Пахтакорони ҷумҳурӣ, тибқи нақша, соли 2021 аз майдони 173945 гектар кишти умумӣ бояд 419511 тонна пахта ҷамъоварӣ мекарданд. Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 24 ноябри соли равон ба марказҳои қабул 398212 тонна пахта ворид гардида, 16282 тоннаи он бо мошини пахтачинӣ чида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 859 тонна кам мебошад. Ҳосилнокии миёна аз ҳар гектар 22,9 сентнериро ташкил медиҳад, ки ба 94,9 фоизи нақша баробар аст.
Кишоварзони вилояти Хатлон, тибқи нақша, бояд аз майдони умумии 121236 гектари кишт 279588 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Пахтакорони вилоят то ҳол 270348 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 15717 тоннаи он бо мошини пахтачинӣ чида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3047 тонна кам мебошад. Деҳқонони хатлонӣ аз ҳар гектар 22,0 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд, ки 96,7 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Пахтакорони ноҳияҳои Данғара нақшаро 115,9 фоиз, Дӯстӣ — 105,6, Бохтар — 102,5, Левакант — 101,7, Шаҳритус — 101,7 ва Вахш 101,1 фоиз иҷро карда, пешсафи ин маъракаи муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин, ноҳияҳои Носири Хисрав, Кӯшониён, Ҷайҳун, Хуросон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Кӯлоб ва Ёвон низ аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ баромаданд.
Соли равон пахтакорони вилояти Суғд дар майдони 49679 гектар кишти умумии пахта гузарониданд, ки тибқи нақша, бояд 133838 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Деҳқонон то ҳол 121505 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 1322 тонна зиёд аст. Аз ҳар гектар 24,5 — сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ гардид, ки 90,8 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Деҳқонони ноҳияҳои Ашт бо 120,0 фоиз, Б. Ғафуров — 105,2 ва Спитамен — 101,6 фоиз дар сафи пеши чиниши пахта қарор доранд.
Тибқи маълумот, пахтакорони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ имсол дар майдони 3007 гектар замин кишти пахта гузаронида, аз рӯи нақшаи пешбинишуда бояд 6085 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Заркорони ин минтақаи кишвар аз аввали мавсим то ба ҳол 6343,6 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 851 тонна зиёд мебошад. Онҳо ҳосилнокиро ба 21,1 — сентнерӣ расонида, нақшаи давлатиро 104,2 фоиз иҷро намуданд. Дар иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосил заҳматкашони шаҳри Ҳисор бо 109,4 фоиз, Турсунзода — 106,9 ва ноҳияи Шаҳринав 104,2 фоиз пешсафи ин маъракаи муҳим мебошанд. Алҳол рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ идома дорад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»