Қобили зикр аст, ки имрӯз воридоти орд ба вилоят бамаротиб кам гардидааст. Орди истеҳсоли худиро аллакай дар бозорҳои ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Рӯшон, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ дидан мумкин аст. Азбаски нархи орди истеҳсоли худӣ нисбат ба бозор пасттар аст, он, албатта, ба нархи бозор низ таъсир мекунад. Яъне, намегузорад, ки нархи орд дар бозорҳои вилоят боло равад. Ҳамчунин дар корхона хӯроки чорво — сабӯс истеҳсол мегардад, ки он дар вилоят харидорони зиёд дорад.
Ҳ. МИРЗОҚАНДОВ, Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»