Проблема ва мулоҳиза

Пахтачинонро ҳавасманд кунед

№106 (4526) 26.08.2022

Нархи «тиллои сафед» дар бозори ҷаҳонӣ 30 дарсад афзуд

Офатҳои табиии соли равон ба ҳосили пахта дар кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи «тиллои сафед» таъсири манфӣ расонид. Масалан, дар бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи пахта – Ҳиндустон дар натиҷаи боридани боронҳои сел ва ҳамлаи зараррасонҳо ҳосили ин зироати муҳими техникӣ кам шуд. Аз ин рӯ, ин кишвар аз дигар кишварҳо нахи пахта ворид мекунад.

Гармшавии бесобиқаи ҳаво дар Хитой низ эҳтимоли камшавии ҳосилро зиёд намуд. Дар ИМА (бузургтарин кишвари содироткунандаи пахта) хушксолӣ ба ҳосилнокии пахта таъсири манфӣ расонид. Хушксолӣ ҳосили пахтаро дар Бразилия (дуюмин кишвари бузурги содироткунандаи пахта дар ҷаҳон) 30 дарсад кам намуд. Нисфи содироти пахтаи ҷаҳон ба ИМА ва Бразилия рост меояд.

Боронҳои ғайричашмдошт дар Покистону Австралия сифати нахи пахтаро дар ин кишварҳо паст кард. Аз ин рӯ, нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ 30 дарсад боло рафт. Дар баробари ин нархи матоъҳои пахтагин ва либосҳои тайёру картон ва коғаз низ баланд шуд.

Ҳоло дар ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ ҳосили фаровони пахта дида мешавад. Сарварони хоҷагиҳоро зарур аст, ки бо ҳавасмандкунии пахтачинон ҳосили расидаро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.

Рӯёнидани ҳосили фаровони пахта метавонад боиси истеҳсоли бештари равғани чигит ва кунҷора шавад. Ин дар навбати худ сабаби арзоншавии равған ва маҳсулоти шириву гӯшт мегардад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»