Ҳоло дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии пахта идома дорад. Барои пешқадамҳо мошини сабукрав ва дигар мукофотҳо пешбинӣ шудааст. Ин гувоҳи он аст, ки қадру манзалати пахта дар соҳаи кишоварзӣ баланд мебошад.
Дар даврони шӯравӣ барои зиёд намудани кишти майдони пахта пайваста аҳамият медоданд. Мутаассифона, солҳои охир муносибат батамом тағйир ёфта, ҳазорҳо гектар майдони кишт ба замини бекорхобида мубаддал гашт.
Илова бар ин, иддае аз мансабдорон тамоми роҳу усулро истифода мебаранд, ки заминҳои обию ҳосилхезро барои хонасозӣ тақсим созанд. Ҳол он ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои обӣ сохтмони манзилро қатъиян манъ намудаанд.
Ду сол боз пахтакорон аз уҳдаи иҷрои нақша набаромада истодаанд. Бисёриҳо сабаби нокомиро дар гарм шудани иқлим нисбат ба солҳои пеш мебинанд. Ба андешаи онҳо, гармии аз 42 дараҷа баланд пахтазорро гулрезу шонарез менамояд. Ба ин ақида наметавон розӣ шуд. Чунки ҳамин гуна иқлим солҳои пеш ҳам вуҷуд дошт ва дар навоҳии гармтарини мамлакат, чун Шаҳритузу Ҷиликӯл деҳқонони мумтоз аз чил сентнерӣ зиёд ҳосил ба даст меоварданд.
Мутахассиси пешбари соҳаи кишоварзии минтақаи Кӯлоб Ҳабибулло Қулиев мегӯяд, ки ҳоло аз муаллим то духтури ҳайвонот, кормандони ҳифзи ҳуқуқ — ҳама пахтакор шудаанд. Вале на ҳама дониши хуби пахтакорӣ доранд. Сабаби асосии таназзули соҳа дар ҳамин аст.
Дуруст аст, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо шуъбаи кишоварзӣ фаъолият намуда, дар онҳо камаш як агроном кор мекунад. Ӯ вазифадор аст, ки ба деҳқонон маслиҳат диҳад. Доир ба ин масъала Ҳабибулло Қулиев мегӯяд, ҷамоатҳои деҳот, қариб ки нақши хоҷагиҳои пештараро мебозанд. Аз ин рӯ, дар ҷамоат агроном ба кор қабул кардан талаби замон аст. Мушкилоти ҷиддитаре, ки пахтакорон ду соли охир дучор шудаанд, бо нархи дандоншикан аз хориҷи мамлакат дастрас намудани нуриҳои азотӣ ва минералӣ мебошад. Пахтакор як халта доруи минералиро бо арзиши 270 сомонӣ дастрас карда, зери борон ва ҳавои сарди баҳор ба ниҳолҳо чун кӯдаки инҷиқу нозпарвар нигоҳубин мекунад. Дар бадали ин ҳама меҳнат корхонаҳо бо нархи ночиз маҳсули заҳмати ӯро харида, аз коркард 3-4 баробар фоида ба даст меоранд. Табиист, ки ин ҳама ҳавасмандии деҳқононро нисбат ба пахтакорӣ пайваста аз байн бурда истодааст.
Соҳибкор ба фаъолият машғул мешавад, ки аз он фоидаи бештар бинад. Айни замон дар деҳот ин гуна машғулият хеле зиёданд. Ба сабзавоткорӣ, ташкили гармхонаҳо, парвариши қулфинай машғул шудани аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба пахта даромади зиёд медиҳад. Агар вазъият ҳамин зайл давом ёбад, деҳқонон аз пахтакорӣ даст мекашанд. Бинобар ин, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ зарур аст, ки дар робита ба ин масъала тадбирҳои таъҷилӣ андешад.
Дар навбати аввал бояд нархи хариди пахта баланд бардошта шавад. Баъдан корхонаи нуриҳои азотии Вахш ҳар чӣ зудтар ба кор оғоз кунад, то ки деҳқон чун даврони шӯравӣ маҳсулоти онро арзонтар харида тавонад.
Мувофиқи дастури Пешвои миллат шумораи корхонаҳое, ки ба истеҳсоли нах ва равған машғул мешаванд, ҳар сол меафзоянд. Ин низ масъулинро водор месозад, ки ба инкишофи соҳа диққати бештар диҳанд. Мутаассифона, имсол дар аксар хоҷагиҳо изофанависиро пеш гирифтаанд. Масалан, хоҷагие, ки аз як гектар дусад килограмм ҳосил нагирифтааст, аз иҷрои нақша кайҳо мужда додааст. Бо додани сомонӣ аз корхонаи пахтатозакунӣ ҳуҷҷат мегирад, ки фалон тонна пахта супурдаанд. Барои ошкор кардани изофанависӣ фаъолияти корхонаҳоро санҷидан лозим меояд. Дар он сурат маълум мегардад, ки «айб дар ош аст ё дар мош?».
Ғайбулло Ҳалимов, рӯзноманигор