Осоиштагӣ ва пешрафти кишвар самари заҳматҳои Пешвои миллат аст

№78 (4340) 17.06.2021

ВАХДАТИ МИЛЛИТоҷикистон дар даҳаи охири асри ХХ вазъи муҳлик дошт. На амнияти ҷомеа таъмин ва на шароити иқтисодӣ муътадил буд. Силоҳдору қонуннописандҳо даврон доштанд. Кишвар ноорому одамон дилмондаю паҳну парешон буданд. Хушбахтона, ба ин ҳама соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикис­тон  нуқта гузошт.

Вале пешравию ободгариҳо бадхоҳони миллатро нороҳат сохта, онҳо баъзан бо ҳар баҳона суботи кишварро ноором карданӣ мешаванд. Хусусан, аз мағзшӯии ҷавонони сустирода ва хурофотӣ истифода бурда, ба номи Ватан, шарафу эътибори он доғ мегузоранд. Яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани ҷавонон ба хурофот, ифротгаройӣ ва радикализми диниро Пешвои миллат маҳз дар бесаводӣ маънидод карданд. Дар ин хусус Президенти кишвар чунин ҳушдор медиҳанд: «Зуҳуроти номатлуб ва хатарноки зикршуда тафаккури мардум, хусусан ҷавонону наврасони камтаҷрибаро заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебаранд, зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд, боиси қафомонии давлат ва роҳи пешрафт мегарданд. Такроран таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ба инсон ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре дода наметавонад».

Шаҳрвандони мамлакат аз соли 1994 роҳи давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб намуданд. Мутобиқи моддаи 8-и Конститутсия мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф гардад.

Пешвои миллат зимни ҳар суҳбату баромад ба ин мавзӯъ дахл намуда, на танҳо барои боло бардоштани маърифати аҳолӣ ба аҳли ҷамоатчигӣ ва масъулини сох­торҳои марбута дастур медиҳанд, балки ҳамчун ташаббускори ғояҳои нав ва таъсисдиҳандаи чорабиниҳои муфид дар ин самт баромад мекунанд.

Тайи се соли охир бо ибтикори Пешвои миллат, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва гус­тариши худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва имсол «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуда истодааст. Шавқу рағбати иштирокдорон, маҳорати ҳайратангези азбарнамоии ҳазорон мисраъ шеър ва мутолиаи садҳо асари ниёгону муосир ва ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки чорабиниҳо алаккай натиҷаҳои басо назаррас ба бор оварда истодаанд.

21 майи соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зимни мулоқот бо ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ кор бо ҷавонон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати насли ҷавон буда, ҷиҳати татбиқи ин вазифаи муҳим барномаҳои гуногунҷанбаи давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон қабулу роҳандозӣ мегарданд. Таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлат мебошад.

«Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи мутамаддини кишвар ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва роҳбарияти ҳама сатҳу зинаҳои дигар барои нигоҳ доштани тавозун ва таносуби сиёсати дурандешонаи дохиливу хориҷӣ ҷаҳду талош мекунанд, то ки манфиатҳои миллӣ ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва афзудани обрӯю эътибори мамлакат дар ҷаҳон мавриди пуштибонии устувор қарор дошта бошад.

Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи истиқлолиятро вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди бошараф ҳисобида, чунин гуфтанд:

«Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас — Истиқлолияту озодӣ кори саҳлу осон нест. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳамаи иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад. Дар шароити мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мебояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст. Мардуми шарифи тоҷик ин суннати неки аҷдодиро дар соли вазнину пурташвиши бемории сироятии COVID-19 бори дигар нишон доданд».

Шояд дар ҷаҳон чун Пешвои миллат кам роҳбаре бошад, ки бо ҷӯшу хурӯш, ғайрату талошҳои матин сидқан бо неруи ҷавонмардона миллатро ба сарҷамъиву ваҳдат, ба корҳои ободу созанда роҳнамоӣ намуда, барои ояндаи дурахшони кишвар шабонарӯз заҳмат кашад. Вале бо вуҷуди ин, халалрасонии ифротгароён ва «садҳои сунъии аҳриманӣ», таърих гувоҳ аст, ки дар фарҷоми ин гирудори мураккаб адолат бар ҷаҳолат пирӯз мегардад.

Умеду боварӣ дорем, ки таҳти роҳнамоии Пешвои миллат бо ­бунёд гардидани иншооту шоҳроҳҳо ва неругоҳҳои азим мамлакат дар ояндаи наздик аз нури ваҳдату шукуфоӣ дурахшон ба яке кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мубаддал мегардад.

7 июни соли равон дар ноҳияи Нуробод зимни маросими ифтитоҳи сохтмони шоҳроҳи Роғун — Обигарм — Нуробод Пешвои миллат аз бунёди шоҳроҳи замонавӣ, бунёди баландтарин пул дар Осиёи Марказӣ ва нақбҳои зеризаминӣ дар ин шоҳроҳ мужда дода, мардумро ба меҳнати созанда, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, захираи хӯрокворӣ барои тирамоҳу зимистони дарпешистода вобаста ба авзои мураккаби ҷаҳон даъват намуданд.

«Аҳолии сайёраро тибқи пешгӯии мутахассисон бо сабабҳои хушксолӣ ва пандемияи коронавирус қаҳтию гуруснагӣ дар пеш аст, аз ин рӯ мо бояд ҳар чӣ бештар маҳсулот, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кунем, маводи ғизоии заруриро захира намоем ва ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳем, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоем», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Дар хотима мехоҳам нигоштаамро бо таманнои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ки дар маросими савгандёдкуниашон 30 октябри соли 2020 баён доштанд, ҳусни анҷом бахшам: «Бигзор хуршеди истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бахту саодат ба сари Тоҷикистон ва ҳар як хонадони мардуми шарафманди он то абад нурафшон бошад!».

Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод