Пайкараҳои шикастаро кӣ бояд тармим кунад?

№№6(3643) 21.01.2017

DSC_0573Тамоми сифатҳои ҷаллоду қотил, беимону разилро ҷамъ кунем, ба бори гуноҳи он касе баробар шуда наметавонад, ки ангуштони дасти яке аз пайкараҳои маҷмааи нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро буридааст. Ҳарчанд дар бораи ин «Осорхонаи таърих» чизи баде навиштан намехоҳам, вале ин амали дилхарош ҳидоят мекунад, то дар муқобили ин разолату ҷаҳолат хомӯшӣ ихтиёр накунам. Бардошти ман ҳангомасозӣ нест ва набояд боиси ранҷиши шахсе шавад.

Муҷассамаи мазкур  зиёратгоҳи хосу ом буда, як ҷузъи фарҳанги шаҳрдорӣ аст. Пайкарасоз онро бо сабку услуби хос ва маҳорати  баланд эҷод карда, ба офаридани таърихи халқ кӯшидааст. Осори пайкарасозии ӯ тобишҳои ғанӣ дошта, беҳтарин василаи фанноварӣ дар санъати ҳайкалтарошӣ маҳсуб меёбад.

Тасаввур кунед: Хориҷие бо рағбат маҷмааро тамошо мекунад. Ногоҳ нигоҳаш ба  ангуштони бо арра буридаи дасти  пайкара меафтад. Магар ин кирдори ғайриинсонӣ зарба ба обрӯи  миллати тамаддунофари мо нахоҳад буд?

Хизматҳои устод Айнӣ барои халқи тоҷик баҳснопазир аст ва он ба муаррифии зиёд ҳам ниёз надорад. Асари тадқиқотии «Намунаи адабиёти тоҷик» рисолати тоҷикро равшан ва мероси маънавии ӯро тадқиқ намуд. Бар даҳони он пантуркистоне, ки: «Дар Осиёи Миёна тоҷик ном халқ нест. Инҳо ҳамон  ӯзбеконанд, ки бо таъсири эрониён ва мадраса забони худро гум кардаанд», — мегуфтанд, муҳри хомӯшӣ зад.

Инаш низ маълум нест, ки бо кадом ҷурму иллат китфи пайкараи Максим Горкий (бо Садриддин Айнӣ) дар назди бинои Иттифоқи нависандагон сӯрох шудааст. Ин пайкараҳоро кӣ бояд тармим (реставратсия) кунад?

Дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи С. Айнӣ» арзи ҳастӣ дошта, дар даромадгоҳи он мақбараи устод воқеъ аст. Агар  мақбараро ба мақбараи дигар бузургон қиёс кунем, хеле назарногир ба назар мерасад, ҳол он ки хизматҳои онҳо нисбат ба хизматҳои устод Айнӣ қиёснопазир аст. Имрӯз ҳамоно дар қабристонҳои маҳаллӣ мақбараҳое пайдо шуда истодааст, ки касро ба ҳайрат меорад. Бузурге таъкид кардааст:

Бузургӣ на ба  мол аст назди аҳли камол,

Ки мол то лаби гӯр асту баъд аз он аъмол.

Биноан, зарур аст, ки баҳри бунёди тарҳи зебою муосири меъмории мақбараи нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон иқдом намоем.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»