- Дар нимсолаи аввали соли 2016 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 41 миллиону 338 ҳазор сомонӣ ошкор намуд, — изҳор дошт раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек зимни нишасти матбуотӣ, ки 5 августи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Аён шуд, ки аз маблағи умумии зарари ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ -2553 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ — 812,5 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ — 9 миллиону 40 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ — 228,6 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ- 4132 ҳазор сомонӣ, пардохт накардани суди саҳмияҳои давлатӣ — 919,8 ҳазор сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 23652 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Чорабиниҳои аудитории амалигардида, ҳамчунин, истифодаи ғайримақсаднок ва ғайррисамараноки воситаҳои давлатиро ба маблағи 202774 ҳазор сомонӣ, захираҳо ва талафи маблағҳои буҷетиро ба андозаи 4400 ҳазор сомонӣ муайян намуд.
Палатаи ҳисоб дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баҳисобгирӣ ва ба анбори Неругоҳи барқи обии «Норак» ворид намудани таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии «Дастгоҳи тақсимкунандаи кушоди 500 кВт» санҷиши аудиторӣ гузаронид. Санҷиш муайян намуд, ки дар неругоҳ «Дастгоҳи тақсимкунандаи кушоди 500 кВт» солҳои тӯлонӣ истифода гардида, 1297 номгӯй воситаҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ ба даромад гирифта нашудааст. Дар ҷараёни санҷиш воситаҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ бо нархҳои амалкунанда ба маблағи 7947171 сомонӣ дар ҳисоботи неругоҳ ба даромад гирифта шуд.
Санҷиши аудитории ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон зарари молиявиро мутаносибан ба маблағи 1046 ҳазор сомонӣ ва 505, 9 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рӯшони ВМКБ 565,1 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Ҳисор ба андозаи 1221 ҳазор сомонӣ ошкор намуд.
Палатаи ҳисоб бо мақсади иҷрои дархости Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳодиҳӣ ба рафти татбиқи «Барномаи давлатии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» барои солҳои 2014 — 2016 санҷишҳо гузаронида, аз натиҷаи он бо мақсади истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, пурра ва сари вақт татбиқ намудани барномаи мазкур ва қонуни фавқуззикр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳод ирсол намуд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»