Тавре аз маркази матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» иттилоъ доданд, оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019 таҳти №117 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» фармони раиси ширкат аз 10 апрели соли 2019, №52 ба тасвиб расидааст. Дар асоси он ситоди фаврии марказӣ бо сардории раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» ва дар корхонаҳои зертобеъ низ чунин ситодҳо бо сардории роҳбарони аввал ташкил шудааст.
Аз тарафи корхонаҳои зертобеъ иҷро намудани 434 номгӯйи чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то 1-уми ноябри соли равон 402-тои он пурра ва 25 адад қисман иҷро гардидааст. Дар маҷмӯъ, иҷрои нақшаи чорабиниҳо 97,3 дарсадро ташкил медиҳад.
Барои эҳтиёҷоти ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» соли 2019 воридоти ангишт аз моҳи март то 1-уми декабри соли ҷорӣ як миллиону 100 ҳазор тонна ба нақша гирифта шуд. То ба ҳол 920858,77 тонна ангишт захира шудааст, ки 90,3 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти пешниҳодкардаи масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик», дар мавсими гармидиҳии солҳои 2019-2020 аз Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва дегхонаҳо бо неруи гармӣ таъмин намудани 2180 иншоот, аз ҷумла, 460 иншоот дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 1030 — ноҳияи Сино, 470 — ноҳияи Шоҳмансур ва 220 иншоот дар ноҳияи Фирдавсӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мутобиқи ҳисоби пешакӣ, таъминоти неруи гармӣ аз «МБГ Душанбе — 1» ба 727, «МБГ-2» — 998, дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» — 429 ва дегхонаҳои локалии МД «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» 26 иншоот пешбинӣ шудааст.
Маълум гардид, ки 2-юми январи соли 2019 аз тарафи ҶСК «Тоҷиктрансгаз», ҶСШК «Душанбегаз», ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» оид ба таъмин ва истифодаи гази табиӣ барои соли 2019 дар ҳаҷми 150,4 млн м3 шартнома ба имзо расидааст.
Аз аввали сол то 1-уми ноябри соли 2019 харҷи гази табиӣ барои истеҳсолот 60259 ҳазор м3, яъне 100,5 млн. сомониро ташкил додааст. Аз тарафи ШСХК «Барқи Тоҷик» то 30-юми октябри соли равон барои гази истифодашуда 100,6 млн. сомонӣ пардохт гардида, қарз бо дарназардошти қарзҳои солҳои гузашта 39,7 млн. сомониро ташкил намудааст.
То ин замон ба ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» аз тарафи ширкати «Talco Management» 9121,725 тонна ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14251,756 тонна мазути камсулфур ворид шудааст.
Барои гузаронидани корҳои таъмиру барқароркунӣ дар иншооти энергетикӣ, зерсохторҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» 106,4 млн. сомонӣ харҷ гардидааст.
Аз маълумоти пешниҳодгардида бармеояд, ки омодагии ШСХК «Барқи Тоҷик» ба мавсими сармо мувофиқи мақсад аст, вале ин хулосаи ниҳоӣ нест, воқеиятро вақт нишон хоҳад дод.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»