Картошка ва нонҳои хушки бирёншуда аз озуқаи маъмул дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар кишвари мо низ муштарии зиёд дорад ва баъзеҳо онро мунтазам истеъмол мекунанд. Аммо дар бораи зарари ин маҳсулот ба организм касе фикр намекунад. Мутаассифона, истеъмолкунандагони асосии ин ғизо кӯдакону наврасон мебошанд. Дар баробари кӯдакон калонсолон низ, зимни тамошои телевизор, картошкаи бирёншуда ё нони хушк истеъмол менамоянд.
Дар назари аввал нонҳои хушк дар бастаҳои комилан «безарар» гирифта шудаанд. Ин маҳсулот на танҳо нонҳои хушк ва пухташуда мебошанд, балки истеҳсолкунандаҳо иловаҳои хушбӯйкунандаро, ки ба саломатии инсон хатарноканд, ҳамроҳ мекунанд. Ба гуфти олими ғизошинос, профессор Ҷаҳон Азонзод аксари онҳо кансерогенҳои хатарноканд, ки таҳрикдиҳандаи бемории саратон буда, ба системаи асаб зарар мерасонанд ва ҳатто боиси мутатсияҳои генетикӣ мегарданд. Номбурда, инчунин гуфт, ки дар ин маҳсулот глутамати натрий, ки инсонро ба монанди никотин ба худ банд месозад, илова мекунанд. Истифодаи ин модда дар ғизо метавонад ба бемориҳои ҷигар, дарди сар, захми меъда ва ҳатто диабети қанд оварда расонад.
Картошкаҳои бирёншуда низ ба саломатии инсон то андозае зараровар аст.
Олимони Донишгоҳи Маастрихт чанде пеш дар ҷараёни таҳқиқоти васеи илмӣ кашф карданд, ки ҳангоми зуд — зуд иваз накардани равған дар он кансерогенҳо, ба монанди акриламид, ҷамъ мешавад. Акриламид ҳангоми пухтан ё бирён кардани хӯрокҳои гуногун ба вуҷуд меояд. Олимон робитаи мустақим байни истеъмоли акриламид ва пайдоиши саратонро муқаррар намудаанд. Занҳое, ки маҳсулоти дорои акриламидро истеъмол мекунанд, дар онҳо 2 маротиба бештар хатари пайдоиши саратон дида мешавад. Инчунин, моддаи мазкур ба ҷуз хосиятҳои кансерогенӣ метавонад ба системаи асаб осеб расонад ва боиси мутатсияҳои генетикӣ гардад.
Махсусан, истифодаи картошкаҳои бирён ва нони хушк барои кӯдакони хурдсол ва занони ҳомила хатарнок аст. Оқибати хӯрдани картошкаи бирён барои кӯдакони то 4-сола бебозгашт аст. Ба гуфти олимон, зарари картошкаҳои бирён ва нонҳои хушк барои занони ҳомила бо тамокукашӣ баробар аст ва метавонад ДНК — ро вайрон кунад. Олимони Институти тадқиқоти тандурустии Брэдфорд робитаи байни сатҳи акриламид ва коҳиши вазни навзоду ҳаҷми мағзи сарро муайян кардаанд.
Дар ин бора ақидаи профессор Ҷаҳон Азонзод низ чунин аст ва ба кӯдакони то 4 — сола истеъмоли картошкаҳои бирён ва нонҳои хушкро қатъиян манъ мекунад, зеро он ба инкишофи рӯҳии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад ва пас аз истеъмоли он вобастагӣ пайдо намуда, ғизои одӣ ба назарашон бенамак ва бетаъм менамояд. Олимони Донишгоҳи Бристоли Британияи Кабир, тавонистанд исбот кунанд, ки зарари картошкаҳои бирён ва нонҳои хушк бо бад шудани фаъолияти майнаи сар ва мушкилоти хотира алоқаманд аст.
Баъзан картошкаи бирён ва нони хушкро барои сарфа кардани маблағ дар равғани техникӣ, ки барои пухтупаз тамоман пешбинӣ нашудааст, бирён мекунанд. Илова бар ин, аз равғанҳои гидрогеншуда ё трансчарбӣ низ истифода мебаранд, ки молекулаҳои онҳо мембранаҳои ҳуҷайраро мебанданд ва ҳуҷайраҳо мемиранд. Равғанҳои трансчарбӣ ба ҳуҷайраҳои асаб таъсири манфӣ мерасонанд. Одам асабонӣ шуда, изтироб ва депрессияро инкишоф меёбад.
- Истеъмоли дарозмуддати ин хӯрокҳо метавонад ба ихтилоли шадиди асаб, майнаи сар, сактаи дил ва инсулт оварда расонад, зеро равғанҳои трансчарбӣ ба таҳшиншавии пулакчаҳои холестерин дар деворҳои рагҳои хунгард мусоидат мекунад. Инчунин, равғанҳои трансчарбӣ барои ҷигар бениҳоят зараровар мебошад, — афзуд Ҷаҳон Азонзод.
Моддаи дигари зарарнок дар ин маҳсулот намаки аз меъёр зиёд аст, ки он ҳам метавонад боиси бемориҳои системаи дилу раг, гурда ва рӯдаю меъда гардад. Инчунин, фишорро баланд карда, ба афзоиши қади кӯдакон низ монеъ мешавад. Хулоса, мунтазам истеъмол намудани чунин ғизо саломатиро осебпазир менамояд. Аз ин рӯ, мо бояд худ қарор диҳем, ки кадом навъи ғизоро интихоб кунем.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»