Солҳои охир, бо вуҷуди пайваста такмил додани қонунгузории андоз, баъзе аз коршиносон нисбат ба низоми андоз эрод мегиранд. Аммо хеле кам доир ба имтиёзи зиёде, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, ёдовар мешаванд. Тасмим гирифтем, ки доир ба ин масъала бо муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлодҷон Юсуфӣ суҳбат намоем.
- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, алалхусус, соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар, имтиёзоти андозӣ муқаррар шудааст. Аз ҷумла, корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда аз санаи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ, ҳангоми аз ҷониби муассисони онҳо дар муҳлати 12 моҳи тақвимии аз санаи бақайдгирии давлатӣ ба фонди оинномавии онҳо ворид намудани ҳаҷми дар қонунгузории андоз пешбинигардидаи сармоя, ба муҳлати аз 2 то 5 сол аз пардохти андоз аз фоида озод мебошанд.
Инчунин, мувофиқи банди 7, қисми 1 моддаи 110 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, даромад аз фаъолияти сайёҳӣ 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ аз пардохти андоз аз фоида озод мебошад.
Таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, ки номгӯйи онҳо бо пешниҳоди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дорувории истеҳсоли ватанӣ, металл ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ, алюминийи аввалия, консентрати металлҳо, маъданҳои молӣ, оҳанпораи металлҳои сиёҳ ва ранга, металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда, аз ҷумла барои содирот, аз андоз аз арзиши иловашуда озоданд.
- Дар бахши воридот низ имтиёз мавҷуд аст?
- Воридоти молҳое, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохти ҳама намуди андоз озод мебошанд.
Воридоти молҳо (ба истиснои молҳои зераксизӣ) тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита истеҳсолкунандагон барои истеҳсоли алюминийи аввалия анҷом медиҳанд, ашёи хом (фурнитура) барои дӯхтани либоси мактабӣ, техникаи таъиноти кишоварзӣ, лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияву таҷҳизот ва маҳсулот барои соҳаи парандапарварӣ, воридот ва таҳвили минбаъдаи автомашинаҳои нав аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
- Ҳангоми таъсиси корхонаҳои хурду бузург кадом имтиёзҳо дода мешаванд?
- Дар давраи сохтмони неругоҳи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ фармоишгари сохтмон ва пудратчии он аз пардохти андозҳо аз арзиши иловашуда, истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, аз фоида (андози низоми содакардашуда), аз воситаҳои нақлиёт, аз молу мулки ғайриманқул, андози иҷтимоӣ ва боҷи давлатӣ пурра ё қисман озод карда мешаванд.
Ғайр аз ин, тибқи моддаи 313 Кодекси андоз, корхонаҳои навтаъсис ва амалкунанда, ки ба коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд, то 12 сол аз пардохти андоз аз фоида, аз молу мулки ғайриманқул, аз арзиши иловашуда озод мебошанд.
Корхонаҳои парандапарварӣ ва истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво 6 сол аз супоридани андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул озод мебошанд.
- Имтиёзҳо дар кадом самт самаранок истифода намешаванд?
- Сарфи назар аз он ки тибқи Кодекси андоз (қисми 10 моддаи 313) аз 1 январи соли 2013 барои коркарди саноатии пӯст, пашм, абрешими хом ва дигар ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ имтиёз пешбинӣ шудааст, то ҳанӯз субъектҳои хоҷагидор (ба истиснои коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ) аз он ба таври зарурӣ истифода набурдаанд.
- Маблағи имтиёзҳо чӣ қадар аст?
- Дар солҳои 2013 — 2018 ин нишондиҳанда ба 13,2 млрд. сомонӣ баробар гашта, зиёда аз 30 фоизи маблағи андозҳои дар ин давра ба буҷет воридгардидаро ташкил медиҳад.
Давра ба давра зиёд гардидани имтиёзҳои андозӣ, аз як тараф, ба рушди соҳаи истеҳсолот таъсири мусбат расонад, аз тарафи дигар, ба ҳаҷми воридоти маблағ ба Буҷети давлатӣ ва иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади Буҷети давлатӣ, инчунин, ба вазъи молиявии соҳибкороне, ки имтиёзҳоро истифода намебаранд, таъсири манфӣ мерасонад.
Дар маҷмӯъ, ин иқдом раванди сармоягузориро ба низом дароварда, ба миён омадани рақобати носолимро пешгирӣ намуда, ба рушди бемайлони бахш ва афзоиши нишондиҳандаҳо мусоидат менамояд.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»